Гугуш
Фойиқаи Оташин озарбойҷонӣ: Faiqə Atəşin; форсӣ: فائقهٔ آتشین 5 май | |
Иттилооти асосӣ | |
Номи пурра | Фойиқаи Оташин |
Таърихи таваллуд | 5 май 1950 (74 сол) |
Зодгоҳ | |
Солҳои фаъолият | 1953 — то ҳол |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | ҳунарпеша, овозхон |
Сабк | мусиқии поп ва попи эронӣ[d][1] |
Ношир(он) | Avang Music[d], Caltex Records[d] ва Taraneh Records[d] |
googooshconcerts.com(англ.) | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Гугуш (озарбойҷонӣ: Ququş, форсӣ: گوگوش; номи ҳақиқӣ — Фойиқаи Оташин, озарбойҷонӣ: Faiqə Atəşin; форсӣ: فائقهٔ آتشین); 5 майи 1950, Теҳрон) — оавозхон ва ҳунарпешаи машҳури эронии озаритабор[2][3]. Дар солҳои 70-ум яке аз маъмултарин овозхон ва ҳунарпешаи Эрон буд. Инчунин дар Туркия, Қафқоз, ИМА, Осиёи Марказӣ хеле маъруф аст. Ӯ дар ИҶШС ба шарофати филми «Дар имтидоди шаб» шуҳрат ёфта буд.
Ҳаёт ва эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Фойиқаи Оташин 5 майи соли 1950 дар кӯчаи Саричашмаи Теҳрон дар оила Собир ва Насрин Оташин ба дунё омадааст. Падару модари ӯ пеш аз ба дунё омаданаш аз Озарбойҷон ба Эрон бармегарданд. Гугушро аз наврасӣ ба суруду кино (дар 7-солагӣ дар филми «Бим ва умед») ҷалб мекунанд. Дар соли 1971 бо суруди Кон «Retour de la ville» ва «J’entends crier je t’aime»[4] бо забони фаронсавӣ месарояд ва соҳиби ҷойи аввал мегардад.
Фойиқаи Оташин тахаллуси армяниро бо номи «Гугуш» аст интихоб мекунад, ки ҳамчунин номи писарона аст[5]. Ҳангоми таваллудаш чунин номро волидайн ба ӯ муносиб донистанд, вале аз сабаби он, ки номи писарона буд ҳангоми бақайдгирӣ душворӣ пеш омад, аз ин рӯ, бо номи «Фойиқа» ӯро ба қайд гирифтанд.
Гугуш, ки дар баробари таронаҳои форсӣ, ҳамчунин сурудҳои ҳиндӣ, арабӣ, озарӣ, арманӣ, англисӣ, испанӣ, фаронсавиро месарояд, ба зудӣ берун аз Эрон дар Афғонистону Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Ҳинду, Ироқу Қафқоз ва чандин мамолики Аврупову ИМА маъруф гардид. Пас аз Инқилоби исломии Эрон (1979) Гугуш муддате аз саҳнаи ҳунар дур мешавад. Соли 2000 ӯ ба ИМА ҳиҷрат намуда, муқими Лос-Анҷелес шуд ва фаъолияти ҳунариашро дубора оғоз мекунад. Дар соли 2002 Гугуш бо суруди «Ғариби ошно» ба андешаи BBC маъруфтарин суруд дар Осиёи Шарқӣ мегардад.
Суруди машҳури ӯ бо забони озарӣ композитсияи «Ayrılıq» (тоҷикӣ: «Ҷудоӣ»), ки бори аввал овозхон соли 1972 сабт намуд дар консерти якаи худ сароид. Фойиқа дар ҳама вохуриҳо хешро, аз миллати эронӣ на озарбойҷонӣ маъруфӣ мекунад, аммо, падарашро аз миллати озарбойҷонӣ мегӯяд ва пинҳон намедорад, ва худаш каме ба забони озарӣ суханронӣ карда метавонад.[6][7]
Оила
[вироиш | вироиши манбаъ]Гугуш 3 маротиба ба шавҳар баромадааст. Аз никоҳи аввал писаре дорад бо номи Комбиз, ки ӯ ҳам сароянда аст.
Филмшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Тарс ва умед» (بیم و امید ,1960)
- «Фариштаи фирорӣ» (فرشتۀ فراری ,1960)
- «Партгоҳ махуф» (1963, پرتگاه مخوف)
- «Шайтуни бало» (شیطون بلا ,1965)
- «Гадоёни Теҳрон» (گدايان تهران ,1966)
- «Фил ва финҷон» (فيل و فنجان ,1966)
- «Ҳуссайн Кард»(حسين كرد ,1966)
- «Чор хоҳарон» (چهار خواهر ,1967)
- «Дарвозаи тақдир» (دروازه تقدير ,1967)
- «Ганҷ ва ранҷ» (گنج و رنج ,1967) Treasure and Toil
- «Дар ҷустуҷӯи табаҳкорон» (در جستجوي تبهكاران ,1967)
- «Се девона» (سه دیوانه ,1968)
- «Шаби фариштагон» (شب فرشتگان ,1968)
- «Ситораи ҳафт осмон» (1968, ستاره هفت آسـمان)
- «Гуноҳи зебоӣ» (گناه زيبايی ,1969)
- «Тулӯъ» (طلوع ,1970)
- "Ҷанҷоли арӯсӣ " (1970, جنجال عروسی)
- «Панҷара» (1970, پنجره)
- «Эҳсоси доғ» (احساس داغ ,1971)
- «Осмони бе ситора» (سـمون بی ستاره1970)
- «Бито» (بیتا ,1972)
- «Хаёлотӣ»(1973, خیالاتی)
- «Мамли амрикоӣ» (1975, ممل امریکایی)
- «Нозанин» (نازنین ,1975)
- «Ҳамсафар» (همسفر ,1975)
- «Шаби ғарибон» (1975, شب غریبان)
- «Моҳи асал» (ماه عسل ,1976)
- «Дар имтидоди шаб» (1977, در امتداد شب)
- «Имшаб ашке мерезад» (1979, امشب اشکی می ریزد)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ http://www.rawstory.com/rs/2014/02/iranian-pop-queen-googoosh-promotes-lgbt-rights-in-new-music-video/
- ↑ Iran Chamber Society.
- ↑ GJ Breyley, Sasan Fatemi.
- ↑ Encyclopédisque — Disque : Retour de la ville
- ↑ Abbas Milani.
- ↑ Алиева, Кямаля. Коллега о национальной принадлежности Гугуш - ее не в чем винить, Sputnik Азербайджан (20 сентябри 2017). Проверено 21 сентябри 2017.(пайванди дастнорас)
- ↑ 1news. «Пускать нельзя прогнать», или Страсти по Гугуш – ФОТО - ВИДЕО. Проверено 5 Декабри 2017.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гугуш // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Саҳифаи расмии «Гугуш» дар шабакаи иҷтимоии Facebook
Видео
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 5 май
- Зодагони соли 1950
- Зодагони шаҳри Теҳрон
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Овозхонҳои Эрон
- Сарояндаҳои порсизабон
- Сарояндаҳо ва сарояндазанҳо аз рӯи алифбо
- Ҳунарпешазанҳо аз рӯи алифбо
- Мусиқӣ дар Эрон
- Ҳунарпешазанҳои Эрон