Jump to content

Дилбар Ярашева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дилбар Ярашева
Дилбар Маъмуровна Ярашева
Таърихи таваллуд 1 январ 1948(1948-01-01) (76 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар Парчами Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино
Ҷоизаҳо «Аълочии тандурустии ҶТ»

Дилбар Маъмуровна Ярашева (01.01.1948, шаҳри Сталинобод (ҳоло – Душанбе), эпидемияшинос. Доктори илмҳои тиб (1992). Узви фахрии АИ Ню-Йорк, узви комиссияи ҷум.-явии мушкилоти эксперт оид ба фанҳои назариявии Вазорати тандурустии ҶТ (аз соли 1997), узви ду Шӯрои махсус оид ба дифои рисолаҳои докторӣ дар ДДТТ (1997–2001), ҷонишини раиси Шӯрои дифои рисолаҳои докторӣ дар ДДТТ (2001–2002).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дилбар Маъмуровна Ярашева факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кардааст (1972). Пизишки дерматовенерологи диспансери (интернатураи) ҷум.-явии пӯст (1972–1973), пизишк-ординатори шуъбаи пӯсти Беморхонаи клиникии № 1 Душанбе (1973–76), корм. хурди илмии Ин.-ути тадк. илмии эпидемиология ва гигиенаи Ваз. нигаҳдории тандурустии ҶТ (1976–78), асп. Ин.-ути тадк. илмии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Н.Ф. Гамалеяи АФТ СССР (1979–82). Дар мавзӯи «Эпидемиология и лабораторная диагностика Pn carinii детей» (пневмоцистной пневмонии) дар Москва рисолаи номзади дифоъ кардааст (1982). Корманди илмии Ин.-ути гастроэнтрологияи АИ Тоҷикистон (1982–1984), корм. калони илмии Шуъбаи эпидемиологии сирояти рӯдаҳои Ин.-ути тадк. илмии эпидемиология ва гигиенаи Ваз. нигаҳдории тандурустӣ (1984–87), муд. Лабор. «Гепатити вирусӣ ва СПИД» (1987–97), докторантураи рӯзона дар Ин.-ути тадк. илмии вирусшиносии ба номи акад. Д.И. Иванови ФР (1989–92). Дар мавзӯи «Эпидемиологическая характеристика и специфическая диагностика гепатита Е» дар ФР рисолаи докторӣ дифоъ кардааст (1992). Мудири каф. эпидемиология, вирусология бо курси бемориҳои сироятӣ»-и ИТБКТТ // ДТБКТТ (1993–95), профессори каф. эпидемиология (1996–98), муд. каф. эпидемиологияи фак. пешгирии тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1998–2000), профессори каф. фанҳои психологӣ-педагогикаи ДСРТ (2002–2007). Иштир. бисёр семинару симпозиумҳо. Муаллифи 120 таълифоти илмӣ, аз ҷумла «Барномаи миллии пешгирӣ ва мубориза ба мукобили ВИЧ /СПИД/БППП дар ҶТ барои соли 1997–98», 5 мактуби иттилоотӣ, 4 тавсияномаи методӣ оид ба масъалаи гепатити вирусӣ ва СПИД барои муассисаҳои табобатию пешгирии беморӣ, 5 дастури таълимию методӣ, 2 мон. С. 2007 ба ФР кӯчидааст. Хидматҳояш бо чандин Грам. Фахрии Ҳук. ва соҳавӣ кадр карда шудааст.[1]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6