Дилбар Амонова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Дилбар Амонова
Амонова Дилбар Субҳоновна
Амонова Дильбар Субхоновна.jpg
Дилбар Субҳоновна Амонова
Санаи таваллуд:

22 май 1957(1957-05-22) (62 сол)

Зодгоҳ:

Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

иқтисодиёт

Ҷойҳои кор:

Институти тадқиқоти илмии меҳнати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон,Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои иқтисод

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ

Ҷоизаҳо:

медалҳои “10-солагии ДСРТ”, "Корманди фахрии макотиби олии Федератсияи Русия" (2015), Аълочии маорифи Тоҷикистон.

Дилбар Амонова (Амонова Дилбар Субҳоновна; 22 майи 1957, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (2008), профессор (2010). Аълочии маорифи ҶТ.

Зиндагинома[вироиш]

Дилбар Амонова 22 майи соли 1957 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Шӯъбаи иқтисодии ташкили сохтумони факултети меъморию сохтмони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣро хатм кардааст (1979). Иқтисодчии трести «Душанбесохтумон» (1979—1980), ходими хурди илмии Институти тадқиқоти илмии меҳнати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон (1981—1984), аспиранти Институти иқтисодии АИ Тоҷикистон(1983—1988), ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ (1985—1991). Соли 1988 рисолаи номзадиро дифоъ кардааст. Ходими калони илмии Институти иқтисодиёт, лоиҳакашӣ ва тарҳрезии Госплани ҶТ (1991—1992), мудири шӯъба, котиби илмӣ, ҷонишини мудири корҳои умумӣ, сарвари Институти тадқиқотии илмии меҳнати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ (1992—2002). Ҳамзамон дар УДТ ба номи В. И. Ленин (ДМТ), ДСХТ, ДТТ, ДСТТ аз фанни иқтисодиёт дарс гуфтааст (1989—2001).[1] Аз соли 2000—2010 дотсент ва аз соли 2010 профессори кафедраи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мебошад.[2] Аз соли 2013 ҳамчун мудири кафедраи «Менеҷмент ва туризм» кор карда истодааст.[3]

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Амонова соли 2008 рисолаи доктори илми иқтисодиро дар Институти илми тадқиқотии меҳнат дар ш. Москва дифоъ намудааст. Дорои унвони илмии профессори кафедра аз соли 2010 мебошад. Муаллифи монография ва беш аз 80 мақолаҳои илмӣ-методӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ.

Осор[вироиш]

  • Формирование рыночных механизмов возмещения затрат на воспроизводство рабочей силы в мамлакатх СНГ. — М.,1999;
  • Республика Таджикистан: оплата труда. — М.,2005;
  • Рынок, государство и социальная справедливость. — М.,2005;
  • Социальная политика и социальная справедливость в РТ (экономические аспекты исследования). — Душанбе,2006.[4]
  • Занятость населения — основной элемент социальной политики//Труд и социальное развитие. ГУ «НИИ труда и социальной защиты населения РТ». — Душанбе, 2012, № 3 (14). — С.48-52,
  • Особенности развития социальной сферы и формирование человеческого капитала. В мат. науч.-практ. конф. на тему: «Стратегия социального развития как фактор формирования человеческого капитала». МФ РТ, ФЭИ Таджикистана, РТСУ. — Душанбе, ЦСИ при Президенте РТ, 25 октября 2012. — С. 85-94,
  • Особенности человеческого капитала и его влияние на развитие социальной сферы // Экономика Таджикистана. — Душанбе, 2014, № 1. — С. 48-86,
  • Особенности потребления населения Республики Таджикистан // Рынок труда (научный журнал). ГУ «НИИ труда, миграции и занятости населения РТ». — Душанбе, 2015, № 2 (25). — С. 10-15,
  • Уровень жизни и особенности потребления населения Республики Таджикистан// Актуальные проблемы развития экономики и образования. Материалы третьей межд. науч.- прак. конф. 19-20 июня 2015 года, Душанбе, Таджикский государственный университет коммерции. — Душанбе, Ирфон, 2015. — С. 496—500 ;
  • Реформирование социальной защиты в контексте трудовых отношений //Таджикистан и современный мир. — Душанбе, ЦСИ при Президенте РТ, 2015, № 6 (49),
  • Основные задачи управления трудом" в кн. «Теоретические основы и практика становления рынка труда в условиях переходной экономики (методологические и институциональные подходы): колл. моногр. ГУ „НИИ труда и социальной защиты населения“. — Душанбе, „ТоРус“, 2013. — С. 46-57,
  • Отражение потребностей в нормативах потребления» в кн. «Социально-трудовые проблемы равновесия на рынке труда в условиях трансформируемой экономики»: колл. моногр. ГУ «НИИ труда, миграции и занятости населения». — Душанбе, 2015. — 349 с. — С. 245—266[5]

Ҷоизаҳо[вироиш]

  • Аълочии маорифи Тоҷикистон,
  • медали «10-солагии ДСРТ» (2006),
  • медали «Корманди фахрии макотиби олии Федератсияи Русия» (2015),[6]
  • Ифтихорномаи соҳавии Тоҷикистон ва Россия.

Адабиёт доир ба Дилбар Амонова[вироиш]

  • «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М. С. Имомов. — Душанбе, 2011, — с. 28-29
  • Российско-Таджикский (Славянский) университет: вчера, сегодня, завтра. 1996—2016. — Душанбе, 2016.
  • Энсиклопедияи миллии Тоҷик. Ҷилди I. А — Асос. — Душанбе, Сарредаксияи илмии ЭМТ, 2011. — 608 саҳ. — с. 395
  • Энциклопедия ТТУ «Мы из ТТУ-ТПИ». — Душанбе, 2006, — с. 128

Нигаред низ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]