Jump to content

Деҳоти Мирзо Турсунзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Деҳоти Мирзо Турсунзода
Парчам
Парчам
40°43′49″ с. ш. 70°09′25″ в. д.HGЯO
Кишвар  [[|]]
Вилоят Вилояти
Ноҳия Ноҳияи
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 19752 тан
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Деҳоти Мирзо Турсунзода дар харитаи
Деҳоти Мирзо Турсунзода
Деҳоти Мирзо Турсунзода

Ҷамоати Мирзо Турсунзода — ҷамоатест дар ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон, ки тобеи марказ мебошад.

Ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода (собиқ Қарамқул), ҷамоат дар ноҳияи Ҳисор. Аҳолиаш 19752 нафар. ҷамоат дар масофаи 5 км аз маркази ноҳияи Ҳисор дар деҳаи Меҳробод (собиқ Қарамқул) дар паҳлуи роҳи автомобилгарди Ҳисор-Чептура (ноҳияи Шаҳринав) воқеъ гардидааст. Ҷамоати аз шим. ғарб бо [[Ҷамоати Мирзо Ризо]], шим. шарқ бо Ҷамоати Навобод, аз шарқ бо шаҳри Ҳисор, аз ғарб бо ноҳияи Шаҳринав ва аз ҷануб бо Ҷамоати Ҳисор ҳамсарҳад аст. Масоҳати умумии ҷ.д. 87323 гектар аст. Ҷамоат соли 1932 ташкил ёфтааст. Дар ҳудуди ҷамоат 3 хоҷагии калони кишоварзӣ: ҶДММ-и «20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон-1», хоҷагии «Офтобрӯя», хоҷагии «Юсуф» ва 450 хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ фаъолият доранд. Дар ихтиёри хоҷагиҳои калон 326 га замини обӣ ва 1068 га лалмӣ мавҷуд аст. Дар ихтиёри хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ 898 га замин ҳаст, ки 179 га-ро боғзор ташкил мекунад. Заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ 404 га буда, 281 га обӣ аст. Дар ҳудуди ҷамоат — деҳаҳои Меҳробод (Қарамқул), Кишоварз (Умакай), Баракат (Авзикент), Даҳбед (Комсомол), Намуна (Янгиобод), Саховат (Аскари Сурх), Равшандилон (Октябр), Чаманзор (Правда), Садоқат (Сотсиализм), Ҳалқадашт (Умакайи Боло), Хайробод (Қайрағоч), Ҳакимӣ (Авзикенти Боло) ва Оҳангарон (МТС) мавҷуд буда, дар онҳо 3118 хоҷагӣ ба сар мебаранд. Дар ҷ.д. 3 мактаби миёна, 6 асосӣ, 3 ибтидоӣ, 3 маркази саломатӣ, 5 бунгоҳи тиббӣ, маркази фарҳангу фароғатӣ, китобхонаи марказӣ, 2 масҷиди ҷомеъ ва 7 масҷиди панҷвақта фаъолият доранд. Дар ҳудуди ҷ.д 25 дӯкону мағоза, 8 осиёби барқӣ, 1 корхонаи коркарди пахта мавҷуд аст.[1]

Деҳаҳои ҷамоат

[вироиш | вироиши манбаъ]
Деҳаҳои ҷамоат
Деҳа Аҳолӣ (с. 2022)
Меҳробод 1967
Кишоварз 1242
Баракат 3912
Даҳбед 4117
Намуна 1392
Саховат 2223
Равшандилон 3158
Чаманзор 2406
Садоқат 3156
Ҳалқадашт 485
Хайробод 431
Ҳакимӣ 407
Оҳангарон 369
  • Ф.Азиз, С.Одина.Ҳисори Шодмон: аз бостон то ин замон. — Душанбе,2013;
  • Ш.Неъматова,М.Асроров, Маҳфузгарони таърих. — Душанбе,2010;
  • С.Одина. Зилзилаи Ҳисор. — Душанбе, 2009.

Пайнавиштҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 557—558