Глухов Иван Алексеевич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Глухов Иван Алексеевич
Глухов Иван Алексеевич
Санаи таваллуд:

1913

Санаи марг:

2005

Фазои илмӣ:

олим

Глухов Иван Алексеевич - олим, доктори илми химия (1966), профессор (1969). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1981).[1]

Зиндагинома[вироиш]

Глухов Иван Алексеевич Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёнаро хатм кардааст (1956), ихтисос – «химия». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: химия ва технологияи хлорноксозии пастҳароратӣ. Мудири озмоишгоҳи Пойгоҳи осиёимиёнагии «Главпарфюмер» (1944-1946), мудири озмоишгоҳи химияи металлҳои нодири Институти химияи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1956-1982), мудири гурӯҳи технологияи хлори Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои ҶТ (1982-1997).

Мукофот[вироиш]

  • Бо медали «Барои меҳнати шоиста»,
  • Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.
  • Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1973).

Манобеъ[вироиш]

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.