Саразм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саразм, Юнеско
Саразм
Саразм 11-1
Саразм, намои умумӣ

Шаҳркадаи Саразм — яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷӣ Осиёи Миёна мебошад. Дар болооби зарафшон чор ёдгорӣ ва якчанд нуқоте бо бозёфтҳои ба ҳама зинаҳои давраи биринҷӣ хос буда ошкор шуд. Ин манбаъҳо маҳалаллаи Саразм, қабри Зардча Халифа, қабристони Дашти Қозӣ, қабристони Чорбоғ ва ғайра мебошад. Масоҳати густариши ёдгориҳо ва бозёфтҳои номбурда то 140 км қад ва 15-20 км барро фаро гирифтааст. 31 июли соли 2010 Саразм ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст.

Кашфи Саразм[вироиш | вироиши манбаъ]

«Соли 1976 сокини деҳаи Авазалии шаҳри Панҷакент, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ — Ашӯралӣ Тайлонов духтарчаи 8-солаашро ба маркази шаҳр оварда, бо хоҳиши вай барои тамошо ба осорхона меравад. Дар осорхонаи ба номи Рӯдакӣ падар ҳамроҳи духтараш нигораҳоро тамошо мекунад. Ашӯралӣ Тайлонов пас аз дидани нусхаи гаҷии табарчаи биринҷии аз деҳаи Ёрӣ ёфтшуда, изҳор медорад, ки ҳангоми хонасозӣ ӯ низ чунин асбобро ёфтааст ва агар лозим бошад онро ба осорхона туҳфа намояд. Сипас, бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов барои овардани табарча ба хонаи он мард меравад ва ҳамин тариқ моҳи сентябри соли 1976 қадимтарин шаҳраки Суғдиён-Саразмро кашф мекунад».

АЗ БОЗЁФТИ ТАБАРЧА ТО КАШФИ ШАҲРАКИ СУҒДИЁН. www.faraj.tj. 26 Январ 2020 санҷида шуд.

Номгузорӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Номгузории Саразм аз калимаи тоҷикии «саризамин» ба вуҷуд омадааст.[1]. Саразм дар соҳили чапи яке аз дарёҳои бузурги Осиёи Миёна — Зарафшон, дар баландии 910 м аз сатҳи баҳр 15 км аз шаҳри Панҷакент ва 45 км дуртар аз ш.Самарқанд ҷойгир аст.[1]. Ба ақидаи барҷастатарин донандаи забони суғдӣ В. А. Литвинский Саразм маънои «Сари замин»-ро дорад.

Санагузорӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Саразми бостон ба солҳои 3400 — 2000 п.м. мансуб аст.

Ҳафриёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои илми бостоншиносӣ, умуман барои кулли инсоният кашфи бошишгоҳи Саразм бозёфти беназир будааст. Бояд таъкид кард, ки заҳматҳои нахусткашшофи Саразм Абдулло Исҳоқиро нимаи дуюми солҳои 70 саромад. Бо амри тасодуф пиронсоле як сокини маҳаллӣ бо насаби Тайлонов табарзин меёбад ва пас аз шаш соли андеша оқибат онро ба Исҳоқӣ медиҳад ва сири Саразм Рушан мешавад. Акнун бахти археолог механдад ва ковишҳо шурӯъ мегарданд. Шаҳркадаи Саразм масоҳати умумии 100 гектарро дарбар мегирад. Шаҳри Саразм дорои қаср ва маъбад, маҳаллаҳо ва кӯчаҳо буд. Саразмиҳо бо кишоварзӣ ва чорвопарварии хонагӣ машғул буданд. Истеҳсол ва коркарди фулузот низ хеле инкишоф ёфта буд, маъданро аз конҳои гирду атроф мегирифтанд. Ҳини ҳафриёт кӯраҳои фулузгудозӣ, хумдонҳои сафолпазӣ ва 150 намуд ашёҳои биринҷӣ ба монанди корд, ханҷар, табарзин, нӯги найза, муҳри сурбӣ, ашёҳои тилоӣ ва нуқрагӣ ёфт шудаанд. Ҳунари заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ ва соҳаҳои дигар низ тараққӣ карда буданд. Саразмиҳо бо сокинони ҷанубу шарқии Туркманистон, шимоли Эрон ва Балуҷистону Сиистон иртиботи фарҳангӣ доштанд. Шаҳркадаи Саразм аввалин мероси таърихии Тоҷикистон аст, ки 31 июли соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст.[2].

Аз соли 1984 то имрӯз бо навбат Экспедитсияҳои гуногунсоҳа тадқиқот мебаранд. Аз соли 1984 то соли 1997 экспедитсияи Тоҷикистону Фаронса дар ҳайати А. И. Исҳоқов, М. Исоқова, А. Т. Пликова, У. Эшонқулов, А. Р. Раззоқов, С. Бобомуллоев, Г. Р. Каримова, Ш. Ф. Қурбонов (Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи Аҳмади Дониш Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва А. Т. Франкфорт, Р. Безенвол, Б. Лионли, Ҷ. Вилкос, М. Казанова, Сиброн Фобиан, Ҷан Десс (Маркази миллии тадқиқоти илмии Фаронса) корҳои асосиро оид ба муайянсозии ҳудудҳои бошишгоҳи, қабати маданӣ, санъати меъморӣ, намудҳои истеҳсолот, таомулҳои дафнкунӣ, банизомдарории зарфҳои сафолӣ, обёрӣ ва ғайра анҷом доданд. Дар ҳудуди ёдгорӣ 12 хандақи санҷишӣ ковиш гардида, 13 ҳафриёт гузаронида шудааст, ки 55%-и замини ишғолкардаи ин маркази нахустшаҳриро ташкил медиҳад. Соли 1985 олимони Осорхонаи қиёфашиносӣ ва мардумшиносии Донишгоҳи Гарварди Амрико Ф. Колва, К. К. Ламберг-Карловский низ дар Саразм корҳои тадқиқотӣ гузаронидаанд.[3].

Дар Саразм олимони машҳур — профессорони Донишгоҳи Гарвард, бостоншиносон Ланберг Карловский ва Филим Кол, санъатшиноси маркази миллии тадқиқоти илмии Франсия, омӯзгори Университети Сорбонна Вероник Шилс, доктори илмҳои таърих аз Ленинград (ҳоло Санкт — Петербург) Ю. А. Заднепровский, Ю. Ф. Буряков — доктори илмҳои таърих, муовини директори Институти археологии Академияи улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Пол Бернар — доктори илм­ҳои таърих, мудири гурӯҳи археологияи Маркази миллии тадқиқоти илмии Франсия, А. Асқаров — аъзо — корреспонденти Академияи улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Б. А. Литвинский — академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Р. М. Мунчаев — муовини директори Институти археологияи Академияи улуми ИҶШС, Б. И. Маршак — мудири сектори Эрмитажи давлатии Санкт — Петербург, доктори илмҳои таърих, Р. М. Масов — доктори илмҳои таърих, академик, Ҷон Клод Горден — бостоншиноси машҳури Франсия пажӯҳиш гузаронидаанд. Пажӯҳишҳои муштараки намояндагони бостоншиносии Русия, Фаронса, Амрико, Италия ва бостоншиносони Тоҷикистон дар тадқиқи мероси қадимтарини ҳалқи тоҷик ҳиссаи бузург мегузоранд.[4].

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Шаҳрсозӣ дар тамоми сайёраи Замин ҳанӯз дар миёнаи дуюми ҳазораи IV ва ибтидои ҳазораи III қабл аз мелод дар Шумеру Акад ва Мисру Ҳиндустон, дар ҳазораи III—II дар Чин, ҳазораи I дар Мезоамерика ва танҳо дар ҳазораи II пеш аз милод дар Аврупои шарқӣ оғоз шудаанд. Ана Саразми Панҷакенти Тоҷикистон ҳам дар охири ҳазораи IV пеш аз милод вобаста ба хамун сол рушд кардаасту инкишоф. Ба чандин далел метавон Саразмро шаҳри қадима чи ки ҳатто пеш аз қадима номид. Вижа, биноҳои монументали, кӯчаҳои сангфаршуда, нобаробарии молу мулки, ба табақаҳои иҷтимои ҷудошавии ҷомеъа, савдову тиҷорат, дӯконҳои сонеъи, кишоварзӣ, чорводории айлоқӣ ва хонагӣ, кулолгарӣ, маъданҷӯиву маъдангудозӣ, заргарӣ, бофадандагиву ресандагӣ, чармгарӣ, сангтарошӣ ва коркарди чӯб хуллас ҳама чи ки он вақт буд ва ҳоло ҳам ин пешаҳо маъмуланд. Ҳамин аст рукнҳои шаҳрсозӣ, ки хоси Осиё мебошанд. Аслан наметонад як қабила бе кумаку дастгирӣ ва мубодилаи таҷрибаи қабилаи ғайр ба муддати тӯлони пойдор бимонад. Мавкеъи ҷуғрофии Саразм имкон дод, ки аз қавму қабоили дигар дониши иловагӣ гиранду бо дониши хеш онро синтез кунанд. Инчунин ба пешрафти савдову тиҷорати байни қабилаҳо, ки яке аз роҳҳои марказии он аз Саразм мегузашт, пеш аз ҳама нишонаҳои зерин асос шудаанд: тахассуси байниқабилавӣ, алоҳида рушд кардани кишоварзӣ аз ҳунармандӣ, аммо дар шакли мутамарказ, тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ва васоити истеҳсолот, пешрафти чорводории хонагӣ ва коҳиш ёфтани мавқеъи шикор дар ҷомеъа, азхудкунии сарватҳои табии ва бисёр-бисёр чизи дигар. Ин муҷиб ба он шуда, ки суғдзамин ҳам ба воситаи Саразми бостонӣ ба роҳи абрешим шомил мегардад.

Аз бозёфтҳои Саразм рушан мешавад, ки лоҷуварди Бадахшон, ақиқи Қайроққум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, зарфҳои наққошишудаи фарҳанги Балуҷистону Систону Балх тавассути иртиботи тиҷоратӣ ба Саразм ворид гаштаанд. Маҳз саразмиён дар шимолу шарқӣ Осиёи Маркази паҳнкунандагони лоҷуварду маҳсулоти маъданӣ ба ҳисоб мераванд.

Барои халқи тоҷик бошад фахри беинтиҳо ва далели муътамад, ки решаҳои тоҷик то ба куҷо меравад. Пас метавон мудаъи шуд, ки маҳз мо тоҷикон ба ҷаҳон таммадун додаем ва оғози таммадун аз мулки тоҷик сарчашма мегирад. Солҳои аввали омӯзиши Саразм ақидае роиҷ буд, ки гӯё Саразм аз теппачаҳои начандон калон ва деҳоти аз ҳам дур мураттаб аст, ки ба давраи энеолит рост меояд. Вале тадқикоту омӯзиш ва зери кишти зироатҳо собит кард, ки ин андеша билкул ботил аст. Саразм шаҳр аст на деҳот. Иқлими мусоид, шароити қулай, боду ҳавои соз мардуми нахустро дар Саразм сарҷамъ кард. Инчунин барои ба роҳ мондани саноати сабуку вазнин кӯҳҳои Зарафшон ҳам созгор будааст. Ҳамчунин бозёфтҳои Саразм либосҳои пашмӣ ва дастгоҳҳои бофандагӣ, сӯзанҳо аз сангу устухон, кӯзаву кӯзачаҳои сафолӣ, коркарди кургошиму қалъагӣ ки истакону зарфҳо, муҳр аз он омада мешуданд, аз мис олотҳои рӯзгор корд, табар, тир бар тақвияти суханҳои мо далеланд. Синони пайкон, ки аз сангу мису биринҷ бо тароҳҳои гуногун сохта шудаанд, аз гароиш доштани мардуми онвақта ба шикор гувоҳӣ медиҳад. Аммо бо мурури замон ҳине ки чорводорӣ рушд мекунад, шикор ба хобби табдил меёбаду бас, ки то ҳол маъмул аст.

Маликаи Саразм[вироиш | вироиши манбаъ]

Бозмондаҳои «Маликаи Саразм» дар Осорхонаи бостонии Тоҷикистон, Душанбе

Яке аз бозёфтҳои нодири аз ҳафриёт пайдошуда ҷасади «Маликаи Саразм» мебошад. Доир ба ин масъала доктори илми таърих Саидмурод Бобомуллоев маълумот дод.

Бино ба гуфти ӯ

қабри малика соли 1983 кашф гардид. Баъдан аз тарафи антрополог Телман Хоҷаев муайян карда шуд, ки ин бону 23-сола буда, як фарзанд таваллуд кардааст ва қадаш 1 метру 65 сантметр мебошад. Малика барои он гуфтем, ки ҳамроҳаш 49 муҳраи тилоӣ ва бештар аз 4,5 кило сангҳои лоҷувард, ақиқ, инчунин ҳайкалчаи гилӣ ва як оинаи биринҷӣ дафн шуда буд. Ҳамаи ин далели он аст, ки ин бону дар ҷамъият нуфузи баланд дошт. Азбаски давраи модаршоҳӣ буд, аз ин хотир малика гуфтанд.

АЗ БОЗЁФТИ ТАБАРЧА ТО КАШФИ ШАҲРАКИ СУҒДИЁН. www.faraj.tj. 26 Январ 2020 санҷида шуд.

Модар будани «маликаи Саразм» собит шудааст. Ба хок супоридани майит ҳам аҷиб мебошад. Ба он гунае ки тифл дар батни модар ҷойгир мешавад, ба ҳамон гуна ӯро дафн мекардаанд. Кадом малика беороишот аст? Вале чун реҳлат кард, ҷавоҳиру ороишот ҳам ҳамроҳи соҳибаш ба хок мерафтааст. Яъне номгӯи ороишоти Малика ин муҷассамаи худи ӯ аз гил, гарданбанди тилоӣ, шаббаххо аз фирӯзаву лоҷувард, оҳаксангу ақиқу нуқра. Сафедаву упо ва ойина ин ҷиҳози ороишии малика будаанд. Аммо бино бар ривоятҳо арвоҳи маликаи саразм баъзан — баъзан шабона дар шаҳристон сайр мекунад. Инро ба кофтуковҳо рабт медиҳанд.

Саразми бостон[вироиш | вироиши манбаъ]

Саразм чор давраи чандҳазорсолиро гузаронидааст. Аз руйи деворҳои пайдошуда шаҳр аз чор қабат иборат аст, ки фосила байни ҳар давра беш аз ҳазорсолист. Ва тавре мушоҳида мешавад аз як давра ба давраи дигар иморатсози модерн шудааст.

Таҷрибаи чандинсолаи гирдоварда дар сохтани нахустшаҳри гетӣ мусоидат кардааст. Шаҳрчаи Саразм нақшаи муайяне надошт ва гирди он бо девори дифоъи муҳофизат намешуд. Зеро аз ҳасму аду хавф набуд. Чангу лашкаркашӣ дар натиҷаи рақобат баъдтар сар мезанад. Саразм дар айёми шаклгирӣ масоҳати беҳад калонро ишғол мекардааст. Шаҳр чунон сохта шудааст, ки дар замони ҳозира ҳам дар бунёди шаҳрҳо ин омилҳо ба инобат гирифта мешаванд. Биноҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ ва ибодатхонаҳо. Биноҳои истиқоматӣ аз биноҳои маъмурӣ ва маъбадҳо ба кулли фарқ мекунанд. Биноҳои истиқоматӣ аз се-чаҳор ҳуҷраҳои хурд-хурд, саҳни ҳавлӣ ва якчанд ҳуҷраи дигар барои маҳфузи анҷому лавозимоти рӯзгор иборат аст, ки тангкӯчаю паскӯчаҳоро ҷудо мекунад. Ин биноҳои истиқоматӣ дар ибтидои бунёд хеле сода будаанд. Бо мурури замон онҳо ҷадидтар мешаванд. Аз боқимондаҳои чӯбҳои пӯсида ва пайи чӯбҳо дар болои лойдевор аён аст, ки хонаҳо ва умуман иморатҳо аз ҳамон вақт бо чуб пӯшонида мешудаанд. Ба ростӣ, хонаҳои ҳозираи тоҷикҳо ба хонасозии ҳамон давра хеле ва хеле монанд аст, вижа ба кӯҳистони мо ва танҳо аз назари эътиқоди андак фарқ мекунад. Раставу дӯконҳои ҳунармандӣ дар наздикии хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир шудаанд. Оташдонҳо барои маъдангудозӣ ҳам ёфт шудааст. Биноҳои маъмурӣ бошанд аз якчанд толорҳои барҳавову даҳлезҳои баробарсамт иборат буда, бештари онҳо дар болои таҳкурсиҳои аз хишти хом сохташуда, дорои ду-се дари даромад ва якчанд тирезаҳои барҳавоянд. Маълум аст, ки меъморони бостонӣ сохти биноро пешакӣ матраҳ мекардаанд. Ҳокимони маҳалӣ аз ҳамин ҷо халқро идора мекарданд ва ҳатто қарору қоида ҳам ҳабул мешуддааст, ки бо ин муҳр тақвият меёфтанд. Ҳокими мутлақ доштани Саразми бостонӣ аз эҳтимол дур нест.

Саразмиёни бостон дар баробари барзгару ҳунарманд, тоҷиру меъмори замони хеш будан, дар рушди маданияти маънавӣ низ саҳм мегузоранд. Ҳанӯз аз охири ҳазорсолаи IV пеш аз милод дар биноҳои маъмулии саразмиён бузургдошти оташро мебинем, ки баъдан яке аз рукнҳои дини Зардуштӣ мегардад. Алъон якчанд маъбад дар Саразм бармало шудааст, ки аз эътиқоду эътимоди мардум дарак медиҳад. Дар маркази фарши толори ибодатхонаҳо оташдонҳои чоркунҷа сохта шуда, дар байни он ум ки начандон ҷуқуре барои барафрӯхтани оташ мавҷуд аст. Аз боқимондаи устухонҳо дар дохили баъзе иморатҳо маълум мешавад, ки қурбон кардани мол аз ҳамон вақт ба ҳукми одат даромадааст. Дар рӯзгори пешина гови муқаддаси турро қурбон мекардаанд.

Тавассути Саразм, ба гуфтаи бостоншиносон, Роҳи Бузург Лоҷувард мегузашт. Ин роҳ асоси яке аз роҳҳои машҳури Роҳи бузурги абрешимро аз Аврупо ба шаҳрҳои қадимаи Чин ва Ҳиндустон ташкил дод.

Воқеан мардуми Саразм истеъмоли чорвои 1-1,5 соларо меписандидаанд, чаро ки бештари устухонҳои боқимонда шаҳодат медиҳанд. Кишоварзӣ ба сони дигар соҳаҳо дар Саразм то замони заволи он рушд кардааст. Сойи аз болои шаҳр ҷоришуда ба ин мусоидат мекард. Саразмиҳо рустанихоеро парвариш мекарданд, ки дар байни инхо ҷав ва гандум мавқеъи вижаро ишғол менамуданд. Намудҳои олоти деҳқонии Саразм бой нест. Каланди чӯбин, досҳои ҳархела ва шудгори ҷуфтӣ аз эҳтимол дур нест.

Дар масоҳати беш аз 100 га Саразмро бунёд кардаанд ва аҳолии он аз 3000 нафар иборат буда, дар марҳилаи интиҳоӣ, оқибат қариб, ки ба 10000 мерасад. Замони заволи Саразм аниқ аст, аммо сабабаш не. Танҳо ҳадс задан мумкин аст, ки ё аз хушк шудани сойи болои шаҳристон мардум ин ҷоро тарк кардаанд ва ё ҳодисаи табиие ба мисли Шарораи ҳозира онро ба харобазор табдил додаст. Ҳоло баъзе бозёфтҳо дар музейи Саразм маҳфузанд, вале аз сабаби набудани лабаратория ба вайроншавӣ даромадаанд.[5]. Тибқи гуфтаи бостоншиносон дар он замон (ҳазорсолаи IV—III пеш аз милод) Роҳи Бузурги Лоҷувард аз Саразм мегузашт. Баъдтар, дар ибтидои пайдо шудани шаҳрҳои аввалини Осиё, ин роҳи корвонгузар тӯл кашид. Бостоншиноси тоҷик Абдурауф Раззоқов қайд кард, ки ин роҳ баъдтар яке аз роҳҳои машҳури Роҳи абрешим аз Аврупо ба шаҳрҳои қадимаи Чин ва Ҳиндустон гардидааст.[6].

Сабабҳои таназзули Саразм[вироиш | вироиши манбаъ]

Бостоншиносон чунин мешуморанд, ки сабаби хуруҷи мардум аз Саразм хушксолӣ буд. Дар охири ҳазораи 3-уми пеш аз милод офатҳои экологӣ ба баъзе қисматҳои Осиёи Марказӣ таъсир мерасониданд. Зиндагӣ дар Саразм тақрибан се ҳазор сол пеш хотима ёфта буд. Таърихшиносон тасдиқ мекунанд, ки ин вобаста ба тағирёбии шароити табиӣ рӯй дода буд. Одамон дар мубориза бо оқибатҳои хушксолӣ малакаи кофӣ надоштанд ва ба кӯҳдоманаҳои назди дарёи Заравшон кӯчиданд. Ҳамин тавр, шаҳри Панҷакенти қадим эҳё шуд ва баъдтар шаҳрҳои дигари Суғдиёни қадим пайдо шуданд. Дар ин замина Саразм ба таназзул афтод.[7].

5500-солагии Саразм[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 (таҳти № 391) Саразм ҳамчун Маркази ташаккули фарҳанги кишоварзӣ ва эҷодиёти тоҷик мамнӯъгоҳи таърихӣ ва бостоншиносии Саразм эълон карда шуд. Бо кӯшиши бостоншиносон — А. Исҳоқов, А. Раззоқов, Р. Масов, Р. Безенвал, А.- П. Франкфорт ва диг., дар давоми солҳои 2000-ум барои пешниҳоди номинтсияи пешбарӣ кардани ёдгории Саразм ба рӯйхати объектҳои аҳамияти фарҳанги ҷаҳонӣ дошта, дар созмони ЮНЕСКО саҳм гузоштанд. Дар натиҷа, 31 июли соли 2010 Саразм ҳамчун «маркази ташаккули фарҳанги қадимаи кишоварзии мардуми тоҷик» ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст.[2].

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Исаков А. Саразм. — Душанбе, 1991.
  • Раззоков Ф. А. Саразм. — Душанбе, 2009
  • Раззоков Ф. А. Строительные комплексы древнеземледельческого поселения Саразм в IV—III тыс. до н. э. — СПб.: Невская Книжная Типография, 2016. — 248 с.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

ба забони тоҷикӣ
ба забони русӣ
ба забони инглисӣ

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 < tajik-cities. www.sogdianapamir.tj. 26 Январ 2020 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  2. 2.0 2.1 Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО. www.unesco.tj. 26 Январ 2020 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  3. АЗ БОЗЁФТИ ТАБАРЧА ТО КАШФИ ШАҲРАКИ СУҒДИЁН. www.faraj.tj. 26 Январ 2020 санҷида шуд.
  4. Саразм яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ, намунаи беҳамтои ин тамаддун дар Суғд мебошад. www.sugd.tj. 26 Январ 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 Январ 2020.
  5. Саразм ва Панҷакент/ТВ Сафина. www.safina.tj. 26 Январ 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 апрели 2016.
  6. Sputnik. Археолог: древний Саразм погубила засуха(рус.). tj.sputniknews.ru. 19 Январ 2019 санҷида шуд.
  7. Археолог: древний Саразм погубила засуха. www.tj.sputniknews.ru. 26 Январ 2020 санҷида шуд.