Диловари Мирзо
Талабзода Диловари Мирзо | |
Таърихи таваллуд: | 8 март 1956 (68 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Рашт |
Навъи фаъолият: | рӯзноманигор, нависанда |
Солҳои эҷод: | аз соли 1995 |
Ҷоизаҳои адабӣ: | Ордени «Шараф», Аълочии маорифи Тоҷикистон, «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», Нишони «Сухан» |
Диловари Мирзо — рӯзноманигор, нависанда , узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1995), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2002)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Диловари Мирзо (Талабзода Диловари Мирзо) 8 марти соли 1956 дар деҳаи Нимичи ноҳияи Рашт ба ҷаҳон омадааст. Соли 1977 факултаи педагогика, соли 1983 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Қандил Ҷӯраевро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиро ба ҳайси омӯзгор оғоз намуда, солҳои 1989-1992 хабарнигори рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» («Ҷумҳурият») будааст. Соли 1992 дар Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ ба фаъолият пардохта, солҳои 1995-1999 дар рӯзномаи ноҳиявии «Оинаи Рашт», солҳои 1999-2007 дар шуъбаи маорифи ноҳия кор кардааст. Аз январи 2008 то феврали 2012 мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, аз феврали 2012 мудири бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур будааст. Аз соли 2012 котиби масъули бахши Рашти [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Аз соли 1995 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз соли 2002 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳикояи аввалинаш «Гуноҳи падар» соли 1986 дар «Газетаи муаллимон» чоп шудааст. Офаридаҳои дигараш дар авроқи маҷмӯаҳои «Вопасин набард», «Зарринёле баъди падар», «Борон изҳоро мешӯяд…», «Мусаввараи нотамом», «Борон доғҳоро мешӯяд…», «Афсонаҳои қисмат», «Борон пайҳоро мешӯяд…», «Хунёгар», «Замоне Ҳойити ман шаҳр будӣ…», «Зилзила шуд дар Ҳойит», «Қисмат», «Нусратулло Махсум» ва ғ. ба табъ расидаанд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ордени «Шараф»;
- «Аълочии маорифи Тоҷикистон»;
- «Аълочии матбуоти Тоҷикистон»;
- Нишони «Сухан».[1]
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.128 ISBN 978-99947-2-379-9
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 8 март
- Зодагони соли 1956
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Рашт
- Рӯзноманигорон аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон
- Рӯзноманигорони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон