Jump to content

Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2016/37

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Абу Иброҳим Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ (форсӣ: ابو ابراهیم اسماعیل بن احمد‎), (апрел 849, Фарғона — вафот 24 ноябр 907, Бухоро) - аз хонадони Сомониён, асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон - Давлати Сомониён

Зиндагинома

[вироиши манбаъ]

Исмоили Сомонӣ, амири сулолаи Сомониён, солҳои 874 то 892 волии Насри I Сомонӣ дар Бухоро ва баъди вафоти бародараш Насри I, аз соли 892 амири мутлақи Давлати Сомониён гардид. Ҳанӯз дар аҳди Насри I Сомонӣ, Исмоил ибни Аҳмад саъю кӯшиш намуд, ки дар Бухоро ҳокими мутлақ гардад. Дар натиҷа байни ӯ ва Насри I зиддият ба амал омада, он бо задухурди ҳарбӣ анҷом ёфт. Ҳарчанд Наср сарвари хонадони Сомонӣ буд, вале рӯз аз рӯз обрӯву эътибори Исмоил боло мерафт. Дар ин миён Исмоил кӯшишҳои мустақилона амал карданро шурӯъ кард. Суханчинҳо ин зиддиятҳоро бештар карда, миёни ду бародар тарҳи душманӣ меафканданд. Сабаби сарзадани моҷаро сарпечии Исмоил аз пардохтани хироҷи Бухоро ба Наср – сарвари Хонадони Сомониён буд. Оқибат миёни бародарон Наср ва Исмоил соли 888 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, бо пирӯзии Исмоил ба анҷом расид, вале Исмоил ба бародари асирафтодааш чун пешвои хонадон муроҷиат карда, миёни мардум низ маҳбубияти бештаре касб кард.[1] Соли 892 Наср аз дунё рафт ва мувофиқи васияти ӯ Исмоил сарвари Хонадони Сомониён ва амири Давлати Сомониён (Мовароуннаҳр) гардид.

Исмоили Сомонӣ солҳои 874 – 892 - волии Бухоро ва солҳи 892 - 907- амири Мовароуннаҳру Хуросон ва давлати Сомониён буд.(бештар...)

  1. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 101.