Jump to content

Антонио Вивалди

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Вивалди)
Антонио Вивалди
итол. Antonio Vivaldi
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд итол. Antonio Lucio Vivaldi
Таърихи таваллуд 4 март 1678(1678-03-04)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 28 июл 1741(1741-07-28)[1][2][3][…] (63 сол)
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият 16851741
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз
Соз скрипка[4], клавесин ва viola d'amore[d][7]
Сабк опера, Мусиқии камеравӣ, church music[d], concerto[d], sinfonia[d] ва sardana[d][8]
Номи мустаъор il Prete Rosso[4]
Соядаст
Соядаст
 Парвандаҳо дар Викианбор

Анто́нио Лучо (Лучио[9], Лючио[10]) Вива́лди (итол. Antonio Lucio Vivaldi; 4 март 1678, Венетсия, Republic of Venice[d]28 июл 1741, Вена, Archduchy of Austria[d], Имперотурии Муқаддаси Рум[d]) — оҳангсоз ва навозандаи чирадасти виюлин, омӯзгор, раҳбари мусиқӣ, кашиши итолиёӣ

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Писари Ҷ. Б. Вивалди — скрипканавози капеллаи калисои ҷомеи Марки Муқаддас дар Венетсия. Дар назди падараш, шояд дар назди Ҷ. Легренси таълим гирифтааст. Ҳамчун скрипканавози моҳир бо кӯшиш ва пурэҳтиросии худ фарқ мекард. Ба навоварӣ, серамалии ҷасурона, унсурҳои ғайридинӣ дар эҷодиёти Вивалди на танҳо иҷрои пурҳарорати ӯ, балки, пеш аз ҳама, малакаи санъаткорона аз ҷониби вай шунида тавонистани лаҳнҳои сурудҳои маишии муосири шаҳри итолиёӣ мусоидат намудаанд. Вивалди яке аз оҳангсозони сермаҳсул дар таърих буда, 465 консерти созӣ, зиёда аз 40 опера (бисёртар дар сужетҳои таърихӣ, асотирӣ), ораторияҳо, кантатаҳо, мотетҳо, мусиқӣ барои созҳои нафасӣ, асарҳои созиву камеравӣ ва вокалӣ эҷод кардааст. Вивалди яке аз асосгузорони жанри консерт барои созҳои якканавозӣ (скрипка, виолончел, виола д, амур, фагот, флейта, гобой, труба ва ғ.) бо оркестр мебошад. Дар консертҳои ӯ шакли силсилавии сеқисма аз рӯйи навъи тазоди увертюраи операи итолиёӣ (тез-суст-тез) муайян гардид. Дар баъзе ҳолатҳо Вивалди консертҳояшро номгузорӣ кардааст («Шаб», «Истироҳат», «Тӯфон дар баҳр», «Пасторал», силсилаи машҳури чор консерти «Фаслҳои сол»[11][12] барои скрипка, квинтети торӣ ва чембало).

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Itaú Cultural https://enciclopedia.itaucultural.org.br/pessoa12240/antonio-vivaldi (порт.)São Paulo: Itaú Cultural, 2001. — ISBN 978-85-7979-060-7
  3. 3.0 3.1 filmportal.de — 2005.
  4. 4.0 4.1 4.2 https://www.francemusique.fr/personne/antonio-vivaldi
  5. 5.0 5.1 Archivio Storico Ricordi — 1808.
  6. 6.0 6.1 Česká divadelní encyklopedie
  7. Dizionario Biografico degli Italiani (итол.) — 1960.
  8. https://www.musicsperlacobla.cat/compositor.php?autor_id=1596
  9. Камзолова, М. Н. Музыкальное путешествие по городам Италии: учебно-методическое пособие : [арх. 21 сентябри 2019]. — Scientific magazine Kontsep, 2015.
  10. Классическая музыка. История музыки, биографии великих композиторов и музыкантов : [арх. 21 сентябри 2019] / ответственный редактор Ю. Орлова. — М. : Издательство «Э», 2015. — С. 45—47. — ISBN 5457942228.
  11. Вивальди Антонио // Большая советская энциклопедия : [в 30 т.] / гл. ред. А. М. Прохоров. — 3-е изд. — М. : Советская энциклопедия, 1969—1978.
  12. Классическая музыка. История музыки, биографии великих композиторов и музыкантов : [арх. 21 сентябри 2019] / ответственный редактор Ю. Орлова. — М. : Издательство «Э», 2015. — С. 45—47. — ISBN 5457942228.