Jump to content

Волӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Волӣ (ар. الوالِي‎ — соҳиб ва сарпараст), ал-Волӣ — яке аз номҳои Худованд, ба маънои молик, тасарруфкунанда ва тадбиркунандаи ягона дар ашё ва мавҷудоти олам. Бар асоси корбурдҳои қуръонӣ исми Волӣ ва дигар иштиқоқоти он ин маъноро ифода мекунанд, ки сарпараст, ёвар ва уҳдадори ҳақиқии умури махлуқот касе ҷуз Худо нест. Гоҳе маҷозан бандаи мутасаддии кореро низ Волӣ меноманд.

Дар Қуръони карим як бор даромадааст: لَهُ مُعَقِّبَاتٌ مِنْ بَيْنِ يَدَيْهِ وَمِنْ خَلْفِهِ يَحْفَظُونَهُ مِنْ أَمْرِ اللَّهِ إِنَّ اللَّهَ لَا يُغَيِّرُ مَا بِقَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُوا مَا بِأَنْفُسِهِمْ وَإِذَا أَرَادَ اللَّهُ بِقَوْمٍ سُوءًا فَلَا مَرَدَّ لَهُ وَمَا لَهُمْ مِنْ دُونِهِ مِنْ وَالٍ  ‎  [1]

Исми Волӣ дар ҳадиси асмоуллоҳ дар Сунани Тирмизӣ (3507) дар радифи 78 собит шудааст.