Гули Сурх (шаҳрак)
Зоҳир
Маҳалли аҳолинишин | |
Кишвар | [[|]] |
---|---|
Таърих ва ҷуғрофиё |
Гули Сурх — шаҳрак дар ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калони ноҳияи Истаравшан.
Аз Гули Сурх то маркази ноҳия 2 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 350 нафар (2014). Гули Сурх дорухона, 3 ошхона, чойхона, меҳмонхона, устохонаи таъмири автомобил, масҷиди панҷвақта, нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Идораи «Тоҷикматлубот»-и ноҳияи Истаравшан дар Гули Сурх ҷойгир шудааст. Мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Қалъачаи Калон ва литсейи № 1-и маркази ноҳия таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз обанбори Каттасой обёрӣ мешаванд. Аҳолиаш аслан ба тиҷорат ва соҳибкорӣ машғуланд. Дар ҳудуди Гули Сурх 3 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гули Сурх // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.