Гулнора Муродалиева
Муродалиева Гулнора Сайидалиевна | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Гулнора |
Номи пурра | Муродалиева Гулнора Сайидалиевна |
Таърихи таваллуд: | 8 декабр 1960 (63 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Ҷаббор Расулов |
Навъи фаъолият: | рӯзноманигор, нависанда, тарҷумон |
Гулнора — рӯзноманигор, нависанда, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2012)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Гулнора (Муродалиева Гулнора Сайидалиевна) 8 декабри соли 1960 дар ноҳияи Пролетар (ҳозира Ҷаббор Расулов) таваллуд шудааст. Соли 1978 мактаби миёнаи № 2 ба номи М. Горкий, соли 1982 Донишгоҳи давлатии педагогии ба номи С. М. Кировро ба поён расондааст. Солҳои 1982—1986 дар рӯзномаи «Пролетар тонгӣ» ва Ҷамъияти китобдӯстони ноҳия шуғл варзида, солҳои 1986—1997 дар ноҳияи Ленин (Рудакӣ), дар мактаби миёнаи № 6, омӯзгорӣ кардааст. Солҳои 2001—2011 сармуҳарририи маҷаллаи ӯзбекии «Нафосат»-ро низ бар уҳда доштааст. Аз соли 1998 дар рӯзномаи «Халқ овози» фаъолият дорад. Ҳамчунин машғули тарҷумонист. Аз соли 2012 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи китобҳои бадеӣ ва публитсистии «Аз худ гузашта…» (2000), "Туро мепарастам, олами афсонаҳо (2001), «Дардҳои дили ман» (2002), «Марди дарёдил» (ҳамроҳи Ҷӯрақул Аҷиб, 2004), «Симои накӯкор» (2002), «Қисмати нурафшон» (2003) аст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ;
- Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.[1]
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с.70 ISBN 978-99947-2-379-9
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 8 декабр
- Зодагони соли 1960
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ҷаббор Расулов
- Рӯзноманигорон аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Рӯзноманигорони Тоҷикистон
- Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон
- Тарҷумонҳои адабиёти бадеӣ
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Тарҷумонҳои Тоҷикистон
- Занон-нависандаҳои асри XX-и Тоҷикистон