Даф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Даф - сози мусиқии зарбӣ. Даф бо шаклу андоза ва номҳои гуногун дар саросари олам маълуму машҳур буда, дар ҳама ҷо тавассути ангуштон ва кафи даст навохта мешавад. Даф асосан аз чанбар, пӯст, зангӯлаҳо, ҳалқаҳову шилшилаҳои филизӣ иборат аст.

Даф аслан панҷ навъ аст:

Чор навъи даф чанбараки мудаввар дошта, он аз чӯби тут, зардолу, чормағз ва баъзан аз чӯби яклухти ток сохта мешавад. Аслан чӯбҳои яклухти обутоб додашуда, вале баъзан 2 – 3 қабат тахтаҳои тунуки ба ҳам часпонидашуда барои таҳияи чанбари даф истифода мегарданд. Қутии доираи чанбарашон гуногун (аз 35 то 50 мм) мешавад. Ба рӯи чанбараи даф одатан пӯсти буз, той, гӯсола мекашанд, ки садои ҳар кадоми онҳо аз ҳам фарқ мекунад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Даф таърихи қадима дорад. Мувофиқи маълумоти бостоншиносон ва мутобиқи шаҳодати ҳафриёт дар қадимтарин нигористони нақшҳои рӯйи сангии Соймалитоши Фарғона, ки дорои 40 ҳазор нақшу нигор мебошад, саҳнаи рақсе тасвир ёфтааст, ки шахсе дар мобайн истода даф мезанад. Ин нигористон ба ҳазораи 2 то м. мансуб аст. Ҳамчунин дар деворнигораҳои Тӯпроққалъа дар Хоразм (садаҳои 3 – 4) ва арақаҳои қасри шаҳри Нисо (наздики Ашқобод) дафи дурӯяе акс ёфтааст, ки ба соати қадимаи регӣ шабоҳат дорад. Интишори буддизм дар аҳди Кушониён (садаҳои 1 – 3) ба сохтмони қасрҳои пуршукӯҳ асос гузоштааст. Дар арақаи аз ҳафриёти Айртом (Ҳайратон, ҳаволии шаҳри Тирмиз экспедитсияи Массон) бадастомада гурӯҳи навозандагоне тасвир ёфтаанд, ки дар байнашон яке даф ба даст дорад. Аз ҳафриёти Балаликтеппа (ҳаволии Тирмиз, садаҳои 6 – 7), Ҳисор, Панҷакенти Қадим (охири садаи 8) низ дар хусуси даф маълумот ба даст омадаанд. Вале минбаъд баробари пайдо шудани рисолаҳои мусиқии «Китобу-л-мусиқӣу-л-кабир»и Абунасри Форобӣ (ваф. 950) «Рисолаи шарафия»-и Абдулмӯъмини Урмавӣ, «Канзу-л-туҳаф»-и Муҳаммади Ҳусайнӣ, «Рисолаи мусиқӣ»-и А. Ҷомӣ, «Тӯҳфату-с-сурур»-и Дарвешалии Чангӣ ва ғ. аз хусуси ин сози мусиқӣ маълумот афзуд. Ба вуҷуд омадни услубу равияҳои гуногуни минётурнигорӣ ва ташаккули мактабҳои минётур қадимӣ будани ин навъи созро боридигар собит намуд. Дар қадимтарин минётури «Шоҳнома» (1353), дар чандин мусаввараҳо сози мусиқии даф акс ёфтааст. Ҳамчунин дар минётурҳои Мираки Хуросонӣ (охири садаи 14 аввали садаи 15) ва Ҷунайди Султонӣ (а. 15) ансамблҳои дафнавоз акс ёфтаанд. Дар давоми мавҷудияти хеш ин сози мусиқӣ такмилу тағйир ёфта, ҳамеша ҳамқадами ҳаёти мусиқӣ буд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]