Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2016/39
Абумуслим (форсӣ: ابومسلم) - сарвари шӯриши зидди араб, сулолаи Уммавиён дар Хуросон (солҳои 747 - 750).
Абумуслими Хуросонӣ зодаи Марв ё Нишопур буд. Вай яке аз муборизони фаъоли зидди сулолаи Уммавиён мегардад. Абумуслим аз Иброҳим писари Алии Мухаммади Аббос дастури роҳбарии Хуросонро гирифта, ба Марв меояд ва бар зидди Уммавиён ба мубориза медарояд. Азбаски ранги сиёҳ нишони беадолатӣ ва бешафқатии Уммавиён маҳсуб мешуд, Абумуслим парчами худро сиёҳ ва гурзро бошад, нимсиёҳ мекунад. Неҳзати Абумуслим аз ҷониби ҳама табақаҳои иҷтимоии ҷомеа, ҳатто аз ҷониби арабҳо низ дастгирӣ меёбад. Соли 749 пайравони Абумуслим қисматҳои ғарбии Хилофати Арабро забт карда, соли 750 пойтахти хилофат шаҳри Димишқро ишғол менамоянд, халифаи Уммавиён сарнагун карда шуда, намояндаи хонадони Аббосиён Абу-л-Аббос ас-Саффоҳ (750-754) ба тахти хилофат менишинад. Абумуслим амири Хуросон таъин мешавад. Ӯ мардуми Хуросон ва Мовароуннаҳрро муттаҳид намуда, аз эътирози онҳо ба муқобили ашрофони араб ва табақаҳои мулкдори маҳаллӣ истифода карда, дар байни мардум эътибори калоне пайдо кард. Аз назари халифаҳои Аббосӣ Абумуслим душмани асосии онҳо маҳсуб мешуд. Аз ин рӯ, соли 755 халифа Абуҷаъфар ал-Мансур (754-775) бо роҳи фиреб Абумуслимро ба Бағдод даъват карда, ба қатл мерасонад. Қатли Абумуслим боиси авҷи ҳаракатҳои халқӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон мегардад. Яке аз лашкаркашони Абумуслими Хуросонӣ Муқаннаъ дертар дар кишвари Мовароуннаҳр бар зидди истилогарони араб шӯриши озодихоҳиеро сарварӣ намудааст, ки бо номи "шӯриши сафедҷомагон" низ дар таърихи ниёгони тоҷикон маълум аст.