Вибратор (техника)
Вибратор (лот. vibro — мелаппам, лаппиш медиҳам, лаппиш мехӯрам) — ҳар гуна системае, ки дар он лаппиш (механикӣ, электромагнитӣ ва ғ.) ба вуҷуд меояд, мас., тор, камертон, раққосак, контури лаппишзо.
Вибратор дар техника ҷиҳозест барои ангехтани лаппиши механикӣ (ларзишангезанда), ки чун олати мустақил ё чун ҷузъи мошин ва таҷҳизоти лаппишзо истифода мешавад. Вибраторро барои шиббаи омехтаҳои бетон дар сохтмон ва хоку фарши роҳ, истеҳсоли маҳсулоти оҳанубетонӣ, интиқоли маводди пошхӯрандаву порамасолеҳ (дар виброконвейерҳо), аз қолабҳо баровардани маводди рехташуда, санҷиши мустаҳкамию бадоштии сохтмон, асбобу таҷҳизот ва ғ. ба кор мебаранд. Вибраторҳои марказгурези дорои ҳаракатовари муҳаррики электрикии дарунсохт ва марказгурези умқӣ, ки дар натиҷаи даврзании ҷузъҳои мувозинатнашуда дар онҳо лаппиш ба вуҷуд меояд, шаклҳои бештар маъмули вибраторҳо мебошанд. Вибратор қисми асосии асбобҳои техникӣ, масалан, виброметр, виброграф, басомадсанҷ ва ғ. аст. Дар соҳаҳои радиофизика ва радиотехника вибратор қисми ноқили ростхатта мебошад, ки аз он ҷараёни тағйирёбанда гузашта, мавҷҳои электромагнитии амплитуда ва басомадашон гуногунро меафканад (Вибратори Ҳерс). Вибратори симӣ мавҷгири одитарин ё ҷузъи мавҷгири мураккаб мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вибратор // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.