Гадолиний
Script error: The function "infobox" does not exist.
64 | Гадолиний
|
157,25 | |
4f75d16s2 |
Гадоли́ний (лот.нав: Gadolinium), Gd — унсури кимиёӣ аз гурӯҳи III ҷадвали даврии Менделеев; рақами тартибиаш 64, массаи атомиаш 157,26. Мансуби лантаноидҳост.
Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]
Кашф[вироиш | вироиши манбаъ]
Гадолинийро соли 1880 кимиёдони швейсарӣ Шарл де Мариняк кашф кардааст.
Номгузорӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Ба шарафи муҳаққиқи унсурҳои нодир Юҳон Гадолин ном ниҳодаанд.
Хосиятҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
Физикӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Филиззи душворгудози сафеди нуқрагун; ҳарорати гудозишаш 1312°С, ҳарорати ҷӯшишаш 2800°С, зичиаш 7,89 г/см3. Гадолиний 5,9∙10−4%-и массаи қишри заминро ташкил медиҳад. Дар таркиби минералҳои гадолинит, монатсит, бастензит мавҷуд аст.
Химиявӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
152Gd (давраи нимкоҳишаш 1014 сол) изотопи дарозумри гадолиний мебошад. Дар ҳавои намнок бо пардаи оксидӣ пӯшида мешавад. Дараҷаи оксидшавиаш +3. Дар шароити муқаррарӣ бо галогенҳо, вақти гарм кардан бо нитроген, сулфур, фосфор, силитсий ва гидроген вокуниш зоҳир мекунад. Бо филиззот хӯла ба вуҷуд меорад. Гадолиний оби гармро бо ихроҷи гидроген таҷзия менамояд. Хлорид, нитрат ва сулфатҳои гадолиний дар об хуб, карбонат, фосфат, фторид, оксалатҳои он бад ҳал мегарданд. Он дар техникаи ҳастаӣ ҳамчун ҷозиби нейтронҳо истифода мешавад.
Атомӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Изотопҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
Дар табиат ҳафт изотопи гадолиний вуҷуд дорад.
Мавҷудият дар табиат[вироиш | вироиши манбаъ]
Гадолиний аз таркиби пӯлод сулфур ва газҳоро хориҷ намуда, хосиятҳои онҳоро беҳ месозад. Гадолиний ва хлориду сулфатҳои он дар таҳияи маводди миқнотисӣ истифода мешаванд. Молибдати гадолиний дар техникаи оптикию электронӣ, селениди он Gd2 Se3 дар таҳияи нимноқилҳо ба кор меравад.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Weast, Robert (1984). CRC, Handbook of Chemistry and Physics. Boca Raton, Florida: Chemical Rubber Company Publishing. pp. E110. ISBN 0-8493-0464-4.
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Менделеев Д. И. Элементы химические // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
- Идрисов Т. Кимиёи аносир (элементҳо). Д., 2004;
- Химия. Справочное руководство. Л., 1975;
- Шретер В. (ва дигарон). Химия. М., 1989.
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Гадолиний / Т. Идрисов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

![]() |
Ин мақолаи хурд химия аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. |