Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Висмут

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Висмут, 83Bi
Висмут
Талаффуз/ˈbɪzməθ/ (BIZ-məth)
Номи дигарbismuth
Вазни атомии муқаррарӣ Ar, std(Bi)208.98040(1)[1]
Висмут дар ҷадвали даврӣ
ҳидроген ҳелий
литий бериллий бор (элемент) карбон натрий оксиген фтор неон
натрий магний алюминий силитсий фосфор сулфур хлор аргон
калий калсий скандий титан (элемент) ванадий хром манган оҳан кобалт никел мис руҳ галлий германий арсен селен бром криптон
рубидий стронсий иттрий сирконий ниобий молибден технетсий рутений родий палладий нуқра кадмий индий қалъагӣ сурма теллур йод ксенон
сезий барий лантан серий празеодим неодим прометий самарий европий гадолиний тербий диспрозий ҳолмий эрбий тулий иттербий лютесий ҳафний тантал волфрам рений осмий иридий платина тилло симоб таллий сурб висмут полоний астат радон
франcий радий актиний торий протактиний уран (элемент) нептуний плутоний америcий кюрий берклий калифорний эйнштейний фермий менделевий нобелий лоуренсий резерфордий дубний сиборгий борий ҳассий мейтнерий дармштадтий рентгений коперниcий ниҳоний флеровий московиум ливерморий теннесин оганессон
Sb

Bi

Mc
сурбвисмутполоний
Рақами атомӣ (Z)83
Гурӯҳгурӯҳи 15 (гурӯҳи азот)
Даврдаври 6
Блокp-блок
Категорияи элемент  Металли гузашташуда
Конфигуратсияи электрон[Xe] 4f14 5d10 6s2 6p3
Электронҳо аз рӯӣ ҷилд2, 8, 18, 32, 18, 5
Хосиятҳои физикӣ
Фаза дар ҲФМсахт
Нуқтаи гудозиш544.7 K (271.5 °C, 520.7 °F)
Ҳарорати ҷӯшиш1837 K (1564 °C, 2847 °F)
Зичӣ (наздик ба ҳ.х.)9.78 гр/см3
ҳангоми моеъ будан (дар н.г.)10.05 гр/см3
Ҳарорати гудозиши хос11.30 кҶ/мол
Ҳарорати буғшавии хос179 кҶ/мол
Гармигунҷоиши молярӣ25.52 Ҷ/(мол·К)
Буғи сершуда
P (Pa) 1 10 100 1 k 10 k 100 k
at T (K) 941 1041 1165 1325 1538 1835
Хосиятҳои атомӣ
Дараҷаҳои оксидшавӣ−3, −2, −1, +1, +2, +3, +4, +5 (a mildly acidic oxide)
ЭлектроманфииятҶадвали Полинг: 2.02
Қувваҳои иондоршавӣ
  • 1-ум: 703 кҶ/мол
  • 2-юм: 1610 кҶ/мол
  • 3-юм: 2466 кҶ/мол
  • (бештар)
Радиуси атомэмпирикӣ: 156 пм
Радиуси ковалентӣ148±4 пм
Радиуси Ван дер Ваалс207 пм
Color lines in a spectral range
Color lines in a spectral range
Хатҳои спектрии Висмут
Дигар хосиятҳо
Сохтори булӯрӣ rhombohedral
Rhombohedral crystal structure for висмут
Суръати овоз thin rod1790 м/с (дар 20 °C)
Васеъшавии ҳароратӣ13.4 µm/(m·K) (дар 25 °C)
Гармигузаронандагӣ7.97 W/(m·K)
Муқобилияти нисбӣ1.29 µΩ·m (дар 20 °C)
Тартибории магнитӣдиамагнетик
Таъсирпазирии магнитӣ−280.1·10−6 см3/мол[2]
Модули Юнг32 ГПа
Модули ғеҷонидан12 ГПа
Модули чандирии ҳаҷмдор31 ГПа
Коэффисиенти Пуассон0.33
Сахтии Моос2.25
Сахтӣ аз рӯи Бринелл70–95 МПа
Рақами CAS7440-69-9
Таърих
КашфКимиёгарони арабӣ (before AD 1000)
Изотопҳои асосии висмут
Изо­топ Мавҷу­дият Давраи ним­таҷзия (t1/2) Тарзи таҷзия Маҳ­сул
207Bi синт 31.55 y β+ 207Pb
208Bi syn 3.68×105 y β+ 208Pb
209Bi 100% 2.01×1019 y α 205Tl
210Bi trace 5.012 d β 210Po
α 206Tl
210mBi syn 3.04×106 y ГИ 210Bi
α 206Tl
| пайвандҳо

Висмут (англ. bismuth), Bi — унсури кимиёӣ аз гурӯҳи V ҷадвали даврии Менделеев; рақами тартибиаш 83, массаи атомиаш 208,9804.

Филиззи сафеди нуқрагун, t гудозишаш 271°С, t ҷӯшишаш 1560°С, зичиаш 9,79 г/см3; нисбат ба дигар унсурҳои гурӯҳи панҷум барқ ва гармиро беҳтар мегузаронад. В. 2 ∙ 10−5 дарсади массаи қишри Заминро ташкил медиҳад. Дар таркиби 70 минерал мавҷуд аст. Муҳимтарин минералҳои В. висмутин Bi2S3 ва бисмит Bi2O3 мебошанд; В.-и озод каму беш дар таркиби маъданҳои сурб, мис, нуқра, волфрам ва кобалт низ мавҷуд аст. Висмутин дар конҳои Тоҷикистон (Қарамазори Шарқӣ) ва Ӯзбекистон (Нурато ва Бурчмулло) дучор меояд. В.-и табиӣ танҳо як изотопи собит 209Bi дорад; 26 изотопи радиоактиви В. низ маълуманд. В. дар ҳарорати хона аз нигоҳи кимиёӣ устувор мебошад. Дар пайвастҳояш дараҷаҳои оксидшавии −3, +1, +2, +3 ва +5 зоҳир менамояд. Бо гидроген ба реаксия даромада, гази ноустувори висмутин BiH3, бо оксиген дар ҳарорати баланд оксидҳои асосӣ Bi2O3 ва кислотагӣ Bi2O5 ҳосил мекунад. Дар натиҷаи зери таъсири карбон барқарор кардани оксиди Bi2O3 В.-и озод ба даст меояд, ки барои аз маъданҳо истихроҷ намудани В. муҳим аст. Бо кислотаи камоби нитрат, кислотаи гарми консентратсияаш зиёди сулфат ва шаҳшароб (омехтаи кислотаҳои нитрату хлорид) бо ихроҷи NO2 ва SO2 намакҳои нитрат ва сулфат ҳосил мекунад. В. дар саноати истеҳсоли филиззот, дорусозӣ, кимиё, техникаи ҳастаӣ ва электроника истифода мешавад. В. бисёр хӯлаҳои зудгудоз, бо Na, K, Mg ва Ca хӯлаҳои дергудоз тавлид менамояд. Аз хӯлаи В. бо манган MnBi магнит месозанд. Барои аломатҳои роҳ аз пайвастҳои В. рангҳои нурбарор ҳосил мекунанд. Оксиди Bi2O3 катализатори синтези полимери акрилӣ буда, дар истеҳсоли мино, чинӣ ва шиша ба кор меравад. Пайвастҳои В.-ро дар тиб барои муолиҷаи бемориҳои пӯст ва узвҳои ҳозима, табобати захмҳо ва сӯхтагӣ истифода мекунанд.

Мавҷудият дар табиат

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. (2016) «Atomic weights of the elements 2013 (IUPAC Technical Report)». Pure and Applied Chemistry 88 (3): 265–91. doi:10.1515/pac-2015-0305.
  2. Weast, Robert (1984). CRC, Handbook of Chemistry and Physics. Boca Raton, Florida: Chemical Rubber Company Publishing. pp. E110. ISBN 0-8493-0464-4.

Ҳаволаҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]
Логотипи Викилуғат
Логотипи Викилуғат
Викилуғат дорои мақола бо номи «Висмут» аст
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: