Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2016/3
Тоҷикистон (порсӣ: تاجیکستان , хати ниёгон: تاجیکستان) кишваре дар Осиёи Марказӣ аст. Номи расмии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон (порсӣ: جمهوری تاجیکستان ) ва пойтахташ шаҳри Душанбе аст. Тоҷикистон дар шимолу ғарб бо Ӯзбекистон (1161 км), дар шимолу шарқ бо Қирғизистон (870 км), дар шарқ бо Чин (414 км) ва дар ҷануб бо Афғонистон (1206 км) марз дорад. Марзҳои Тоҷикистон бисёр печдор буда дар тӯли чандин аср ташаккул ёфтаанд. Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон соли 1885 таъйин шудааст ва он аз рӯдҳои Панҷ ва Омударё мегузарад. Паҳноварии ин кишвар 143 100 км мураббаъ (195-ум дар ҷаҳон) аст ва бино бар додаҳои саршумории соли 2013 дар Тоҷикистон 8 000 700 тан бошанда буда, ки 79,9 дарсад аз онҳо тоҷик, 15 дарсад ӯзбек 12.2% (2010)
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12) 9 сентябри соли 1991 Изҳорот "Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" эълон дошт. Дар асоси ин изҳорот Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсуси хешро «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуд. бештар...