Ворух

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Деҳа
Ворух
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар

Тоҷикистон

Минтақа

вилояти Суғд

Ноҳия

ноҳияи Исфара

Координатаҳо

39°51′12″ а. шим. 70°34′37″ т. ш.HGЯO

Тақсимоти дохилӣ

Маҳалла

Забони расмӣ

тоҷикӣ

Аҳолӣ

31 000 нафар

Зичӣ

350 наф./км²

Ҳайати миллӣ

99,99 % тоҷикон, 0,01 % қирғизҳо

Ҳайати динӣ

мусулмонон

Вақти минтақавӣ

UTC+5

Коди телефон

+992 3462

Нишонаи почта

735920

Коди мошин

02TJ

Ворух дар харитаи
Ворух
Ворух
Ворух дар харитаи
Ворух
Ворух

Ворух, деҳаи дурдасттарини ноҳияи Исфара, маркази ҷамоати деҳоти Ворух, аз маркази ш.Исфара 40 км масофа дорад. Деҳаи Ворух — яке аз беҳтарин ва зеботарин гӯшаҳои табиат дар қисмати ҷанубу ғарбии водии Фарғона буда, таърихи бой дорад.

Таърих[вироиш]

Марҳилаи аввали пайдоиши ҳаётро дар Ворух ба пайдоиши ҷомеаи ибтидои алоқаманд ҳисоб мекунанд. Ин давра ба давраи мустерӣ ё худ палеолити миёна, ки ибтидояш 100000 сол ва интиҳояш 43000 сол аст, рост меояд. Нишонаҳои ин давраро олими рус В.Ранов дар Хоҷаи Ғор пайдо намуда Ворухро ба харитаи асри санг дохил намудааст, аз гуфтаҳои олимон Б.Ғафуров, Б.А.Литвинский, Бартольд ва дигар манбаҳои таърихии пайдоиш ва маскуншавии маҳаллоти Осиёи Миёна назар андозем мебинем, ки мусалламан ворухиён ин халқҳои шарқӣ эронии аз қадимулайём муқими Осиёи Миёна ҳайтолиён, саккоиҳо,суғдиҳо буда, дар маскуншавии бузурги халқҳои ҷануби Осиё дар оғози аҳди таърих ҳиссаи сазовор гузоштаанд.

Маконҳои таърихӣ[вироиш]

  • Мазори Чимиргон-бобо
  • Мазори ғор-бобо
  • Беди каҷ
  • Кӯҳи гаҳвораи зарин
  • Душоха кӯҳ
  • Дарёи Карафшин
  • Осиёи Марказӣ
  • Масҷиди Гузар
  • Санги Гулак
  • Деволак
  • Мазори бало гардон

Масоҳат ва тарзи ҷойгиршави маҳал[вироиш]

Дар асри XIХ масоҳати Ҷамоати Ворух 400 га буда, дар марказ дар сари роҳи калон растаи дуконҳои фурӯши молҳои истеҳсоли хориҷиву маҳаллӣ ҷой доштанд ва рӯзи сешанбе бозор баргузор мегардид. Савдо мубодилавӣ буда, маҳсулоти косибиву кишоварзӣ ба чарму пашм иваз карда мешуданд. Дар қисмати дигари Ворух рӯзи чоршанбе бозори мол барпо мегардид. Қисмати ғарбии Ворух, Майдон бо боғоти зардолу имтиёз дорад. Қисмати шарқи Тидон ном дошта, аз 12 маҳаллаи аҳолинишин иборат буд. Ҳар маҳалла масҷиди худро дорад.

Иқлим[вироиш]

Иқлими Ворух континеталӣ буда, гармии миёнаи ҳаво дар фасли тобистон то 25-27 °C мерасад. Зимистон бошад,хунукии ҳаво то -10-15 °C мерасад. Аз сабаби ҷойгиршавии Ворух дар байни кӯҳҳо шамол кам мевазад. Дар фасли зимистон қисман дарёчаи Ворух ях баста,то андозае ҳавзаи обаш кам мегардад. Зимистон аз моҳи нояюбрь то моҳи март тул мекашад. Ҷашни Наврӯз, яъне саршавии баҳорро инъкос мекунад. Дар охирҳои моҳи март сабзаҳо дамида ва гунчаи дарахтон ба шукуфтан медарояд, ки ин нишонаи баҳор аст. Баҳор се моҳ тул мекашад. Аз моҳи март то охири моҳи май. Фасли тобистон ҳам се моҳ тул мекашад. Аз моҳи июн то август. Фасли тирамоҳ бошад аз моҳи сентябр то охири ноябр.

Аҳолӣ[вироиш]

Соли 1871 250 ахоли, 1907 680 аҳоли ва қариб 3400 нафар, 1920 901 аҳоли ва зиёда аз 4700 нафар , 1926 1017 аҳоли ва 4867, 1939 5431 нафар, 1970 9269 нафар, 1979 11988 нафар, 1991 17194 нафар, 2003 24316 нафар ба қайд гирифта шудаанд. Тоҷикон, аксарият кишоварзони хоҷагии «Ворух», дар парваришу истеҳсоли сабзавот, хусусан картошка, меваҳои хушку тар, аз ҷумла себу нок, пилла ҳиссаи арзанда доранд. Қисме аз аҳолии Ворух дар муассисаю ташкилоту корхонаҳои ҷумҳурӣ кор мекунанд.

Шуғли аҳолӣ[вироиш]

Дар навбати худ Ворухиён дар мавзеъҳои гуногуни Исфара, Конибодом ва Хучанд макони зисти алохидаи худро ташкил намуданд. Ахолии Ворух ба галлакори, шоликори ва богдори машгул буданд. Дар Ворухи тоинкилоби бофандагони матои, когаз, ранггарон, дукончиён, оҳангарон, чармгарон, музадузону кафшгару чоругсоз, мисгар, дуредгарон, устоҳои деворзан, гачкор, сангтарош, кулол, танургар, равганкаш, дузанда, кассоб, осиёбон, халвогар, нонвой, ошпаз, баккол, пахтачаллобон, сохибони обчувоз кору зиндаги мекарданд. Ҷамоати Ворух 23.08.1919 ташкил шудааст. Марказаш дехаи Ворух аст ва ду дехаро дарбар мегирад: Ворух ва шахраки Точикон.

Табиат[вироиш]

Табиати Ворух нотакрор аст.Кухҳои сар ба фалак кашида,богҳои мевазор,дарёчаву чуйчаҳои пурчушу хуруш,обҳои муссафои чашмасорон,овози парандаҳои хушсадо табиати Ворухро боз хам гуворо мегардонад.Махз гуногун рангии табиати Ворух диккати хар бинандаро чалб менамояд.Махсусан макони истироҳативу фарогатии Беди кач дар саросари Чумхури маълуму машхур аст.Кас аз садои форами оби чуйбор роҳат кардаву аз накхати буи гулу сабза роҳат мекунад.

Сайёҳат[вироиш]

Дар замони шурави кӯҳнавардон, геологҳо аз тамоми гушаи СССР ба Ворух меомаданд. Ворух бо таърихи то ба охир нокушодаи худ машҳур аст. Ҳавои тоза, кӯҳҳои сар ба фалак кашида ва табиати зебо тамоми сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд.

Маориф ва фарҳанг[вироиш]

Дар Ворух гимназияи №2, мактаби касбии №5, мактабҳои тахсилоти хамагонии №21, 22, 23, 45, 50, 53, 59, 60, 62, мактаби варзиши, кудакистон, китобхона, касри маданият, 4 бунгохи тибби, 2 дармонгох, беморхонаи дорои 55 кат, шуъбаи алока, гармоба, нуктаи хизмати маиши, бозор, магозахо, нонвойхонахо, чойхонахо, ошхонахо, инчунин мавзеъҳои истироҳати зиёданд, аз чумла Беди Кач, Пули Офтобруй, Кех, ёдгориҳои таърихии масчиди Мавлоно Саид, Масчиди Сурх мавчуданд. Масчиди Сурхи деха ба сифати ёдгории таърихи боки мондааст. Заминҳои Ворух аз шохоби дарёи Исфара Кишамбиш ва Каравшин обёри мешаванд.

Васфи Ворух[вироиш]

Шоири Хуқонзамин Мирзои Хуқанди доири Ворух гуфтааст:

Мобайни хоки Турон некухисоли Ворух,
Аз як шаръ ҳиҷрат хушбаркамоли Ворух.

Имруз ҳам шоиру уламои давр Ворухро чун мавзеъ ва макони илму маърифат ва адаб мешиносанд. Дар васфи Ворух Камол Насрулло чунин гуфтааст:

Во мешавад дили ман дар кўчаҳои Ворух,
Чун ғунчаи шукуфта зери ҳавои Ворух.
Чун мурғаки раҳида аз чанги доми ҳасрат,
Хоҳам, ки пар кушоям андар самои Ворух.
Арзад, ки кас бимирад ҳасрат ба дил нагирад,
Чун сабзаҳову гулҳо дар гӯшаҳои Ворух.
Мушку абир резад, сад ҷӯи шир резад,
Тифли мурод дорад домони вои Ворух.

Салими Хатлонӣ дар васфи Ворух:

Зи руъё руядат афсона, Ворух,
Намо во рух, ки ин sо волаам ман.
Магу аз оoи сарду нолаи дил,
Надими wалби до-и лолаам ман...
..Чу аз Беди Каҷат роoе навиштам,
Рахи тақдири ман то ростон буд.
Зи пушти қуллаӯоят моҳи шабрав,
Маро сарномаи як достон буд.
Ворухи ман.
Ворухи ман,
Ман ошиқи ун нағмаҳои субҳуна,
К-булбули бечора ба дард мехунад.
Ман ошиқи ун рӯзҳои боронит,
Ки дидагони гирёни маро мунад.
Ворухи ман, Ворухи ман,
Деҳаи сарсабзу зебо.
Ворухи ман,
Ман ошиқи шабҳои маҳтобит,
Ки сару рӯи ту нур мепошад.
Ман ун ошиқи мусофиргашта,
Ки ҳар куҷое бо ту мебошад.
Ворухи ман, Ворухи ман,
Деҳаи сарсабзу зебо.
Ворухи ман,
Ман ошиқи ун диёри арҷманд,
Ки гули нафасаш атрогин аст.
Ман ошиқи ун кӯҳҳои хомӯш,
Ки ботаамулу ботамкин аст.
Ворухи ман, Ворухи ман,
Деҳаи сарсабзу зебо.
Ворухи ман,
Ҳасти доим дар вуҷуди дарднокам
Ва дар дилу дар дидагон аст маъво.
Ворухи ман,
Агар бадгӯи карда бошам маъзур,
К-нишонаи ҷаннат ҳастӣ дар дуне!!!
Ворухи ман, Ворухи ман,
Деҳаи сарсабзу зебо.

Нигаред[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]