Сураи Бақара

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сура —
Маънои ном Гов
Номҳои дигар «Алиф-лом-мим, золика-л-Китобу…»,
«Фустат ал Қуръон»
Гурӯҳбандӣ Маданӣ
Тартиби нозил 87
Омор
Рақами сура 2
Шумораи оятҳо 286
Ҷузъ 1–3
Ҳизб 1—5
Шумораи рукӯъ 40
Шумораи калима 6221
Шумораи ҳарф 25500
Ҳарфҳои муқаттаа Алиф Лом Мим
Сураи гузашта Сураи Фотиҳа
Сураи раванд Сураи Оли Имрон
Тарҷумаҳо QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru

                                   

Бақара (араб. البقرةГов) — дувум сураи Қуръон. Бақара аз ҷумлаи аввалин сураҳои маданӣ буда, дарозтарин сураи Қуръон – дорои 286 оят мебошад. Дар мусҳаф дувумин сураи Қуръон ва яке аз ҳафт сураи дароз (ассабъ-ут-тивол) аст. Мутобиқи ривоятҳо ва баъзе қаринаҳо, дар муддати даҳ соли пас аз ҳиҷрат ба муносибатҳои гуногуне ба Пайғамбар (с) нозил шудааст. Масалан, оятҳои 190-ум то 194-ум дар ҳукми қитол дар ҳарими Каъба, дар охирҳои соли шашуми ҳиҷрӣ, пас аз сулҳи Ҳудайбия, ояти 183-юм, ки ҳукми фаризаи рӯзаро баён месозад, дар ибтидо ва ё пеш аз моҳи Рамазони соли дувуми ҳиҷрӣ, ояти 281-ум соли даҳуми ҳиҷрӣ дар ҳаҷҷат-ул-вадоъ дар сарзамини Мино нозил шудааст. Ба манзури эҳёи хотираи муъҷизае, ки дар замони Мусо (ъ) ба вуқӯъ пайваставу дар оятҳои 67–71 зикр гардидааст, сура ба номи Бақара (гов) номгузорӣ шудааст (ҳамон гуна ки сураҳои дигари Қуръон ҳам ба номи муҳимтарин мавзӯи худ номгузорӣ шудаанд). Банӣ Исроил дар замони Мусо (ъ) барои ёфта­ни қотили номаълуме ба куштани гове амр мешаванд ва дар анҷоми ин амри илоҳӣ ба ҳар гуна баҳонаҷӯиҳо даст мезананд. Достони «Гов» дар Қуръон баёнгари намунае аз баҳонаҷӯиҳо ва бархӯрди манфии яҳудиён ба амрҳо ва силсилаи пайғамбарони илоҳист[1].

Мундариҷа[вироиш | вироиши манбаъ]

« Ва ба ёд оред он ҳангомро, ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Худо фармон медиҳад, ки говеро бикушед!» Гуфтанд: «Оё Моро маскара мекунӣ?» Гуфт: «Ба Худо паноҳ мебарам ки аз нодонон бошам». Гуфтанд: «Барои мо Парвардигоратро бихон то баён кунад, ки он чӣ гуна говест?» Гуфт: «Мегӯяд: «Говест на сахт пиру аз кор афтода, на ҷавону корнокарда, миёнасол». Акнун бикунед он чӣ шуморо мефармоянд! Гуфтанд: «Барои мо Парвардигоратро бихон то бигӯяд, ки ранги он чист?» Гуфт: «Мегӯяд: «Говест зарди сахт, ки рангаш бинандагонро шодмон месозад». Гуфтанд: «Барои мо Парвардигоратро бихон то бигӯяд он чӣ гуна говест? Ки он гов бар мо муштабеҳ шудааст ва агар Худо бихоҳад мо, ба он роҳ меёбам». Гуфт: «Мегӯянд: «Аз он говон нест, ки ром бошад ва заминро ҷуфт кунад ва киштаро об диҳад. Беайб асту якранг». Гуфтанд: «Акнун ҳақиқатро гуфтӣ». Пас онро куштанд, ҳарчанд ки наздик буд, ки аз он кор рӯй гардонанд.
»

Аҳком ва мавзӯъот[вироиш | вироиши манбаъ]

Бақара аҳкому мавзӯъҳои гуногунеро фаро гирифта, услуби он бештар ҷанбаи ташреъӣ – қонунгузориро дорад. Дар ибтидо, дар бист ояти аввали он, ба гунаи муқаддима, дар бораи парҳезгорон ва сифатҳои эшон, кофирон ва равшантарин аломатҳои онҳо, аз мунофиқон, воқеияти дарунӣ ва нишонаҳои нифоқи онҳо сухан ба миён омадааст. Мардум, умуман, дар муҳити Мадина дар муносибат бо даъвати Ислом ба се гурӯҳ тақсим мешуданд. Гурӯҳи аввал ҳамон муъминони содиқ ва пайравони парҳезгори ойини илоҳӣ ва Қуръони карим буданд. Бинобар ҷойгоҳи боазамат ва арзиши бандагие, ки дар пешгоҳи Худованд доштанд, Қуръон васфи онҳоро дар ибтидо ва дар оғози калонтарин сураи худ зикр кардааст. Васфи онҳо панҷ ояти аввали сураро дар бар мегирад. Пас аз онҳо сухан дар бораи кофирон меравад, ки ду ояти баъдӣ ба баёни ҳоли онҳо бахшида шудаанд. Дар сездаҳ ояти боқимон­даи ин қисмат воқеияти дарунӣ ва нишонаҳои нифоқи мунофиқон баён гардидаанд.

Пас аз ин, оятҳои Бақара, аз нигоҳи баъзе муфассирон, ба се маҷмӯаи бузург ҷудо гашта, ҳар маҷмӯа барои таҳқиқ ва таъкиди ҳадафи асосии он мавзӯъҳои меҳварӣ ва хурдтареро фаро гирифтааст. Баёноти сура бештар ба танзими масоили иҷтимоӣ ва назми зиндагонии мусулмонон дар давлати навбунёди исломӣ дар Мадина пардохта, аксари матолиби онро арзишҳои эътиқодӣ ва аҳкоми шариат дар бахшҳои гуногуни ақида, ибодатҳо, макорими ахлоқ, муомилот ва муносибатҳои хонаводагӣ ташкил медиҳанд. Муҳимтарин мавзӯъҳои Бақара мухтасар иборатанд аз:

Саргузашти пайғамбарон ва ақвоми пешин[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Бақара барои тасбити арзишҳои эътиқодӣ дар замири бан­­даи муъмин, тақвияти макорими ахлоқ дар ҳаёти иҷ­тимоии ӯ ва ба манзури доштани намунае аз ҳаёти иде­алӣ, ҳамин тавр, таҳлили дурусту амиқи қонуниятҳои равандҳои иҷтимоӣ, ба зикри паҳлӯҳои муҳимми саргузашти баъзе пайғамбарон ва бандагони солеҳи Худо ва мақтаъҳои барҷастаи таърихӣ дар ҳаёти баъзе қавмҳои гузашта пардохтааст. Пас аз зикри сифот ва хусусиятҳои се гурӯҳи мардуми муҳити онрӯзаи даъват дар Мадина – муъминон, кофирон ва мунофиқон – дар он мавзӯи оғози хилқат, саргузашти падари инсоният Одам (ъ) ва дигар рӯйдодҳои шигифтовари давраҳои гуногуни офариниши ӯ баён гардидаанд. Худованд дар канори зикри саргузашти Одам (ъ) лутфу карам ва навозишҳои хоссаи худро ба навъи инсон иброз доштааст.
  2. Баъдан ба мавзӯи аҳли Китоб, бахусус банӣ Исроил, ки дар муҳити Мадина даъвати ислом бо онҳо низ сару кор дошт, пардохта, мусулмононро аз нуҳуфтаҳои ботини онҳо огоҳ кардааст. Зикри сифатҳо ва муносибати ман­фии онҳо бо пай­ғамбарон ва динҳои осмонӣ тақр. нисфи мавзӯъҳои сураро дар бар гирифтааст.
  3. Дар он, ҳамчунин, саргузашти Мусо (ъ) ва қавмаш дар Миср, бархӯрди мағруронаи Фиръавн бо ӯ, ҳодисаи хуруҷи Банӣ Исроил аз он ҷо, ғарқ шудани Фиръавн ва лашкараш дар баҳри Сурх, сарсониҳои яҳудиён дар биёбони Тиҳ, рӯйдодҳои эъҷозовари он ҷо, достони Толут, ба хукҳо ва бӯзинагон мубаддал гардидани гурӯҳе аз яҳу­ди­ён ва ҳаводиси дигаре, ки паҳлуҳои пурлаҷоҷати ҳаёти эшонро бозгӯ менамоянд, батафсил зикр гардидаанд.
  4. Саргузашти пайғамбароне, ки пеш аз Мусо (ъ) гузаш­таанд, монанди Иброҳим (ъ), Исмоил (ъ) ва Яъқуб (ъ), фидокориҳо ва корномаҳои мондагори онҳо дар роҳи Худо ва низ достони пайғамбарони дигаре, ки пас аз ӯ омадаанд, монанди Довуд (ъ), Сулаймон (ъ), Узайр (ъ) ва Исо (ъ) қисмати дигаре аз оятҳо ва достонҳои ин сураро фаро гирифтаанд.
  5. Дар Бақара ҳодисаи таҳвили қибла пас аз гузашти шонз­даҳ ва ё ҳабдаҳ моҳ аз қудуми Пайғамбари акрам (с) ба Мадина ва сару садои яҳудиёну мушрикон дар ин бора низ батафсил баён гардидааст.
  6. Дар ояти 213-ум Қуръони карим аз ваҳдати ҷомеаи башарӣ дар ибтидои офариниши насли инсон ва ҳамин тавр, фиристода шудани силсилаи пайғомоварон пас аз афзоиш ва ташаккули он ба шакли ақвом, халқиятҳо ва нажодҳо ёдовар шуда, аз ин тариқ – исботи ягонагии асли инсоният ва ваҳдати асли рисолоти илоҳӣ – пайравони динҳо, тамаддунҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро дар умум ба сӯи ҳамгароӣ ва ваҳдат дар атрофи арзишҳои волои инсонӣ ва муштаракоти динӣ фаро мехонад.
كَانَ النَّاسُ أُمَّةً وَاحِدَةً فَبَعَثَ اللَّهُ النَّبِيِّينَ مُبَشِّرِينَ وَمُنْذِرِينَ وَأَنْزَلَ مَعَهُمُ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ لِيَحْكُمَ بَيْنَ النَّاسِ فِيمَا اخْتَلَفُوا فِيهِ وَمَا اخْتَلَفَ فِيهِ إِلَّا الَّذِينَ أُوتُوهُ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَتْهُمُ الْبَيِّنَاتُ بَغْيًا بَيْنَهُمْ فَهَدَى اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا لِمَا اخْتَلَفُوا فِيهِ مِنَ الْحَقِّ بِإِذْنِهِ وَاللَّهُ يَهْدِي مَنْ يَشَاءُ إِلَى صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ  ‎ 

Қонунгузории исломӣ ва барномаи ибодатҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Бақара бори дигар ба мавзӯи ибодатҳо, муомилот ва дигар низому тартиботи ҷамъиятӣ баргашта, ҳар кадоми он­ҳоро ба таври алоҳида баён ва таъкид намудааст. Он қо­нунҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои ибодатие, ки ба ин муносибат зикр гардидаанд, умуман, иборатанд аз:
а) барпо доштани намоз,
б) пардохтани закот ва масрафҳои он,
в) аҳ­ко­му аркони рӯза,
г) аҳкому маносики ҳаҷҷу умра,
д) ҷи­ҳоду мубориза дар роҳи истиқрори низоми ислом,
ж) қисос, васият, ҳифзи моли ятим ва дигар тартиботи ҷамъи­­ятӣ,
з) хостгорӣ, издивоҷ, талоқ, разоъ, идда, ҳайз, ҳукми никоҳи мушрикон ва дигар муносибатҳои хонаво­дагӣ.
  • Ҳамчунин, дар Бақара зиштӣ ва қабоҳати рибохорӣ баён гардида, табақаи рибохорон ба таври шадиде мавриди накӯҳиши Худованд қарор гирифта, бар зидди рибохорон муборизаи беамон эълон гардидааст. Ислом бо ин бархӯрди шадиде, ки алайҳи падидаи рибову рибохорӣ доштааст, тавонистааст, ки иқтисоди рушдёбандаеро барои мусулмонон муҳайё созад ва низоми молии худро аз ҳар гуна осебпазириҳои мақтаӣ ва суистифодаҳои туфайлӣ ва муфтхӯрона ҳифз намояд.
  • Дар Бақара ба хӯрданиҳои ҳаром, аз қабили худмурда, хун, гӯшти хук, ҳайвоне, ки барои ғайри Худо забҳ гашта бошад, арақ, қимор ва ғайра ишора ва заминаи тағзияи солим, аз ҷиҳати беҳдоштӣ (экологӣ) муносиб ва покизае барои мусулмонон ба вуҷуд оварда шудааст. Худованд дар ном­гӯйи хӯрданиҳои таҳримшуда чизҳоеро дохил намудааст, ки ба рушди солими ҷисмонӣ ва ҷавҳари ботинии инсон комилан зарар доранд. Дар ояти 157-уми сураи Аъроф ба ин воқеият ишора мефармояд: «Ва барои онҳо покиҳоро ҳалол ва барои онҳо палидиҳо(хабоис)-ро ҳаром мегардонад».
أُولَئِكَ عَلَيْهِمْ صَلَوَاتٌ مِنْ رَبِّهِمْ وَرَحْمَةٌ وَأُولَئِكَ هُمُ الْمُهْتَدُونَ  ‎ 
Дар Бақара ҳамчунин, ба дигар падидаҳои манфии ахлоқӣ ва рафторҳои хилофи арзишҳои инсонӣ, монанди китмони ҳақ, фасодкорӣ, қатъи пайвандҳои хешутаборӣ, ришвахорӣ ва ғайра ишора шуда, зиёнҳо ва фалсафаи таҳрими онҳо муфассал баён гардидааст.
  • Сипас Худованд дар дарозтарин ояти Қуръон – ояти 282-уми Бақара барои ба танзим даровардани муомилоти молӣ ва дигар додугирифтҳои муҳлатдор беҳтарин роҳнамоиҳои санадгузориро ба мусулмонон тавсия намудааст.
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا تَدَايَنْتُمْ بِدَيْنٍ إِلَى أَجَلٍ مُسَمًّى فَاكْتُبُوهُ وَلْيَكْتُبْ بَيْنَكُمْ كَاتِبٌ بِالْعَدْلِ وَلَا يَأْبَ كَاتِبٌ أَنْ يَكْتُبَ كَمَا عَلَّمَهُ اللَّهُ فَلْيَكْتُبْ وَلْيُمْلِلِ الَّذِي عَلَيْهِ الْحَقُّ وَلْيَتَّقِ اللَّهَ رَبَّهُ وَلَا يَبْخَسْ مِنْهُ شَيْئًا فَإِنْ كَانَ الَّذِي عَلَيْهِ الْحَقُّ سَفِيهًا أَوْ ضَعِيفًا أَوْ لَا يَسْتَطِيعُ أَنْ يُمِلَّ هُوَ فَلْيُمْلِلْ وَلِيُّهُ بِالْعَدْلِ وَاسْتَشْهِدُوا شَهِيدَيْنِ مِنْ رِجَالِكُمْ فَإِنْ لَمْ يَكُونَا رَجُلَيْنِ فَرَجُلٌ وَامْرَأَتَانِ مِمَّنْ تَرْضَوْنَ مِنَ الشُّهَدَاءِ أَنْ تَضِلَّ إِحْدَاهُمَا فَتُذَكِّرَ إِحْدَاهُمَا الْأُخْرَى وَلَا يَأْبَ الشُّهَدَاءُ إِذَا مَا دُعُوا وَلَا تَسْأَمُوا أَنْ تَكْتُبُوهُ صَغِيرًا أَوْ كَبِيرًا إِلَى أَجَلِهِ ذَلِكُمْ أَقْسَطُ عِنْدَ اللَّهِ وَأَقْوَمُ لِلشَّهَادَةِ وَأَدْنَى أَلَّا تَرْتَابُوا إِلَّا أَنْ تَكُونَ تِجَارَةً حَاضِرَةً تُدِيرُونَهَا بَيْنَكُمْ فَلَيْسَ عَلَيْكُمْ جُنَاحٌ أَلَّا تَكْتُبُوهَا وَأَشْهِدُوا إِذَا تَبَايَعْتُمْ وَلَا يُضَارَّ كَاتِبٌ وَلَا شَهِيدٌ وَإِنْ تَفْعَلُوا فَإِنَّهُ فُسُوقٌ بِكُمْ وَاتَّقُوا اللَّهَ وَيُعَلِّمُكُمُ اللَّهُ وَاللَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ  ‎ 
  • Дар қисмати дигари сура Худованд инсонро ба ёди он рӯзе меоварад, ки дар он ҳама ба подош ва натиҷаи аъмоли худ мерасанд.
  • Дар хотимаи сура Худованд, дар баробари масъулиятҳои сахт ва душманиҳои мухолифони даъват, роҳи пойдорӣ ва тариқаи муқовимат, ҳамчунин, тамоми орзуҳои нек ва саодату некбахтиро дар зимни дуои «Раббано ло туохизно ин насийно ав ахтаъно…» ба муъминон меомӯзад. Ба ин тартиб, Бақара бо зикри сифатҳои муъминон шурӯъ гардида, бо дуои онҳо, бо ҳамин матлаъ ва хитоми он бо ёди муъминон анҷом меёбад.

Арзишҳои эътиқодӣ ва ахлоқи исломӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Дар Бақара панҷ асл аз усул ва ё аркони шашгонаи имон – имон ба Худо, имон ба фариштагон, имон ба китобҳои осмонӣ, имон ба пайғамбарони барҳақ ва имон ба рӯзи охират бо шеваҳои гуногуне бозгӯ ва мавриди таъкид қарор гирифтаанд.
  2. Дар Бақара таъйид шудааст, ки имон ба Қуръони карим, ба ҳайси охирин ва комилтарин китоби Худо, барномаи комили ҳидояти ҷомеаи башарӣ ва тарҳи шомили саодати инсон – яке аз заруриёт ва бадеҳиёти динӣ ба шумор меравад.
  3. Имон ба ғайб ва тасдиқи ахбору гузоришҳо дар бораи ҳақоиқи ғайбӣ, монанди биҳишту дӯзах, ҳаёти барзах, ҳаводиси пас аз марг, рӯйдодҳои рӯзи қиёмат ва ғайра низ дар ин сура бозтоби равшане ёфтаанд.
  4. Дар Бақара мусулмонон ба сабру шикебоӣ дар сахтиҳо, вафо ба аҳду паймон, сахову карам ва инфоқ дар роҳи Худо, сухани нек, амали солеҳ, афву гузашт, ҳусни муошират бо ҳамсар, ҳифзи робитаҳои неки ичтимоӣ ва таҳ­кими пайвандҳои имонӣ ва дӯстию муҳаббат бо дигар қишрҳои ҷомеа даъват шудаанд.
  5. Бирри (ҳусни муошират ва некӯӣ бо) волидайн, некӣ ба хешовандон, ятимон, дармондагон ва умуман, ҳамаи мардум, насиҳати фарзандон ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ва риояи расму ойини динӣ ва диг. макорими ахлоқ мавриди ташвиқ ва таъкид қарор гирифтаанд.

Ишораҳои илмӣ ва ҳақоиқи кавнӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Қуръони карим дар чандин ояти сураи Бақара ба зикри ҳақоиқи илмӣ ва ишороти кавние пардохтааст, ки башарият пас аз пешрафтҳои азими илмӣ дар ин авохир ба кашфу исботи онҳо даст ёфта, дар он айём ҳанӯз ба ин шакл макшуф нагашта буданд. Аз ҷумла, дар ояти 17-уми Бақара фарқи нур аз зиё ба хубӣ баён гардидааст, ки то ин авохир тафовути онҳо барои донишмандони соҳаи физикаи оптикӣ маълум набуд.
مَثَلُهُمْ كَمَثَلِ الَّذِي اسْتَوْقَدَ نَارًا فَلَمَّا أَضَاءَتْ مَا حَوْلَهُ ذَهَبَ اللَّهُ بِنُورِهِمْ وَتَرَكَهُمْ فِي ظُلُمَاتٍ لَا يُبْصِرُونَ  ‎ 
  • Дар Бақара ва чанд сураи дигар калимаи самъ (шунавоӣ) аз басар (биноӣ) пеш оварда шудааст, ки ба аҳаммияти вазифаи узвии он (самъ) дар ҳаёти инсон далолат менамояд ва аз ҷиҳати илмӣ низ собит шудааст, ки дастгоҳи шунавоӣ дар ҷанин пеш аз дастгоҳи биноӣ ташаккулу  такомул меёбад ва ҷанин дар умри чаҳормоҳаи худ дар батни модар мешунавад.
  • Дар Бақара ба марҳалаҳои пайдарпайи офариниш ва омода сохтани кураи Замин барои ҳаёти инсон ишора шудааст. Ҳамчунин, зимнан, вале ба таври дақиқ, ба куравият ва гардиши замин дар гирди меҳвари худ ишора шудааст.
  • Дар Бақара аз бемориҳои равонӣ ва амрози қалбӣ, аз қабили тарс, изтироб, васваса, шак, андӯҳ ва ғайра сухан ба миён омадааст, ки аз ҷиҳати илмӣ то имрӯз маълум набуданд, вале омӯзишҳои таҷрибӣ дар равоншиносии муосир собит намуданд, ки ҳақоиқи илмӣ ҳастанд.
  • Дар Бақара ҳамчунин, ба офариниши осмонҳо ва замин, дигаргуншавии шабу рӯз, ҳаракати киштиҳо дар об, вазиши бодҳо, тасхири абрҳо дар миёнаи замину осмон ва диг. падидаҳои табиат ишора шудааст, ки ҷиҳати илмии онҳо дар замони нузули ваҳй ҳанӯз ба сурати имрӯзаи он маълум нагашта буд.
  • Дар Бақара аз «баъуза» – модинаи хомӯшак ва мавҷудоти хурдтар аз он сухан ба миён омадааст, ки вирусҳо, бактерияҳо ва диг. ҳайвоноти хурди микроскопиро низ дар бар мегирад. Дар сураи «Бақара» ба ҳақоиқи илмии дигаре низ ишора шудааст.

Фазоили сураи Бақара[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар фазилати ин сура омадааст, ки Пайғамбар (с) фармуд: «Қуръонро бихонед, ки он дар рӯзи қиёмат шафоаткунандаи аҳли худ бошад. Ду сураи дурахшон – «Бақара» ва «Оли Имрон»-ро бихонед, зеро рӯзи қиёмат ба сурати ду абрпора ва ё ду селаи парандагони болкушода ва сафбаста ба суроғи аҳли худ оянд ва аз онҳо ҳимоят намоянд. Сипас фармуд: «Сураи Бақараро бихонед, ки дар гирифтани он баракат ва дар тарки он ҳасрат асту ҳеч гоҳ соҳирон ба он роҳ наёбанд». Дар ҳадиси дигаре фармуда: «Сураи Бақара куф ва баландтарин қуллаи Қуръон мебошад. Ҳамроҳи ҳар ояти он ҳаштод фаришта фуруд омадааст ва «Ояталкурсӣ» аз хизонаи зери Арши Худованд берун оварда, ба ин сура васл карда шудааст...».

Аз Абӯҳурайра (раз.) ривоят аст, ки Расулуллоҳ ﷺ фармуд: «Хонаҳоятонро табдил ба қабристон накунед. Ҳамоно шайтон аз хонае, ки сураи Бақара хонда мешаванд, фирор мекунад».

— Саҳеҳи Муслим

Тафсир[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.289-291 // А. Боқизода.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Боқизода А. Тафсири навини Қуръони карим. Лоҳур, 2011;
  • سعید حوّی. تفسیر الاساس فی القران. ج.۱. القاهرة، ۱۹۸۹؛
  • مسند الامام احمد. القاهرة، ۱۹۹۵؛
  • الدکتور وهبه الزحیلی. تفسیر وسیط. دمشق، ۲۰۰۰؛
  • عبدالله بن عبدالرحمن دارمئ سمرقندی. سنن دارمی. القاهرة، ۲۰۰۰؛
  • المصباح المنيرفی تهذيب تفسير ابن کثير. الریاض، ۲۰۰۲؛
  • سننالترمذی، بيروت، ۲۰۰۴؛
  • نضرة النعیم فی مکاریم اخلاق الرسول الکریم. جدهّ، ۲۰۰۴؛
  • صحیح ابن حبّان. بیروت، ۲۰۰۴؛
  • صحیح مسلم، بیروت،۲۰۰۵؛
  • دائرة المعرگ اسلامی. تهران، ۲۰۰۶
  • صحیح البخاری. بیروت، ۲۰۰۷؛
  • مصطفی خرم دل. تفسیر نور. تهران، ۲۰۱۱   

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

Сураи қаблӣ: Ал Фотиҳа Сура 2Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Ал Имрон