Суркат (деҳа, н. Истаравшан)
Деҳа | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Истаравшан |
Ҷамоат | Деҳоти Пошкент |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 3724 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Вақти минтақавӣ | UTC+5 |
Коди телефон | +992 3454 |
Нишонаи почта | 735610 |
Коди мошин | TJ02 |
Суркат — деҳа дар ҷамоати деҳоти Пошкенти ноҳияи Истаравшан. Аз Суркат то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 4 км. Аҳолиаш 3724 нафар (2017).
Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин деҳа хоку кӯҳу пуштааш сурх буда барои ҳамин Сурхкат мегуянд. Дар садаи XVIII дар ин деҳа (Сурхкати Масчоҳи кухи) ярч яъне лағжиши кӯҳ ба вуҷуд меояд. Дар деҳа кӯҳе бо номи Испотан мавҷуд аст, ки порае аз он ҷудо шуда ба деҳа мефарояд. Мардуми қобили кори деҳа дар дигар қисмати деҳа ба кишоварзӣ машғул буданд, дар деҳа танҳо занону кӯдакон иқомат доштанд. Деҳа пурра нопадид гашта зери сангу хоки ярч монд. Он замон волости Мастчоҳ ки ба уезди Уроттеппа тобеъ буд мардум ба ин қисмат кӯчонида шуданд. Қисмате аз мардуми деҳа дубора барои эхёи деҳаи аҷдодӣ ба Сурхкати Кӯҳистони Масчо бармегарданд. Имруз дар забони гуфтугӯии мардум Сурхкат неву Суркат аст.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2