Варсиқ
Намуди зоҳир
| Деҳа | |
Варсиқ | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Суғд |
| Ноҳия | Истаравшан |
| Ҷамоат | Деҳоти Чорбоғ |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 3427 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 3454 |
Варсиқ — деҳа дар ҷамоати Деҳоти Чорбоғи ноҳияи Истаравшан. Аз Варсиқ то маркази ҷамоат 1 км², то маркази ноҳия 9 км² роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 3427 нафар (2017).
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, 2 нуқтаи савдои хусусӣ, 2 чойхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо тавассути чоҳҳо обёрӣ мешаванд. Тибқи иттилои маъхазҳо Варсиқ аз вожаи суғдии варзик — кишоварз гирифта шудааст. Мувофиқи манобеъҳои дигар аз калимаи васиқа мустақ шудааст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Тақрибан дар асрҳои 18 (то забти мулки Ӯротеппа (Истаравшан) аз тарафи артиши Руссияи подшоҳӣ) замини Варсиқ аз тарафи ҳокимони он замон ба масҷиди «Ҳазрати шоҳ»-и шаҳр васиқа гардида, замини вақфи масҷид ба ҳисоб мерафт ва Варсиқ ном бурда мешуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Варсиқ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2