Jump to content

Шамсиддин Орумбекзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шамсиддин Орумбекзода
Орумбекзода Шамсиддин Шодибек
21 ноябри 2013 — 24 январи 2020
Президент Эмомалӣ Раҳмон
Пешгузашта Мирзошоҳрух Асрорӣ
Ҷонишин Зулфия Давлатзода

Таваллуд 18 март 1956(1956-03-18) (68 сол)
Таҳсилот Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идоракунии шаҳри Тошканд
Ҷоизаҳо Ордени Шараф
Корманди шоистаи Тоҷикистон

Шамсиддин Орумбекзода (Орумбекзода Шамсиддин Шодибек; 18 марти 1956, ноҳияи Шуғнон, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон) — ходими давлатии тоҷик. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013—2020), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2019).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Орумбекзода Шамсиддин Шодибек 18 марти соли 1956 дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст[1]. Маълумоташ олӣ, соли 1977 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог ва соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идоракунии шаҳри Тошкандро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм кардааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти кориашро соли 1977 ба ҳайси омӯзгори мактаб шурӯъ намуда, дар давоми солҳои 1978—1980 дар вазифаҳои муҳаррири кумитаи телевизион ва радиои ВМКБ, солҳои 1980—1995 инструктор, муовини мудири шуъба ва муовини раиси кумитаи иҷроияи Шурои намояндагони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардааст. Аз соли 1995—1997 дар мансаби сардори раёсати фарҳанг ва иттилооти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва аз соли 1997 то 2000- ум раиси идораи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуда кор кардааст.

Солҳои 2000—2011 дар вазифаҳои роҳбари дастгоҳи Раиси ВМКБ, муҳаррири рӯзномаи «Мӯнис», раиси ноҳияи Шуғнон, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият намудааст. Аз моҳи ноябри соли 2011 дар мансаби Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо кор кард

Аз 21 ноябри соли 2013 то 24 январи соли 2020 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Бо ордени Шараф ва Корманди шоистаи Тоҷикистон (2019) сарфароз гардида, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

  1. Шамсиддин Орумбекзода(рус.). culturalforum.ru. 18 марти 2023 санҷида шуд.