Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Василий Андреев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Василий Аполлонович Андреев
Акс:Andreev Vasiliy Appolonovich.jpg
Таърихи таваллуд 1906(1906)
Зодгоҳ с. Солёное, Шаблон:Мр, Российская империя[1]
Таърихи даргузашт 2 феврали 1974(1974-02-02)
Маҳалли даргузашт (Malay), Таджикская ССР, СССР[2]
Навъи фаъолият ходими низомӣ
Мансубият Шаблон:Sun
Намуди қушун пеҳота
Солҳои хидмат 19421946
Рутба гвардии младший сержант
Вазифа пулемётчик
Ҷангҳо Великая Отечественная война
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ
Ордени ЛенинМедали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»

Васи́лий Аполло́нович Андре́ев (1906 — 2 феврали 1974, Душанбе) — иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1945), сержанти калони гвардиячӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1928—1931 дар сафи Армияи Сурх хидмат карда, баъдан дар Тоҷикистон муқимӣ шуд. Ноябри 1941 дар шаҳри Сталинобод ба сафи Армияи Сурх даъват шуда, дар ротаи 2-юми пулемётчиёни полки 82-юми гвардиягии Севастопол, ки дар ҳайати дивизияи 32-юми гвардиягии орденҳои Байрақи Сурх ва Суворовдори Таман буд, хидмат кардааст. Апрел 1945 дар нимҷазира Земланд дар маҳали аҳолинишини Гаутен қаҳрамонӣ зоҳир намуд. Ба муқобили баталионе, ки ӯ хидмат мекард, гитлерчиён қариб як полки пиёдагардро таҳти ҳимояи тӯпҳои худгард равона карданд. Ҳангоме ки тӯдаи фашистон ба камингоҳи ҷанговарони мо наздик шуданд, Андреев онҳоро бо оташи пулемёт пешвоз гирифт. Дар рафти амалиёт расчёти Андреев ҳуҷуми душманро зада гардонд ва 140 нафар фашистро асир гирифт. Андреев маҷрӯҳ шуда бошад ҳам, то расидани ҷанговарони шӯравӣ истодагарӣ кард. Соли 1945 Андреев аз хидмати ҳарбӣ баргашта, дар ташкилотҳои гуногуни бинокории Душанбе кор кард.

Ордену ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Ҷангӣ, Шараф (дараҷаи III) ва медалҳо сарфароз гардидааст.

  • Онҳо Ватанро мудофиа кардаанд (Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ — фарзандони Тоҷикистон), Д., 1985;
  • Герои Советского Союза. Краткий биографический словарь, т.1, М., 1987.

 Игорь Сердюков. Василий Андреев. Сайти «Герои Страны». 21 май 2015 санҷида шуд.