Волтер Герлох
олмонӣ: Walther Gerlach | |
Таърихи таваллуд | 1 август 1889[1][2][3][…] ё 1889[4] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 10 август 1979[1][2][3][…] ё 1979[4] |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | физики назарӣ[d], experimental physics[d][4], физики ҳастаӣ[d][4], magnetism[d][4], spectral analysis[d][4], applied science[d][4] ва history of natural science[d][4] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Friedrich Paschen[d][5] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ва́лтер Ге́рлах (олмонӣ: Walther Gerlach, 1 августи 1889, Бибрих — 10 августи 1979, Мюнхен, Олмон) — физикдони олмонӣ, узви АИ Гёттинген (1947).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Донишгоҳи Тюбинген (1911). Солҳои 1916-21 дар донишгоҳҳои Тюбинген ва Гёттинген кор кардааст (1921-25). Проф. Донишгоҳи Франкфурт ва 1929-57 Донишгоҳи Мюнхен. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—1945) яке аз роҳбарони лоиҳаи атомии Олмон буд. Дар соҳаҳои спектроскопия (тайфшиносӣ)-и атомӣ ва ҳастаӣ, назарияи квантӣ, магнетизм, таърихи физика таҳқиқот анҷом додааст. Г. барои муайян намудани собитаи қонуни Стефан-Болсман, инчунин бузургиҳои фишори афканишоти электромагнитӣ таҷрибаҳо кардааст. Солҳои 1921-22 ҳамроҳи О. Штерн бо санҷишҳо исбот намуд, ки дар атом моменти магнитӣ (таҷрибаҳои Штерн-Герлах) мавҷуд аст. Ҳамзамон дар мисоли атомҳои нуқра (қабати берунии он як электрон дорад) нишон дод, ки ҳангоми аз майдони магнитии ғайриякҷинсаи баландшиддат гузаштан, атомҳо самти ибтидоии худро тағйир медиҳанд: яъне, моменти магнитии атом ба мавҷудияти моменти магнитии хусусии электрон вобаста мебошад. Самти майдони магнитии атом дар ин маврид ба қимати дискретӣ соҳиб мегардад (дар фазо квантонида мешавад). Г. ба таҳлили ададии спектрӣ (тайфӣ) асос гузошта (1826), анизотропияи монокристаллҳои оҳанро омӯхтааст. Солҳои 1931-32 таносуби таҷрибавии байни муқовимоти электрии хос ва магнитнокии хӯлаҳои оҳанро дар майдони магнитии берунӣ кашф кардааст (формулаҳои Герлах).
Дар бораи зиндагиномаи И. Кеплер, М.Фарадей, О. Ган асарҳо навиштааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 https://frankfurter-personenlexikon.de/node/5452 — 2014.
- ↑ 3.0 3.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 4.4 4.5 4.6 4.7 Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ 5.0 5.1 Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Герлах Валтер // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.