Георг Беднорс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Георг Беднорс
олмонӣ: Johannes Georg Bednorz
Georg Bednorz speaking at the groundbreaking of the new IBM and ETH Zurich Nanotech Exploratory Technology Lab.jpg
Санаи таваллуд:

16 май 1950(1950-05-16)[1][2][3] (69 сол)

Зодгоҳ:
Мамлакат:
Фазои илмӣ:

физика

Ҷойҳои кор:
Алма-матер:
Роҳбари илмӣ:

Karl Alexander Müller[d]

Ҷоизаҳо:
Commons-logo.svg Георг Беднорс дар Викианбор

Йоҳаннес Георг Беднорс (олмонӣ: Johannes Georg Bednorz; тав. 16 майи 1950, Нойенкирхен, ҶФО) — физикадони олмонӣ.

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи гимназияи "Мартинум "-и ш. Эмсдеттен, Донишгоҳи Вестфалияи Вилгелм дар ш. Мюнстер. Аз с. 1977 дар лаб. физикаи ҷисмҳои сахти Мактаби олии техникии Сюрих таҳти роҳбарии проф. Х. Грэнихер ва А. Мюллер ва аз с. 1982 дар лаб. IBM (International Busness Machines — механизмҳои байналмилалии тиҷорат) дар Сюрих (Швейтсария) кор кардааст. Аз с. 1983 ҳамроҳи К. Мюллер ба омӯзиши фавқунноқилияти баландҳарорати сафоли асосаш аз оксиди мис сохташуда машғул шуд. Соли 1986 онҳо фавқунноқилияти барий-лантан-мисро дар ҳарор. 35 К (-238 °C), ки аз ҳарор. фавқунноқилияти то ин дам ба дастовардашуда 12 К баланд буд, кашф карданд. Барои таҳқиқоти мазкур с. 1987 Беднорс ҳамроҳи К. Мюллер дар соҳаи физика сазовори Мукофоти нобелӣ гардид.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]