Jump to content

Қаламфур: Тафовут байни таҳрирҳо

4 байт илова карда шуд ,  5 сол пеш
хулосаи таҳрир нест
No edit summary
 
== Хосияти шифоӣ ==
Қаламфур гиёҳи доруист. Бино ба маълумоти [[Абӯалӣ Сино|Абӯалии Сино]] қаламфур давои иштиҳоовар, пешоброн буда, кори дилу меъдаро тақвият мебахшад, оруғ ва дамиши шикамро рафъ менамояд. Бо ақидаи муаллифи «Муҳити Аъзам» Муҳаммад Аъзамхон (асри 19) қаламфур ҳазмкунандаи таом буда, рутубати димоғу меъдаро мебарад, бодро меронад, барои назла ва сурфа муфид аст. Табибони қадим истеъмоли Қаламфурроқаламфурро барои бемориҳои [[Меъда|меъдаву]] [[рӯда]], [[ҷигар]] ва [[гурда]] зараровар ҳисобидаанд.
 
Табибони халқӣ қаламфурро ба сифати давои арақовар ва иштиҳокушо кор мефармоянд. Қаламфури тару тозаро ба [[хасмол]], думбал ва ҷои дардманди мушакҳо мебанданд. Дар мавриди набудани қаламфури тар хушки онро кӯфта, бо оби гарм меомезанд ва ба ҷойҳои дардманди буғумҳо мемоланд.
 
Дар тибби муосир қиёми спиртии қаламфур барои беҳтар сохтани фаъолияти узвҳои ҳозима ва чун доруи иштиҳоовар тавсия дода мешавад. Аз қаламфури сурх нақеъ, линимент, капсин, капситрин ва пластир тайёр мекунанд, ки ҳангоми невралгия, радикулит, миозит, люмбоишиалгия, дарди банду буғумҳо ба кор мераванд. Қаламфури ширинро барои муолиҷаи камхунӣ, зангила, бемадорӣ, авитаминоз, кушодани иштиҳо ва ҳазми хӯрок кор мефармоянд.