Jump to content

Зулфия Давлатзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Давлатзода, Зулфия Давлат)
Зулфия Давлатзода
Давлатзода Зулфия Давлат
24 январи соли 2020 — 29 январи соли 2024
Пешгузашта Шамсиддин Орумбекзода
Ҷонишин Матлубахон Сатториён

Таваллуд 13 март 1974(1974-03-13) (50 сол)
Таҳсилот Донишгоҳи давлатии Хоруғ

Зулфия Давлатзода (Давлатзода Зулфия Давлат; 13 марти 1974, Хоруғ, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон) — ходими давлатии тоҷик. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020—2024).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Давлатзода Зулфия Давлат 13 марти соли 1974 дар шаҳри Хоруғ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна таҳсилро дар риштаи филологияи шарқ дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев идома дода, соли 1997 ин муассисаро бо муваффақият хатм кардааст[1].

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1997—2007 дар идораи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳайси хабарнигор фаъолият бурда, соли 2007 ба вазифаи сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ таъйин гардидааст. Баъди як соли фаъолият дар ин вазифа ӯро Сардори идораи телевизион ва радиои ВМКБ таъйин мекунанд. Зулфия Давлатзода дар ин вазифа то соли 2014 фаъолият мебарад.

Солҳои 2014—2015 ба ҳайси директори Муассисаи давлатии Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ВМКБ иҷрои вазифа намудааст.

Солҳои 2015—2019 дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муовини раис фаъолият бурда, оғози моҳи январи соли 2020 муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст.

24 январи соли 2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст[2].