Хонадони Сомониён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Мақолаи асосӣ: Давлати Сомониён

Хонадон ё сулолаи Сомониён дар Мовароуннаҳр ва Хуросон аз охири асри 8 то соли 1005 ҳукмрони намуда нухустин давлати тоҷикон - Давлати Сомониёнро (819-999) таъсис намуда идора кардаанд.

Дар асари Сайфиддинҳоҷӣ «Осор ул-вузаро» оиди амирони Сомонӣ чунин ду байт оварда шудааст:

«

Нӯҳ тан буданд зи ол-Сомон мазкур

Гашта ба аморати Хуросон машҳур.
Исмоилу Аҳмаду(саввум) Наср
Ду Нӯҳу ду Абдумалику ду Мансур.
»

Дар ин байтҳо 9 амири Сомонӣ номбар шудаанд. Муаллиф номи Насри II – ро аз «рӯйхат» берун гузоштааст. [2]

Одамушуаро آدم الشعرا Рӯдакӣ нисбати бузургии хонадони Оли Сомон чунин байте навиштааст:

«

Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,

Варо бузургию неъмат зи Оли Сомон буд.
Рӯдакӣ
»

Нигаред[вироиш]

Манобеъ[вироиш]

  1. Мухторов А. Амирон ва вазирони Сомонӣ. – Душанбе:Оли Сомон,1997. – 76 с.
  2. Мухторов А. Амирон ва вазирони Сомонӣ. – Душанбе:Оли Сомон,1997, с.3