Германий
32 | Германий
|
72,61 | |
3d104s24p2 |
Герма́ний, Ge (олмонӣ: Germanium) — унсури кимиёии гурӯҳи IV ҷадвали Менделеев, рақами тартибиаш 32, массаи ат. 72,59.
Таърихи иктишоф
[вироиш | вироиши манбаъ]Германийро соли 1885 олими олмонӣ К. Винклер дар таркиби минерали нуқра — аргиродит кашф намудааст.
Мавҷудият дар табиат
[вироиш | вироиши манбаъ]Мавҷудияти германийро соли 1871 олими рус ДОКТОРИ ИЛМҲОИ Менделеев пешгӯӣ намуда, ба он номи шартии экасилитсий гузошта буд. Германий 7,0∙10−4 % массаи қишри заминро ташкил медиҳад. Аз ҷумлаи унсурҳои камёфт ва парешони рӯи замин буда, дар таркиби минералҳои аргиродит 4Ag2S∙GeS2, германит 3Cu2S∙FeS∙2GeS2, конҳои ангиштсанг ва партовҳои маъдании филиззоти ранга мавҷуд аст. Дар табиат 5 изотопи собити германий бо ададҳои массавии 70Ge, 72Ge, 73Ge, 74Ge ва 76Ge дучор меоянд.
Хосиятҳои физикӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Филиззи сафеди хокистарранг, ҳарорати гудозишаш 958°С, ҳарорати ҷӯшишаш 2850°С, зичиаш 5,35 г/см3.
Хосиятҳои шимиёӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар шароити муқаррарӣ аз нигоҳи кимиёӣ фаъолияти суст дорад. Зери ҳарорати баланд (зиёда аз 700°С) бо аксари ғайрифилиззот, аз ҷумла бо оксиген, сулфур ва галогенҳо ба реаксия дохил мешавад. Дараҷаи оксидшавии пайвастҳояш — 4, +2 ва +4 аст. Бо кислотаҳои беоксиген (HCl) ба реаксия дохил намешавад. Дар кислотаҳои нитрат ва сулфати консентратсияаш баланди гарм ҳал шуда, оксиди GeO2, бо ишқорҳо зери таъсири пероксиди ҳидроген пайвасти маҷмӯӣ (комплексӣ) (K2[Ge(OH)6]), бо ҳидроген герман GeH4, дигерман Ge2H6 ва тригерман Ge3H8 ҳосил мекунад. Пайвастҳои ду ва чорвалентаи германий бо галогенҳо (GeF4, GeGl4, GeCl2, GeBr4, GeI4) низ маълуманд. Ҳангоми реаксияи германий бо оксиген дар ҳарорати баландтар аз 700°С оксиди чорвалентаи GeO2 ва дар ҳарорати паст аз 700°С оксиди дувалентаи GeO ҳосил мегардад. Оксиди GeO2 хокаи сафеди регмонанд буда, дар ҳарорати 1115°С гудохта мешавад. Тетрахлориди германий GeCl4 моеи беранг аст (ҳарорати гудозишаш 83°С). GeCl4 ҳидролиз шуда, оксиди GeO2 ва кислотаи HCl ҳосил мекунад. Ҳидроксидҳои германий — Ge(OH)2 ва Ge(OH)4 хосияти амфотерӣ доранд. Намакҳои Ge(OH)2 — германит (мас., германити калий K2GeO2) ва Ge(OH)4 — германат (мас., германати калий K2GeO3) ном доранд. Германий бо филиззот пайваст шуда, германид ҳосил мекунад. Тетраэтилгерманий (C2H5)4Ge аввалин пайвасти органикии германий мебошад. Тамоми пайвастҳои органикии германий безаҳранд. Германийро аз таркиби ангиштсанг ва партови маъданҳо дар шакли оксиди GeO2 ҷудо карда мегиранд. Усули маълуми ба даст овардани германий истихроҷи он аз пасоби корхонаҳои истеҳсоли кокс аст. Барои ҷудо карда гирифтани германий аз танин истифода мекунанд. Он германийро дар шакли таннид таҳшин мекунад. Дар натиҷаи таҷзияи таҳшин то 45 дарсад оксиди GeO2 ҳосил мегардад. Сипас бо мақсади ба даст овардани германийи холис GeO2 ба тавассути гидроген барқарор карда мешавад.
Корбурдҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Германий нимноқил аст. Аввалин транзистори германий соли 1948 сохта шудааст. Диодҳо ва триодҳои германий дар радио, телевизор, ҳисобмошинҳо, компютер ва ғ. истифода мешаванд. Пардаи ниҳоят нафисе, ки аз хӯлаи германий бо ниобий сохта шудааст, дар −248°С хосияти фавқунноқилии аҷиб дорад. Германийро дар саноати тавлиди филиззот ва истеҳсоли шиша низ ба кор мебаранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ (2016) «Atomic weights of the elements 2013 (IUPAC Technical Report)». Pure and Applied Chemistry 88 (3): 265–91. doi:10.1515/pac-2015-0305.
- ↑ Magnetic susceptibility of the elements and inorganic compounds, in Handbook of Chemistry and Physics 81st edition, CRC press.
- ↑ Weast, Robert (1984). CRC, Handbook of Chemistry and Physics. Boca Raton, Florida: Chemical Rubber Company Publishing. pp. E110. ISBN 0-8493-0464-4.
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 Properties of Germanium, Ioffe Institute.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Кульман А. Г. Общая химия. М., 1979;
- Популярная библиотека химических элементов. М., 1983;
- Шретер В. (ва диг.). Химия. М., 1989;
- Идрисов Т. Кимиёи аносир (элементҳо). Д., 2004.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Германий / Т. Идрисов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
Ин химия мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |