Иван Глухов
Зоҳир
Таърихи таваллуд | 4 май 1913 |
---|---|
Таърихи даргузашт | 2 январ 2005 (91 сол) |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои химия |
Алма-матер | Университети давлатии Осиёи Марказӣ (1956) |
Глухов Иван Алексеевич (4 майи 1913, деҳаи Чиноз, ҳоло вилояти Сирдарё, Узбакистон — 2 январи 2005, Душанбе, Тоҷикистон) — кимиёдон, доктори илми химия (1965), профессор (1968), узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2003). Ходими хидматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1973).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи факултаи кимиёи Университети давлатии Осиёи Марказӣ (1956). Дар идораҳои Комиссариати халқии тандурустии ҶШС Тоҷикистон ва макотиби олии пойтахт кор кардааст. Ходими илмӣ (аз 1946), мудири лабораторияи элементҳои нодири Институти кимиё (аз 1956) буд. Иван Глухов дар бораи кимиё ва филиззоти волфраму молибден пажӯҳиш анҷом додааст. Натиҷаҳои таҳқиқоти Иван Глухов ба соҳаи нави кимиёи равандҳои хлоридӣ (хлоронии маъданҳо дар ҳарорати паст) замина гузоштанд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Медали «Барои меҳнати шоиста»,
- Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон,
- Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1973).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Глухов Иван Алексеевич // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
Гурӯҳҳо:
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 4 май
- Зодагони соли 1913
- Даргузаштагони 2 январ
- Даргузаштагони соли 2005
- Докторони илмҳои химия
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Кимиёшиносони Тоҷикистон
- Аъзои вобастаи АИ Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Арбобони шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо