Алибегии Танбӯрӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Jump to navigation Jump to search
х
Шахсият
(Алибегии Танбӯрӣ)
 
х (Шахсият)
{{Шахсият
{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣ= Алибегии Танбӯрӣ
|Номи аслӣ= Алибегии Танбӯрӣ
|Акс= noimage.gif
|Зодрӯз= [[848]]
|Зодгоҳ= ш. [[Бухоро]]
}}
 
'''Алибегии Танбӯрӣ (Алибекӣ)''' - [[сароянда]], [[навозанда]], мусанниф (оҳангсоз), аз намояндагони машҳури мактаби классикии замони [[Сомониён]] буда, асосҳои назарию амалии мусиқиро зери сарпарастии [[Абӯлаббоси Бахтиёр]], [[Абӯлаббоси Сарахсӣ]] омӯхтааст. Алибегии Танбӯрӣ аз мӯътақидон ва мубаллиѓони сабки иҷроии «Хуросоник» (Хуросонӣ) буда, бештар суруду осори мусиқиашро бар пояи мероси мусиқии фаҳлавиёту марвисароӣ танзиму тадвин менамуд. Дар сабки овозхонӣ ба хонандагону навозандагон [[Абӯамир]], Мударники Ноӣ, Исои Барбатӣ, Ҳобони Ноӣ иродат намуда, дар иҷрою таҳияи достонҳои ҳамосию таърихӣ, қасида (пат-вожа), манзумаҳои мадҳиявӣ истеъдоди хоса доштааст. Дар равиши иҷроии танбӯри хуросонӣ сабки нави иҷроиро ворид намуда, дар сохти пардавии ин соз пардаи 19-ро бо номи «нашид» зам кардааст. Дар [[танбӯр]]и мовароуннаҳрӣ ҳам ихтироъоте дошта ва аҳли созу овоз ӯро «танбурнаво», «танбӯрӣ» ном мебурданд. <ref>Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 20 ISBN 978-99947-49-13-3 </ref>
==Адабиёт==
* Раҷабзода А. Мусиқӣ дар тамаддуни Сомониён. – Душанбе,2000;
1 884

edit

Менюи гаштан