Раззоқ Ғаффоров: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х clean up, replaced: {{Зиндагинома → {{Шахсият, |Номи тоҷикӣ → | ном , |Номи аслӣ → | номи аслӣ , |Акс → | тасвир , |Зодрӯз → | санаи using AWB
х →‎Манобеъ: мавзуъҳои номарбут, removed: {{Тоҷикистон}} using AWB
Сатри 31: Сатри 31:
Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, - с.47
Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, - с.47
{{эзоҳ}}
{{эзоҳ}}
{{Тоҷикистон}}


[[Гурӯҳ:Олимони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Тоҷикистон]]

Нусха 03:26, 26 Январ 2018

Раззоқ Ғаффоров
Раззоқ Ғаффоров
Таърихи таваллуд 1932
Зодгоҳ ш. Самарқанд
Пеша олим

Раззоқ Ғаффоров - (15 январ и соли 1932, н. Самарқанд25 майи соли 2001 ), олими забоншинос, доктори илми филологӣ (1980), профессор (1986), узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1991). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1989), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1989), “Аълочии маорифи Тоҷикистон” (1992).[1]

Ҳолнома

Дар д. Хоҷа Ғуломи н. Самарқанд ба дунё омадааст. Дар шӯъбаи забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории тоҷик, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар Самарқанд таъсис дода шуда буд, таҳсил намудааст (1947-1949). Муаллими мактаби миёнаи д. Чоркӯҳи н. Исфараи Тоҷикистон ва қарияи Оҳалики н. Самарқанд (1949-1951), Донишгохи омӯзгории Самарқанд ба номи С. Айнӣ (1954-1959). С. 1959 бо даъвати маъмурияти ИЗА ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон ба Сталинобод омадааст: ходими хурди илмии шӯъбаи забони адабии тоҷик (1959-1965), мудири шӯъбаи лаҳҷашиноси (1965-1992) Институти ЗА ба номи А. Рӯдакии АИ Тоҷикистон. Соли 1992 маъмурияти Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А. Навоӣ барои таҳкими факултети филологияи тоҷик ӯро ба кор даъват намуд, ки дар он ҷо то охири умр мудири кафедраи забони тоҷ. буд. 15 нафар унвонҷӯ зери роҳбариаш рисолаи номзади дифоъ кардааст. Ба номи ӯ Омузишгоҳи омӯзгории Хуҷанд гузошта шудааст.

Мероси илмӣ

Муаллифи бештар аз 300 асару мақолаи илмӣ ва монография, аз ҷумла:

  • “Забон ва услуби Раҳим Ҷалил” (1966),
  • “Замон ва забон” (1975),
  • “Устоди бузурги сухан” (1978),
  • “Шеваҳои ҷанубии забони тоҷикӣ” (қ.3 “Синтаксиси ҷумлаи содда”, 1979),
  • “Синтаксиси лаҳҷаҳои тоҷикӣ” (1993),
  • “Наттоқ ва устоди калом” (1999),

яке аз муаллифони китоби дарсии:

  • “Услубшиносӣ дар мактаби миёна ва олӣ”,
  • “Забони тоҷикӣ барои факултаи филология”,
  • “Грамматикаи академии забони тоҷикӣ”,
  • “Шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ” (асари 5-ҷилда)

ки барои он бо ҳамкорон ва шогирдон сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино гардидааст (1989). Раиси Шӯрои дифои рисолаҳои доктори ва номзадии ИЗА ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон (1989-1993).

Манобеъ

Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, - с.47

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.