Сураи Раъд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сура —
Гурӯҳбандӣ Маданӣ
Тартиби нозил 96
Омор
Рақами сура 13
Шумораи оятҳо 43
Ҷузъ 13
Ҳизб 25—26
Шумораи рукӯъ 6
Шумораи саҷда 1 (ояти 15)
Шумораи калима 855
Шумораи ҳарф 3506
Сураи гузашта Сураи Юсуф
Сураи раванд Сураи Иброҳим
Тарҷумаҳо QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru

IslamSymbol.svg       Folder Hexagonal Icon.svg       Wiktionary-logo-ru.png       Wikiquote-logo.svg       Wikisource-logo.svg       Commons-logo.svg

Ар Раъд (араб. الرعد — ') — сенздаҳум сураи Қуръон. Сура дар Мадина нозил шудааст ва иборат аз 43 оят аст.

Мундариҷа[вироиш | вироиши манбаъ]

« Алиф, лом, мим, ро. Инҳо оёти ин китоб аст ва он чӣ аз Парвардигорат бар ту нозил шудааст, ҳақ аст, вале бештари мардум имон намеоваранд,Ayah.svg Оллоҳ - ҳамон Худовандест, ки осмонҳоро бе ҳеч сутуне, ки онро бубинед, барафрошт. Сипас ба арш пардохт ва офтобу моҳро, ки ҳар як то замоне муайян дар сайранд, ром кард. Корҳоро мегардонад ва оётро баён мекунад, бошад, ки ба дидори Парвардигоратон яқин кунед! Ayah.svg Ӯст, ки заминро бигустурд ва дар он кӯҳхову рудҳо қарор дод ва аз ҳар мева ҷуфт-ҷуфт падид овард ва шабро дар рӯз мепӯшонад. Дар инҳо ибратҳост барои мардуме, ки меандешанд! Ayah.svg Ва бар рӯи замин қитъаҳоест дар канори якдигар ва боғҳои ангуру кнштзорҳо ва нахлҳое, ки дутана аз як реша руста аст ё яктана аз як реша ва ҳама ба як об сероб мешаванд ва дар самара баъзеро дар баъзе дигар бартарӣ ниҳодаем. Албатта дар инҳо барои хирадмандон ибратҳост! Ayah.svg Агар ту дар ҳайрат меоӣ, тааҷҷуб дар сухани онҳо аст, ки оё он ҳангом, ки хок шавем, аз нав моро биёфаринад? Инҳо ба Парвардигорашон имон надоранд, бар гарданҳошон тавқҳо бошад ва аҳли ҷаҳаннаманд ва дар он ҷовидонаанд. Ayah.svg Ба шитоб аз ту пеш аз хайру бахшоиш азоб металабанд. Пеш аз онҳо азобҳое будааст ва Парвардигори ту мардумро, бо он ки ситам кардаанд, мебахшад ва низ Парвардигори ту ба сахтӣ уқубат мекунад.
»

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

Сураи қаблӣ: Сураи Юсуф Сура 13Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Сураи Иброҳим