Газ (дарахт)
| Газ (дарахт) | |||
|---|---|---|---|
| | |||
| Таснифи илмӣ | |||
|
|
|||
| |||
Газ (лот. Támarix), газм — ҷинси рустанӣ мансуби оилаи газиҳо (Tamaricaceae), дарахт ва буттаи начандон калон.
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Баландиаш 4—8 м. Навдаи дарози борик, барги сабз ё хокистарранг, гули дуҷинсаи сафед, гулобӣ, бунафш ва ғӯзамеваи сертухм дорад. Дар ҷангалҳои соҳили дарё, заминҳои шӯрхоку санглох, регзор ва боғҳо мерӯяд.
Навъҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Авпрупо, Осиё ва Африқо 90 намудаш паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон 9 намуди Газ. (Tamarix arcenthoides, Tamarix elongata, Tamarix florida, Tamarix hispida, Tamarix hohenackeri, Tamarix kotschy, Tamarix meyeri, Tamarix ramosissima) вомехӯрад. Газ аз тухм, бехҷаст ва қаламча нумӯ мекунад.
Корбурдҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Газро дар сабзкорӣ, регбандӣ, пешгирии обшӯйи хок ва ғайра истифода мебаранд. Аз шохчаву навдаҳояш чиғ, сабаду бозичаҳо мебофанд. Баргу пӯстлохаш барои даббоғии пӯст истифода мешавад (дар таркиби пӯстлохи он 0,6–10,8% таннид мавҷуд аст). Шоху навдаи тару тозаашро чорво мехӯрад. Газ рустании рангдеҳ ва асаловар аст.
Корбурди пизишкӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Табибони тибатӣ аз навдаҳои газ чой дам карда, онро барои муолиҷаи тарбод истифода мебаранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Газ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Качалов А. А. Деревья и кустарники. М., 1970;
- Попова Т. Н. Жизнь растений. Т. 5. М., 1981;
- Флора Таджикской ССР. Т. 6. Л., 1981;
- Грин Н., Стаут У., Тейлор Д. Биология. Т. 2. М., 2009.
- Комаров Б. М.. Определитель растений Северного Таджикистана, Душанбе., 1967;
- Газ // Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.