Герман Вейл
олмонӣ: Hermann Weyl | |
Таърихи таваллуд | 9 ноябр 1885[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 8 декабр 1955[1] (70 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | ҳандасаи дифференсиал, назарияи ададҳо[d], риёзиёт[6][5], назарияи гурӯҳҳо[d][6], физики назарӣ[d][6][5], механикаи квантӣ[6], theory of relativity[d][6][5], фалсафа[6] ва philosophy of mathematics[d][6][5] |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори фалсафа[d] (1908) ва шоистагӣ[d] (1910) |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | David Hilbert[d][8] |
Шогирдон | Walter Rotach[d][8], Ernst Wanner[d][8], Jacques Wildhaber[d][8] ва Adolphe Loeffler[d][8] |
Ҷоизаҳо | |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ге́рман Кла́ус Ҳу́го Вейл [Вайл] (олмонӣ: Hermann Klaus Hugo Weyl; 9 ноябр 1885[1][2][3][…], Элмсҳурн[d], Подшоҳии Пруссия[d], Имперотурии Олмон[4][4] — 8 декабр 1955[1], Зюрих[4][4]) — риёзидон ва физикдони олмонӣ, узви АИ миллии ИМА, Академияи ҳунар ва илми ИМА.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1908 Донишгоҳи Гёттингенро хатм кардааст, доктори фалсафа. Шогирди Д. Ҳилберт. Солҳои 1908-13 ва 1930-1933 дар ҳамон ҷо кор кардааст. Солҳои 1913-30 профессори Институти технологии Сюрих, 1933-1955 профессори Институти таҳқиқоти дурнамои Принстон (ИМА).
Корҳои илмии ӯ ба назарияи қаторҳои тригонометрӣ, қаторҳои функсияи ортогоналӣ ва функсияҳои қарибдаврӣ, назарияи муодилаҳои дифференсиалӣ ва интегралӣ (аз ҷумла назарияи спектрии операторҳои дифференсиалӣ), инчунин назарияи функсияҳои тағйирёбандаи маҷмӯӣ бахшида шудаанд. Герман Вейл дар назарияи функсияҳои тағйирёбандаи маҷмӯӣ асосҳои он самтҳояшро гузошт, ки ба мафҳуми сатҳи риманӣ такя мекунанд. Дар назарияи ададҳо ҷамъҳои Герман Вейл маъмуланд, ки дар назарияи зиёдшавии (аддитивии) ададҳо аҳаммият доранд (хусусан барои корҳои И. М. Виноградов). Ҳамроҳи Э. Ж. Картан назарияи гурӯҳҳои бефосиларо тадқиқ кард, ки дар геометрияи дифференсиалӣ, физика ва назарияи нисбият истифода мешаванд. Ҳамроҳи Я. А. Схоутен мафҳуми фазои риманиро барои фазои алоқамандии аффинӣ ва конформӣ умумият дод. Мафҳуми алоқамандии аффиниро дар математика (дар геометрияи дифференсиалӣ ва физика мақоми муҳим дорад) ворид намуд. Муаммои татбиқи метрикаи мунтазами каҷии мусбатро дар фазои сеченаи уқлидусӣ, ки барои кура дода шудааст, пешниҳод намуд (1915). Бо ёрии назарияи гурӯҳҳо баъзе натиҷаҳое ба даст овард, ки ба назарияи спектрҳо (тайфҳо)-и атомӣ мансубанд. Соли 1924 назарияи пешниҳоди гурӯҳҳои табдилотро таҳия намуд. Ӯ аҳаммияти назарияи гурӯҳҳоро барои инкишофи механикаи квантӣ таҳқиқ кард (1927). Дар соҳаи фалсафаи математика Герман Вейл ба равияи интуитсионизм пайравӣ мекард. Ба Герман Вейл ақидаи фарорасии буҳрони нав ба математика тааллуқ дорад. Дорандаи мукофоти Лобачевский (1927).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
- ↑ 3.0 3.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 4.4 4.5 4.6 4.7 4.8 Deutsche Nationalbibliothek Record #118816624, Record #181399709 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ 5.0 5.1 5.2 5.3 5.4 5.5 Вейль, Герман (рус.) // Варлен — Венглейн (БСЭ1) — 1928. — Т. 9. — С. 183.
- ↑ 6.0 6.1 6.2 6.3 6.4 6.5 6.6 Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ Newman M. H. A. Hermann Weyl, 1885-1955 (ингл.) // Biogr. Mem. Fellows R. Soc. / J. T. Stuart — The Royal Society, 1957. — Vol. 3. — P. 305. — ISSN 0080-4606; 1748-8494 — doi:10.1098/RSBM.1957.0021
- ↑ 8.0 8.1 8.2 8.3 8.4 Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вейл Герман Клаус Хуго // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 9 ноябр
- Зодагони соли 1885
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Даргузаштагони 8 декабр
- Даргузаштагони соли 1955
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Риёзидонон аз рӯи алифбо
- Физикдонон аз рӯи алифбо