Вейсмюллер Питер Ҷон
Ном ҳангоми таваллуд |
олмонӣ: Peter Johann Weißmüller маҷорӣ: Weissmüller János |
---|---|
Таърихи таваллуд | 2 июн 1904[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 20 январ 1984[1][2][3][…] (79 сол) ё 21 январ 1984[4] (79 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | ҳунарпешаи синамо, swimmer, ҳунарпеша, water polo player, ҳунарпешаи телевизиюн |
Ҳамсар | Bobbe Arnst[d], Lupe Vélez[d], номаълум, номаълум ва номаълум |
Фарзанд | Johnny Weissmuller Jr.[d] |
Ҷоизаҳо | |
Вебгоҳ | johnnyweissmuller.com(англ.) |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Вейсмюллер (Weissmuller) Питер Ҷон (2.6.1904–20.1.1984), варзишгари амрикоӣ (шиноварӣ) ва ҳунарпешаи кино. Чемпиони Бозиҳои олимпии соли 1924 (100 м, рекорди олимпӣ – 58, 9; 400 м ва эстафетаи 4х200 м; медали биринҷӣ дар ватерполо). Муддати 8 сол ҳеч сабқатро дар масофаи спринтерии сабки озод набохтааст. Техникаи шиноварии сабки озодро ба унвони «кроли амрикоӣ » такмил дод. Замони дар саҳнаи варзиш будан дар масофаҳои гуногун 67 бор рекорди ҷаҳонӣ гузошт. Аз соли 1932 дар 12 филм аз саргузашти Тарзан нақши асосиро бозида, машҳур гардид. Нафосати варзишӣ имкон дод, ки дар рафти филмбардорӣ ҳаракату ҳилаҳои мураккабро иҷро кунад. «Тарзанинсон-бӯзина» (1932), «Тарзан ва ҳамсари ӯ» (1934), «Тарзан ва парии обӣ» (1948) аз ҷумлаи филмҳое мебошанд, ӯ дар онҳо ҳунарнамоӣ кардааст.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вейсмюллер Питер Ҷон // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 3.0 3.1 Discogs (ингл.) — 2000.
- ↑ Find a Grave (ингл.) — 1996.
- ↑ http://arhiva.kurir-info.rs/Arhiva/2004/jun/08/ST-02-08062004.shtml
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |