Jump to content

Дайн

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Дайн (ар. دَيْن‎ – қарз, вом, муомилаи ғайринақдӣ) — дар истилоҳи фиқҳӣ-ҳуқуқӣ муомилаи муҳлатдори молӣ, қарордоди ғайринақдӣ, додугирифт ба насия ва ҳуқуқи ғайримолие, ки ба зиммаи шахс собит ва лозим мегарданд, муқобили айн.

Мурод аз Дайн ҳаққи молӣ, муомилаи муҳлатдор ва ҳуқуқи дигаре аст, ки ба сурати қарордодҳои катбӣ, додуситадҳои шифоҳӣ ё бо пешбинии шаръ ба зиммаи шахс воқеъ шуда ва шомили тамоми муомилоте мегардад, ки ба тариқи қарз, байъ, иҷора, талафи моли ғайр, ҷиноят, маҳри муъаҷҷал ва ғайра собит шудаанд ва намоз, рӯза, закот ва дигар ҳуқуқи илоҳие, ки бо пешбинии шаръ собит гаштаанд. Ончи ба ҳуқуқи бандагон тааллуқ дорад, пас аз поёни муҳлати муқарраргардида ё бояд пардохт шавад ё ба муҳлати наве таҷдид ва тамдид гардад ва ҳуқуқи илоҳӣ бо фаро расидани вақти он бояд аз зимма соқит гардонида шаванд.

Истилоҳи Дайн аз ҷиҳати луғавӣ маънои қарз – вомро мерасонад, вале аз назари фиқҳӣ дар тафосиле аз қарз фарқ мекунад,қарз хостараз Дайн аст ва ба он пул ва маблағе гуфта мешавад, ки ба шахсе ба сурати вом дода мешавад, матолиби марбут ба он умдатан дар зайли моддаи фиқҳии дигаре баррасӣ мешавад. Фарқи Дайн аз айн дар он аст, ки Дайн ба авсофи ашё (назди машоихи ҳанафӣ) ва манофеи онҳо низ (назди ҷумҳури аиммаи мазоҳиб) тааллуқ мегирад ва айн ба зот ва айни ашё. Шахси дайндиҳандаро доин ва дайнгирандаро мадюн ва мадин гӯянд.

Дайн ба эътибори тааллуқаш ба зиммаи шахси мадюм ба ду қисм тақсим мешвад, Дайни мутлақ ва Дайни мувассақ. Дайни мутлақ ба таври умум ва Дайнии мувассақ ба айн ва ё бахше аз моли айн ба зиммаи мадюнсобит шудааст, ки он санади дарёфти ҳақро барои соҳибаш мувассақтар мегардонад, ба монанди моли раҳн. Пас пардохти Дайн мувассақ ҳам дар замони ҳаёти шахси мадюн ва ҳам пас аз маргаш муқаддам бар Дайнҳои дигар аст ва назди ҷумҳури фуқаҳои мазоҳиб ба айни мол қабл аз табдил шудани он ба моли тарака тааллуқ мегирад ва бояд пеш аз таҷҳизу такфин ва дигар ҳуқуқи молӣ бароварда шавад. Дар дарёфти Дайни мутлақ бошад, ҳамаи доинон ҳам дар замони ҳаёти шахси мадюн ва ҳам пас аз маргаш ҳаққи баробар ва муштарак доранд.

Худованд барои ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва таъмини амалияҳои молии мардум ояте бо номи ояти Дайн [1]. нозил ва дар он муҳимтарин асосҳои қонуни муомилоти муҳлатдори молиро, ки имрӯз бо номи қарордодҳои нотариалӣ маъруф аст, баён намудааст. Дар ояти Дайн роҳнамоиҳои муҳимме бораи омода сохтани санади қайди хатти (нотариалӣ)-и додугирифтҳои Дайнӣ ва дигар қарордодҳои муҳлатдор, аз қабили гузаронидани шоҳид, риояи адолат дар навиштан ва имло кардан, ҳимояи қонунии котиби шартнома ва шоҳид ва ҳамчунин, ба гарав ниҳодани чизи боарзише ба ҷои санади китобати қарордод дар ҳолати сафар ва ғайра зикр гардидааст, ки аз сӯи фақеҳон ба истеҳбоб ва иршодоти тавсиявӣ ҳамл шудаанд.

Ояти Дайн нахуст тавсия мекунад, ки санади дарёфти муносибатҳои Дайнӣ ва ҳар гуна қарордодҳои муҳлатдори молӣ аз ҷониби шахси мавриди муомала ва тарафи дуюм навишта шавад ва дар он чанд амр ва ё коргузориҳои идорӣ ба таври ҷудогона анҷом гиранд:

а) Котиб ва бақайдгирандаи қарордоди Дайнӣ бояд шахси бетараф – ғайр аз додугирифткунандагон ва ду тарафи қарордод бошад. Тибқи ин банди оятбояд дар марказҳои маскунӣ ва нуқтаҳои доимии доду ситадҳои молӣ маркази бақайдгирии санадҳои ҳуқуқӣ (нотариус) ва ё идораи китобати санадҳои ҳуқуқии муомилоти молӣ бунёд гардад. Эй касоне, ки имон овардаед, вақте бо якдигар ба таври дайнӣ то муҳлати муайяне муомилаи молӣ кардед, онро бинависед!

б) Ҳар доду гирифти Дайние, ки дар миёни ду нафар ва ё бештар аз он сурат мегирад, бояд китобат ва қайд шавад, то аз сӯи мадюн ва тарафи дуюми муомила мавриди инкор қарор нагирад ва соҳиби мол барои талаби моли худ санади ҳуқуқие дошта бошад.

в) Дайн ва ҳар гуна муомилаи молие, ки бо муҳлат анҷом мегирад, бояд муҳлати он дар санади муомила мушаххас ва муайян гардад,то ба низоъ ва норозигии тарафайн наанҷомад ва он додугирифти молие, ки дар он муддат муайян нашудааст, шаръан ҷоиз нест.

г) Шахси котиб ва бақайдгирандаи санади ҳуқуқии муомилот бояд бетарафона, аз рўи адолат ва бо риояи ҳуқуқҳои молии ду тараф онро ба қайд гирад. Тарафайни муомила низ бояд котиберо барои ин кор талаб намоянд, ки ба адолат ва бетарафии ӯ итминон дошта бошанд. Бояд котибе дар миёни шумо онро бар асосиадолатбинависад.

ғ) Шахси котиб ва бақайдгиранда набояд аз навиштани санади меъёрии онҳо ба ҳамонсурате, ки Худо навиштани коргузориҳои ҳуқуқиро ба вай омӯхтааст, худдорӣ намояд ва ё бо баҳонаҳое онро ба таъхир андозад. Ҳеч котибе набояд аз навиштани (санади меъёрии онҳо), ҳамон тавре ки Худо (навиштани коргузориҳои ҳуқуқиро) ба вай омӯхтааст, худдорӣ намояд.

д) Шахсе, ки ҳуқуқҳои молӣ бар зиммаи ӯст (мадюн ва тарафи дуюми қарордод), бояд онро имло намояд. Яъне шахси гиранда бояд имло намояд ва барои котиб миқдор ва муҳлати молеро, ки гирифтааст ва ҳамчунин ҷузъиёти дигари қарордодро бо тафсил бигӯяд ва котиб ҳамаи онро қайд намояд ва ҳатман ба ҳангоми имло он тарс ва тақвои Худоро дошта бошад ва аз ҳуқуқҳои молие, ки дарёфт намудааст, чизеро коста насозад. Санад ҳатман, бояд дар ҳузури шахси дайндиҳанда ва соҳиби мол пур карда шавад. Пас (котиб) бояд бинависад ва шахсе, ки ҳақ бар зиммаи ӯст, имло намояд ва (дар раванди ташкил додани он санади ҳуқуқӣ) тарс ва тақвои Худоро дошта бошад ва аз (моли дарёфтнамудааш) чизеро коста насозад.

е) Агар шахси мадюн – тарафи дуюми қарордод сафеҳ (беақл ва ё ноқисулақл) ва ё ҷисман нотавон (хурдсол ва ё пири фартут) бошад ва ё бо сабабҳои дигаре худаш имло карда натавонад, пас валӣ (сарпараст ва ё коргузор)-и ӯ ҷузъиёти муомиларо бо адлу инсоф бар котиб имло намояд. Агар шахсе, ки ҳақ бар зиммаи ӯст, сафеҳ ё нотавон бошад ва ё (бо сабабҳои дигаре) худаш имло карда натавонад, пас валӣ (сарпараст ва ё коргузори) ӯ (онро) бо адл имло намояд.

ё) Санади меъёрӣ бояд дар ҳузури ду шоҳид тартиб дода шавад вашоҳидҳо бояд ду мард ва мусалмон бошанд, агар дар вақти тартиб додани санади қарордод ду марди мусалмон ёфт нашавад, пас бояд як мард ва ду зани мусалмон аз миёни гувоҳоне, ки тақво ва амонатдории онҳо мавриди итминони ду тарафи муомила ҳастанд, шоҳид гирифта шавад. Зеро аз назари шаръ он санади меъёрӣ бе ҳузури ду шоҳид муътабарва ҳуҷҷати шаръӣ ба ҳисоб намеояд. «Ва ду шоҳиде аз мардони худ бигиред!»

Дар он шоҳидҳо бояд ду шарт вуҷуд дошта бошад: Мусалмон ва одил бошанд. Гувоҳии одамони ғайримутмаин пазируфта нест.

ж) Вақте одамони мавриди итминони тарафайн барои гувоҳӣ ва шоҳид шудан дар тартиб додани ин санади ҳуқуқӣ даъват шаванд, набояд аз қабули он худдорӣ варзанд. Ва вақте шоҳидҳо (барои ин кор) фаро хонда шаванд, набояд (аз он) худдорӣ намоянд.

з) Он муомилаи Д.-ӣ кам ё зиёд, дар ҳар сурат бо таъйини муддаташ бояд навишта шавад. (Ҳаргиз) аз навиштани он то поёни муҳлаташ, чи кам бошад, чизиёд, хаста (ва дилгир) нагардед! Зеро ин (навиштани) шумо дар назди Парвардигоратон ба адолат наздиктар, барои адои шаҳодат дурусттарин роҳ ва барои дуриатон аз ҳаргуна шубҳа аз ҳама беҳтар мебошад.

и) Вале агар он мол тиҷорати даст ба даст ва дар ҳолати гардиш дар мобайнатон бошад ва чизе аз онро дар миёни худ ба сурати нақдӣ муомила намудед, навиштани он дигар чандон зарурате надорад. Агар онро қайдҳам нанамоед ва ё барои он санаде ҳам тартиб надиҳед, бар шумо гуноҳе нест. Вақте боҳам додугирифти Дайнӣ намудед, ҳатман барои он шоҳид бигиред! Магар он ки он (мол) тиҷорат (-и нақдӣ), ҳузуран ва дар мобайнатон дар ҳоли гардиш бошад, пас нанавиштани он бар шумо гуноҳе надорад, ва(ле) вақте боҳам (чунин) додугирифт (-и нақдӣ) намудед, ҳатман, бар он шоҳидбигиред!

й) Набояд котиб ва ё шоҳиде зери фишор қарор гирад ва ё ба гунае ба онҳо зарар расонида шавад. Ҳеч котиб ва шоҳиде зарар расонида нашавад ва агар чунин кореро анҷом диҳед, он нофармонӣ ва гуноҳест (ки зиёни он) ба худи шумо (мерасад). Ва (баръакс) тарс (ва тақвои) Худоро дошта бошед ва Худо шуморо (ҳамин тавр) омӯзиш медиҳад ва Худо ба ҳама чиз доно аст.

Дар поёни маҷмӯаи аҳкоми Дайн Қуръон мӯъминонро ба тарс ва тақвои Худо тавсия ва онҳоро ба тааммул дар таълимот ва қонунгузории дақиқ ва бемонанди худ фаро мехонад. Ва (дар тамоми муомилоти худ) тарсу (тақвои) Худоро дошта бошед ва Худо ҳамин тавр, (асосҳои дуруст ва дақиқи амалиро дар муомилот) ба шумо таълим медиҳад. Ва Худо бар ҳарчизе доно аст.

  • А. Боқизода, Тафсири навини Қуръони карим. Лоҳур, 2011
  • .دائرة المعارف فارسی. ج 1. – تهران، 1387 ش
  • الموسوعة الفقهية الكويتية. الجزء الحادي والعشرون. – الكويت، 1992
  • لغتنامۀ دهخدا. – تهران، روایت چهارم
  • فرهنگ جامع فارسی آنندراج. ج. 3. – تهران، 1363 ش
  • دانشنامه جهان اسلام (18)/ - تهران، 2013
  • حسين بن محمد بن المفضل المعروف بالراغب الاصبهاني، مفردات الفاظ القرآن. – دمشق، 2004