Гаштак

Гаштак (гап, гапхӯрӣ) — яке аз суннатҳои мардумӣ, ки дар байни тоҷикон ва қавмҳои дигари Осиёи Миёна роиҷ аст.
Ҷамъе аз мардон вобаста ба умумияти хоси худ, масалан, ҳамсолон, ҳамкасбон, ҳамсояҳо, хешу таборҳо ва ғайра бонавбат, ҳафтае ё моҳе як бор, дар хонаҳои якдигар, дар чойхона ва ё меҳмонхонаҳо гирд меоянд[1]. Дастархон ороста мешавад ва онҳо пас аз тановули таому ҳар гуна ғизоҳо ба суҳбат мепардозанд, ба ҳамдигар нақлу ривоятҳо мекунанд, баъзан созҳои мусиқиро навохта сурудхонӣ менамоянд ва ғайра. Занҳо низ дар баъзе навоҳӣ гурӯҳҳои худро доранд ва дар хонаҳои якдигар бонавбат ҷамъ мешаванд, аммо суннати гаштак хосси мардон ба шумор меравад[1].
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар замонҳои гузашта гаштак дар байни мардум яке аз воситаҳои дилхушӣ дар байни гурӯҳи мардон, занон, ҷавонон ва духтарон будааст, ки ҳар кадоме ба таври ҷудогона вуҷуд доштааст. Садриддин Айнӣ дар ҳикояи «Аҳмади девбанд» дар бораи гаштак ишора намуда, чунин гуфтааст:
Калонсолон ва навҷавонон барои бартараф кардани дилгирии зимистон, ҳеч набошад, ҳафтае як шаб кӯшиш мекарданд, ки ба як ҷо ҷамъ шуда суҳбат кунанд, ғазал хонанд, қисса шунаванд, қофия гӯянд ва ширинкорӣ намоянд.
Ин гуна ҷамъомадҳо ё ба сурати гаштак, ё ба тарзи дангона ва ё ин ки ба тариқи ҳарифона барпо мешуд. Бештарини ҷамъомади ҷавонон ба тарзи дангона ва маҷлиси миёнсолон ба сурати гаштак мегузашт. Ҳарифона бошад, дар чойхонаҳо, баққолиҳо ва сари осиёҳо ба амал меомад.
Садриддин Айнӣ дар поварақ калимаи «гаштак»-ро чунин шарҳ додааст:
Гаштак он аст, ки якчанд нафар иттифоқ шуда, ҳафтае як бор ҳар яке ба навбат зиёфат медиҳад. Азбаски ин зиёфат гардиш карда, ба сари ҳар кас меояд, «гаштак» номидаанд.
Номҳои дигар
[вироиш | вироиши манбаъ]Гаштакро гоҳе дар байни мардум «шабнишинӣ», «маҳфил», «ҷамъомад», «гап», «гапхӯрӣ», «гапи гаштак», «ҳарифона», «навбат» низ меноманд. Дар миёни мардумони бо мо ҳамсоя, аз ҷумла қазоқҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо, қирғизҳо низ «гаштак» номҳои гуногун дорад, вале бештар калимаи «гап»-ро ба кор мебаранд, ки дар ин бора муҳаққиқони узбек чунин ёдовар шудаанд: «Гап (калимаи тоҷикӣ аст) — зиёфат, меҳмондорӣ ва шабнишинҳое, ки дар байни дӯстони ҳамсол, ҳамкасбон бо навбат баргузор мешавад».
Гаштак дар минтақаҳои гуногун
[вироиш | вироиши манбаъ]Гаштак дар гузашта ҳамчун мафҳили суннатӣ дар байни тоҷикони аксари манотиқи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Ҳисор, Самарқанд, Бухоро, Фарғона, Хоразм, Ӯш ва ғ. вуҷуд дошт. Дар солҳои пеш, ки васоили иртиботи ҳамагонӣ ба монанди радио, телевизион вуҷуд надошт, мавқеи гаштак ҳамчун яке аз воситаҳои ба ҳамдигар доштани иртиботи иҷтимоӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ нақши муҳим дошт. Дар замонҳои пеш гаштак бештар дар фасли зимистон баргузор мешудааст. Одатан, пас аз ҷамъ овардани ҳосил то фаро расидани фасли баҳор мардоне, ки аз кадом ҷиҳате ба ҳамдигар умумияте доранд, дар як ҷо ба ҳам меомадаанд.
Ширкаткунандагони ҳар гаштак умумияти хосси худро доранд. Масалан, ҳамсолон, дӯстон, ҳамсояҳо, ҳамдеҳаҳо, ҳамкорон, ҳамсабақҳо ва монанди ин. Аз ҳама муҳим он аст, ки онҳо ба шарти гаштак розӣ ва хоҳиши дар гаштак иштирок кардан дошта бошанд. Як шахс метавонад дар чандин гаштак иштирок кунад. Барои ҷамъ кардани гурӯҳ ҳатман чанд кас бо машварати ҳамдигар тасмим мегиранд ва теъдоди гурӯҳро низ муайян мекунанд. Барои ба гаштак ҳамроҳ намудани хоҳишманде назари ширкаткунандагонро низ мепурсанд. Агар аз шахси мавриди назар, касеро аксарияти гаштакчиҳо напазиранд, ӯро ба гаштак шарик нахоҳанд кард. Гоҳе шахси нисбатан бегонае, ки ба яке аз узви гурӯҳ наздик аст, бо иҷозати гурӯҳ метавонад дар гаштак иштирок кунад ва гоҳе касе метавонад аз гаштак ронда шавад ё ихтиёран онро тарк кунад. Муҳлати баргузории гаштакро аъзои гурӯҳ бо машварат таъйин мекунанд ё яке аз онҳо шарту шароит, замону макони онро пешниҳод менамояд ва дигарон метавонанд дар бораи он ибрози назар кунанд ва бо дар назардоштани андешаҳои гуногун тасмими ниҳоӣ бигиранд.
Баргузорӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Маъмулан гаштак банавбат дар хонаи касе баргузор мешавад. Гаштакро дар ҷойҳои дигар, ба монанди чойхона, соҳили дарё, дашту даман, дар доманаи кӯҳ низ амалӣ мекунанд. Масрафи гаштак дар аксари мавридҳо ба ҳиммати касе вобаста аст, ки даъват мекунад. Вале гоҳе гаштакдор роҷеъ ба зиёфат бо аҳли ҷамъомад машварат менамояд. Ҳамчунин гаштакҳое низ ҳастанд, ки теъдоди ширкаткунандагонашон дақиқ буда, ҳама ҳатман дар гаштак иштирок мекунанд ва ҳар навбат ҳар кас пуле пардохт менамояд. Масалан, агар гаштакчиҳо 10 нафар бошанд, ҳар шахс 100 сомонӣ медиҳад ва дар маҷмӯъ 1000 сомонӣ дар ҳар моҳ ҷамъ мекунанд ва ин пулро ба хонаи даъваткунанда мебаранд, то ки ӯ бо ин пул масорифи зиёфат ва ё яке аз масълаҳои зиндагии худро ҳал кунад. Чи дар гузашта ва чи ҳоло ҳамнишинони дар гаштак ҷамъомада ҳар чизе, ки дар андешаву афкори онҳо мавҷуд аст, ба якдигар мегӯянд, баҳс менамоянд ва шӯхию хушҳолӣ мекунанд.
Ҳоло низ гаштак дар тамоми Тоҷикистон дар ин ё он шакл, новобаста ба мавсими сол, гоҳе баргузор мешавад. Сабаби то ба имрӯз барқарор мондани гашта он аст, ки шахсони ба якдигар наздик дар зиёфат андар боби масъалаҳои гуногуни рӯзгори моддӣ ва маънавии хеш суҳбат мекунанд. Дар ин суҳбат дуо, нақл, латифа, афсона, қисса, ривоят, шӯхӣ, аския ва гоҳе суруду мушоира ва ҳатто шеърхонӣ низ ҳаст.
Вижагиҳо ва шароит
[вироиш | вироиши манбаъ]Гаштак сарваре дорад. Вазифаи сарвари гаштак аз инҳо иборат аст: саривақт мардумро хабар кардан; барои гаштакро сомон додан машварат додан; агар барнома тағйир ёбад, ба иттилои дигарон расонидан; шароитро ба маърака ва маросимҳои ҳамдигар муҳайё кардан; дар гаштак нуқсонҳо пайдо шавад, барои бартараф кардани он машварат додан; дар лаҳзаҳои мушкил ба ҳамдигар дасти ёрӣ дароз кардан ва ғайра.
Шартҳои асосии гаштак ин аст: дар ҳама чиз ҳуқуқи комил доштан; мисли инсонҳои пешрафтаи дунё андеша ва мушоҳидаҳои худро озодона иброз намудан; ба тамоми миллатҳо бо нигаҳ доштани ҳувияти қавмӣ ва миллии худ эҳтиром доштан; дар ҳолати кори муҳим доштан ба гаштак наомадан; пас аз муддате дубора пайвастан; гаштакро тарк кардан.
Пас аз шурӯъи гаштак ҳар кас дар хонаи мизбон мувофиқи синну сол ҷойгир мешавад; калонсолҳо ба пешгаҳи хона мегузаранд, ҷавонон поинтар менишинанд. Агар дар гаштак меҳмоне ташриф оварад, кӯшиш мекунанд, ки тибқи меҳмоннавозии тоҷикӣ ба ӯ аз пешгаҳи хона ҷой диҳанд. Пас аз он ки ҳозирин дар хона ҷойгир шуданд, тибқи одоб аз шахси бузургсол хоҳиш мекунанд, ки ба дасторхон дуо кунад. Як намунаи ин дуоҳо чунин аст:
«Омин! Худоё Худовандо, ҳамин дамҳоро парешон накун. Ҳамеша ба мо чунин меҳмонҳои некро ато кун. Меҳру муҳаббатро аз байни мо канда нагардон. Дар ҳамин хонадон ва хонадони ин ҷо нишастагон ҳам саломатӣ ва ҳам серию пуриро фаровон намо. Аллоҳу акбар!»
Дар гаштак мавзӯъҳои дӯстӣ, инсондӯстӣ, башардӯстӣ, ватандӯстӣ, дӯстии халқҳо, меҳр, меҳмонавозӣ, саломатӣ, кишоварзӣ, боғдорӣ, суруду мусиқӣ, маданияти пешрафта, таърихи гуфторӣ, адабиёти классик ва муосир, ҳикоятҳои латиф дар бораи одамони сода, худшиносӣ, сиёсат, илм, обҳои шифобахш ва ғайра мавриди баҳс қарор мегиранд, ки ҳамаи он як ҷузъи фарҳанги маънавии ҷомеа буда, дар байни худ пайванди ногусастанӣ доранд.
Аксари гаштакҳо барои худшиносии шахс ва миллат нақши сазоворе доранд. Дар гаштак шахс бо мурури замон мавқеи худро пайдо мекунад ва ҳамчун шахсияти мустақилу соҳибназар обутоб меёбад. Бо дигарон ба баҳс мепардозад; назари худро мегӯяд ва назари дигаронро мешунавад, ки ҳамаи ин ба шахсияти ширкаткунандаи гаштак бе таъсир намемонад.
Ҳамин тариқ, гаштак то ба имрӯз дар фарҳанги маънавии тоҷикон, ҳамчун воситаи тафреҳи зиндагӣ, мавқеи худро аз даст надодааст.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Гаштак // Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ. National inventory list of intangible cultural heritage. / Мураттиб: Дилшод Раҳимӣ. — Д. : Истеъдод, 2023. — 304 с.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гаштак / Р. Раҳмонӣ // А — М. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2015—2016, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-79-8.
- Гаштак / О. Муродов, М. Ҳомидҷонова // Гавҳарак — Ирланд. — Д. : СИЭСТ, 1980. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 2).
- Андреев М. С. По этнографии таджиков. Некоторые све- дения. // Таджикистан. Ташкент, 1925;
- Андреев М. С. Поездка летом 1928 года в Касансайский район (Север Фарганы). // Известия Общества для изучения Таджикистана и иранских народностей за его пределами. Т. 1. Ташкент, 1928;
- Айнӣ С. Куллиёт. Ҷ. 5. Д., 1963;
- Снесарев Г. П. Традиция мужских союзов в его позднейшем варианте у наро- дов Средней Азии. // Материлы Хорезмской экспедиции. Вып. 7. М., 1963;
- Таджики Каратегина и Дарваза. / Н. А. Кисляков, А. К. Писарчик. Д., 1966;
- Рахимов Р. Р. «Мужские дома» в традиционной культуре таджиков. Л., 1990;
- Нурджанов Н. Традиционный театр таджиков. Т. 1. Д., 2002.