Jump to content

Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2016/7

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тандиси Деваштич

Панҷакент (порсӣ: پنجكینت ) (аз pncyknδh дар забони суғдӣ), Панҷикат дар гӯишҳои зарафшонӣ ва Панҷиканд дар забони форсии тоҷикӣ) — шаҳре дар шимолу ғарби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази идории ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд аст. Номи шаҳри Панҷиканд (порсӣ: پنجكند ) аз ду бахш сохта шудааст: панҷ ва канд, яъне панҷ шаҳр. Ин ҷойном дар торихномаҳои қадим ва асноди бойгонии Деваштич дида мешавад. Бостоншиносон дар наздикии Панҷиканд шаҳраки Саразмро ёфтаанд, ки дар ҳазорсолаҳои IV - II то мелод вуҷуд доштааст. Панҷиканд то истилои араб яке аз шаҳрҳои номдори Суғди Самарқанд буд. Дар ибтидои асри VIII шаҳри Панҷикатро сипоҳи мусулмонон гирифт ва он аз шаҳрҳои Хилофати исломӣ шуд. Сипастар он шаҳре аз шаҳрҳои қаламрави аморати Сомониён буд. Дар садаҳои пасин низ Панҷиканд яке аз шаҳрҳои бонуфузи Осиёи Марказӣ дар Роҳи бузурги абрешим мақоми намоёнро ишгол карда, дар ривоҷи муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоию фарҳангии халқҳои ҳамҷавор саҳмгузорӣ намудааст. Ковишҳои бостоншиносӣ ошкор кардаанд, ки шаҳри Панҷиканд дар 1,5 - 2 ҳазор соли охир панҷ бор комилан бозсозӣ ва эҳё гардидааст.(бештар...)