Гулафзо Савриддинова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Savriddinova.JPG

Савриддинова Гулафзо (тав. 12.09.1947[1], ш. Исфара), ходими давлатии Тоҷикистон, Корманди шоистаи фарханги ЧТ. Донишгохи хоҷагии халқи Москва (1969), Мактаби олии хизбии ш. Тошканд (1985). Фаъолияти мехнатиаш аз иктисодчии идораи савдои ш. Шӯроб с. 1969 огоз шудааст. Раиси иттифоки касабаи кормандони саноати махалли, раиси XМШ (1972-1977), муовини раиси комичроияи шурои депутатҳои халқи шаҳр (1977-1980), котиби кумитаи шаҳрии хизби коммунист (1980-1983), раиси комичроияи шурои депутатҳои халқи шаҳр (1982-1983), котиби якуми кумитаи хизби коммунисти ш. Исфара (1983-1985), мудири шуъбаи маданият, шуъбаи савдо ва хизматрасонии маишии КМ ПК Тоҷикистон (1985-1988), котиби аввали кумитаи шаҳрии хизб ва раиси Шурои депутатҳои халқ, раиси ш. Исфара (1988-1996), муовини Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997-2000) ва аз моҳи марти с. 2000 муовини Раиси Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Хизматҳои Савриддинова бо ордени «Дусти» ва медалу ифтихорномаҳо қадр шудаанд. Вакили Шурои Олии Чумҳурии Тоҷикистон (даъватҳои 12, 13), вакили халқии Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон (даъвати 1) интихоб шудааст.

Сарчашма[вироиш]

  1. САВРИДДИНОВА Гулафзо Азия Плюс http://news.tj/ru/personality/savriddinova-gulafzo