Ваҳҳоб Бобоҷонов
Бобоҷонов Ваҳҳоб Акбарович | |
Таърихи таваллуд | 10 июл 1945 (79 сол) |
Зодгоҳ | Панҷакент |
Фазои илмӣ | зистшиносӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | УДТ (1967) |
Ҷоизаҳо | ордени «Барои меҳнати шоён» |
Ваҳҳоб Бобоҷонов (Бобоҷонов Ваҳҳоб Акбарович; тав. 10 июли 1945, Панҷакент) — зистшинос, доктори илмҳои биология (1991), профессор (1993).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи ДМТ (1967). Баъди таҳсил дар аспирантура (1967—1970) ходими илмӣ ва мудири лаб. Институти физиология ва биофизикаи рустаниҳои АИ ҶТ буд (1970—1991). Муовини директори лаб. биотехнологияи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1991—1992), профессор ва мудири кафедраи ботаникаи ДДТ (1993—2005), ходими пешбари илмии Институти физиологияи рустанӣ ва генетикаи АИ ҶТ (2005—2006). Аз соли 2007 профессори кафедраи пахтакорӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии ДАТ.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Мавзӯъи пажӯҳишҳои Ваҳҳоб Бобоҷонов олами набототи ҷумҳурӣ, зироати ғалладона, рустаниҳои хӯроки чорво ва ғайра мебошанд. Ваҳҳоб Бобоҷонов муаллифи чор навъи тритикале ва як навъи гандум аст. Зиёда аз 300 таълифоти илмӣ дорад.
Ҷоизаву орденҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо медалҳои «Барои меҳнати шоён» (1986), «Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР» (1985, 1986, 1987) сарфароз гардидааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тритикале, создание и перспективы использования. Минск, 1986;
- Наслият ва ҳосил. Д., 1989; Фотосинтетический аппарат и селекция тритикале. Минск, 1991;
- Экология мутантов гороха. Д., 1993;
- Омӯзиши табиати Тоҷикистон. Д., 1995;
- Сайри олами зинда. Д., 1997; Ҳифзи генофонд, Д., 1998;
- Экологический подход к селекции растений. СПб, 2002; Ботаника (2 қисм), Д., 2009, 2011;
- Таҳлили генетикӣ. Д., 2010.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бобоҷонов Ваҳҳоб Акбарович // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.