Дарвеш Шайхии Қаландарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дарвеш Шайхии Қаландарӣ
форсӣ: درویش شیخی قلندری
Зодгоҳ Ҳирот
Таърихи даргузашт 1573(1573)
Пеша(ҳо) навозанда, сароянда

Дарвеш Шайхии Қаландарӣ (форсӣ: درویش شیخی قلندری‎; ? — 1573, Ҳирот) — мусиқидон, навозанда, хонанда, хаттот ва адиби форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодаи Ҳирот, мусиқӣ, шеър ва ҳунари хаттотиро аз падараш омӯхт. Барои такмили дониши муси-қиаш ба Бухоро, Самарқанд сафарҳои омӯзишӣ карда, аз устодони мусиқӣ Устод Хоҷа Ҷаъфари Қонунӣ, Устод Амир Алиакбари Қонунӣ, Устод Арабнавои Қобузӣ ва диг. асосҳои амалию назарии созу овозро меомӯзад. Д. Ш. дар бозгашт аз Самарқанд муддате дар Бухоро назди Наҷмуддин Гавҳарии Кавкабии Бухороӣ (ваф.1535) дарси мусиқӣ омӯхта, бо шогирди ӯ Хоҷа Ҳасани Нисорӣ низ ҳамкорӣ намудааст. Дар овозхонӣ бештар ба сабки иҷроии Устод Шодӣ эътимод дошт. Дар жанру шаклҳои созию овозии мусиқӣ («амал», «нақш», «кор», «пешрав», «савт» ва ғайра) тасниф карда, дар тазмини мақомҳои «Рост», «Ҳусайнӣ», «Ироқ» ва «Рост» асарҳои «Пешрави най», «Савти шаҳрошуб», «Амали доварӣ», «Кор ба Наво», «Нақши дилреш», «Қавли анҷ-ум» ва ғ. дар ҳавзаҳои ҳунарии Самарқанду Ҳирот, Бухоро мавриди иҷрои ромишгарон будаанд. Табъи шоирӣ дошта ва ғазалҳои орифонаро некӯ месурудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Шаблон:Д., 2009. — С. 58 — 59. — ISBN 978-99947-49-13-3