Jump to content

Владимир Абулҳаев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Владимир Абулҳаев
Абулҳаев Владимир Ҷалолович
Таърихи таваллуд 12 август 1948(1948-08-12) (76 сол)
Зодгоҳ Панҷакент
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ кимиё
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ профессор

Владимир Абулҳаев (Абулҳаев Владимир Ҷалолович; тав. 12 августи 1948, Панҷакент) — кимиёдон, доктори илмҳои химия (1996), профессор (2008), академики Академияи Нию-Ёорк (1977).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишкадаи политехникии Киев (1972). Фаъолияти кориаш соли 1973 дар Сарредаксияи илмии ЭСТ оғоз гардидааст. Муҳандиси Институти сохтмони зилзилабардор ва сейсмологияи АИ ҶШС Тоҷикистон (19731974). Аз соли 1974 дар Институти химияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта, аз ходими хурди илмӣ то ба дараҷаи муовини директор оид ба илм расидааст. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон низ ба донишҷӯён дарс мегӯяд. Перомуни технологияи истеҳсолоти металлургӣ, синтези пайвастҳои нави дорои хосиятҳои нимноқилӣ ва магнитӣ, назарияи ҷараёнҳои гидрометаллургӣ, металлҳои ранга тадқиқот анҷом додааст. Муаллифи 180 асари илмӣ ва 10 ихтироъ мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ 5 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд.

  • Методические указания к выполнению лабораторных работ по курсу «Металлургия цветных металлов», Д., 2002;
  • Рентгенофазовый анализ. Лабораторный практикум, Д., 2006;
  • Лабораторный практикум по курсу «Теория гидрометаллургических процессов», Д., 2006.