Jump to content

Варзоб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Варзоб
Рамзи табиат дар Варзоб

Варзоб — дараест дар водии Ҳисор, ки 8 км дуртар аз шаҳри Душанбе воқеъ аст. Аз дара дарёи Варзоб ҷорӣ мешавад якчанд дарёчаҳои кӯҳӣ: Симиганҷ, Сиёма, Сии, Амоо, Сокхоб, Оҷук, Харангон, Ғузғарф, Такоб, Зиде ва ғайраҳо ба он ҳамроҳ мегардад.

Иқлими континенталӣ ва хушк аст. Ҳарорати миёнаи баландтарин дар моҳи июл мушоҳида шуда +30 ° С, ҳарорати пасттарин дар моҳи январ −9.6 ° С мебошад. Боришоти солона 300—400 мм, асосан дар фаслҳои баҳор ва тирамоҳ мебошад.

Минтақаи истироҳат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар дараи хушманзара — кӯли сунъии Варзоб, осоишгоҳҳои табобатии «Хоҷа обигарм» ва «Харангон», якчанд осоишгоҳҳои тандурустиву фароғатӣ барои кӯдакону наврасон амал мекунанд. Дар деҳаи Пугус —зиёратгоҳи тобистонаи ҳукумати ҷумҳурӣ бунёд шудааст. Лаб-лаби дарёи Варзоб осоишгоҳҳои гуногуни боҳашамати ширкатҳо ва шахсҳои воқеӣ сохта шудаанд.

Соли 2011 ба воситаи дараи Варзоб роҳи автомобилгарди Душанбе—Хуҷанд—Чаноқ (сарҳади Ӯзбекистон) ба истифода супорида шуд. Роҳи номбурда натанҳо барои рушди иқтисодии ноҳияи Варзоб, инчунин, барои сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва саёҳатчиён имконият дод, ки дар давоми сол, бемалол ба воситаи роҳи Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ рафтуомад кунанд ва аз манзараҳои Варзоб ҳаловат баранд.[1]

Ҷозибаҳои сайёҳӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷозибаҳои маҳаллӣ таваҷҷуҳи асосии сайёҳон мебошанд. Варзоб дорои иқтидори азими сайёҳӣ мебошад, зеро ҳудудҳои маҳаллиро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, аз ин рӯ ағбаҳои зебоманзар, дарёи пурталотуми кӯҳӣ, дараҳои амиқ, барфу пиряхҳои абадӣ, шаршараҳои аҷиб, инчунин фарҳанги миллии қадимӣ — ин ҷойҳоро комилан беназир мегардонад. Барои сайёҳон бунгоҳҳои фароғатӣ бо майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ, тарбхонаҳо, пансионатҳои шахсӣ хидмат мерасонанд. Варзоб ҷойи оғози бисёр хатсайрҳои сайёҳӣ мебошад, ки аз байни қаторкӯҳҳои Ҳисор мегузаранд. Сафарҳои хатсайри экспедитсияҳои бисёррӯзаи пиёдагардӣ, ки ба қуллаҳои кӯҳӣ мебаранд, аз ин ҷо сар мешаванд. Бечуну чаро дарёи Варзоб яке аз ҷозибаи гардишгарии асосии сайёҳии шаҳри Душанбе бошад, ва ин гуфтаҳо аз зебоии афсонавии манзараҳои соҳилӣ нест. Дарёи Варзоб дар кӯҳҳо гӯё девонавор фуруд меояд. Он босуръат ва девонавор, бемаҳдуд ҷараёни сафеди кафкро дар дараҳои кӯҳӣ бо садои худ тамоми майдони дараҳоро меғурронд. Кӯҳҳо орзуи деринаи онҳое мебошад, ки ҷисмашон ба лапишҳои доимии адреналин ниёз доранд ва дӯстдорони варзиши шадидро (экстремалӣ) аз саросари кишвар ва кишварҳои ҳамсоя ҷалб мекунад. Барои дӯстдорони экотуризм Варзоб, биҳишти воқеӣ аст.

Шаршараи Аҷук, Варзоб, Тоҷикистон
Варзоб, Тоҷикистон
Варзоб, Тоҷикистон
Варзоб, Тоҷикистон


Деҳаи Варзоб

[вироиш | вироиши манбаъ]

Варзоб — номи деҳаест, ки 25 км дуртар дар самти шимолии шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Деҳаи Варзоб яке аз калонтарин ва ҷиҳати аҳолӣ сершумортарин деҳаҳои дараи Варзоб ба шумор меравад. Дар деҳа муассисаҳои маорифу фарҳанг ва нуқтаҳои хидматрасонӣ мавҷуданд. Дар сари роҳи асосӣ боғи фарғатии Варзоб бунёд карда шудааст.

Шаҳраки Варзоби нав

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар замони истиқлоли ҷумҳурӣ дар соҳили рости дарёи Варзоб болотар аз деҳаи Варзоб, шаҳраки маъмурии ноҳия — Варзоби нав бунёд гардидааст. Дар инҷо бинои ҳукумати ноҳияи Варзоб ва дигар идораҳои маъмурӣ ҷойгир шудаанд. Ҳукумати ноҳияи Варзоб дар масофаи 27 км дуртар дар самти шимолии шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст.

Инчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]