Jump to content

Гӯсфанди маҳинпашми дарвозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гӯсфанди маҳинпашм Damshahkooh

Гӯсфанди маҳинпашми дарвозӣ - ба гурӯҳи гӯсфандҳои зотҳои гӯшту маҳинпашм тааллуқ доранд. Онҳо дар минтақаи кӯҳии ҷумҳурӣ бо усули ҷуфтикунонии мешҳои маҳаллии хеле ҳам каммаҳсули дарвозӣ бо қӯшқорҳои зоти вертембергӣ ва қирғизӣ, сипас дурагаи онҳо бо зоти қӯшқорҳои қафқозӣ офарида шудаанд (Лебедев И. Г., ва дигар). Дар онҳо ба андозаи бештар сифатҳои мусбии зотҳои авлодӣ таҷассум ёфтаанд. Гӯсфандҳо андозаи хеле барҷаста, шакли дурусти экстерер, конститутсияи пурқувват, устухонбандии устуворро, ки дар мавзеъҳои ноҳамвори кӯҳӣ, ҳаракати хуб, тобоварӣ, қобилияти такрористеҳсолкунии мӯътадилро таъмин мекунад, доро мебошанд. Пашмашон маҳин, сафед, якҷинса, бо дарозии камволӣ, асосан сифати 64-ум бо хосиятҳои мӯътадили технологӣ тавсиф меёбад. Тароши пашм дар намуди табиӣ: дар мешҳо 4 кг, қӯшқорҳо7кг, баъзан то ба 8 ва 10,5 кг мерасад. Баромади нахи соф 50-52%-ро ташкил медиҳад. Наслнокӣ 120-125 барра ба 100 сар меш мебошад. Дар баробари пашм, гӯсфандони маҳинпашми дарвозӣ (помирӣ) маҳсулнокии хуби гӯштӣ низ доранд. Ин гӯсфандон дар сурати мӯътадил фарбеҳ буданашон 52-53% гӯшти соф медиҳанд. Қабати гӯшт равғандор буда, нисбат ба гӯшти дигар зотҳои маҳинпашми берун аз ҷумҳурӣ, бо хуштаъмияш фарқ мекунад.[1]

Парвариши зоти маҳинпашми дарвозӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гӯсфандони маҳинпашми дарвозӣ (помирӣ) ҷисман хеле мустаҳкаманд, дар пастию баландиҳои кӯҳ чобук ҳаракат мекунанд, ба тағйироти обу ҳавои кӯҳистон мувофиқ ва бинобар ғафсии қабати пашмашон ба сармои зимистон тобовар мебошанд.Гӯсфандони маҳинпашми дарвозӣ дар ноҳияҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ ноҳиябандӣ гардида, ҳоло дар хоҷагиҳои зотпарвари «Оличабулоқ» «Кангурт»-и ноҳияи Темурмалик, «Тебалай» -и ноҳияи Муъминобод ва «Сағирдашт»-и ноҳияи Дарвоз афзоиш дода мешаванд.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: