Гургак
Зоҳир
Гургак — чанд навъ харбузаи тирамоҳиро гуянд. Масалан, Гургаки ало, Гургаки сабз, Гургаки сафед ва Гургаки сиёҳ.
Гургаки алоро асосан дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, инчунин вилояти Хоразми Узбакистон кишт мекунанд. Баъди 100—105 рӯзи кишт мепазад. Хар палакаш 2—3 харбуза мебандад. Шаклаш кулула, тухммонанд, қутраш 20—40 см, вазнаш 5—9 кг; пӯсташ суфта, гафси қаиш, турӣ зич ё рахҳои ноаёни дароз ва нақш-ҳои халкамонаиди сабз дорад. Рангаш сафеди хокистарӣ. Мағзаш ғафс (7—9 см)-и сафед, сершира ва хуштаъм.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гургак // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.