Jump to content

Домодталбон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маросими тӯйи никоҳ дар ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон

Домодталбон

Маросими домодро пазироӣ кардан аз тарафи падару модари арӯсро мегӯянд, ки ин маросим баъд аз 3-4 рӯз ё 2-3 ҳафтаи шаби никоҳ баргузор мегардад. Домод барои пос доштани анъанаҳои аҷдодӣ рӯи худро то ҷашни арӯсӣ аз хешовандони арӯс паноҳ мекунад. Аз ин сабаб бо мақсади шиносондани домод бо аҳли хонаводаи арӯс маросими домодталбон барпо карда мешавад. Ин маросим дар доираи хонавода гузаронида мешавад. Дар Вилояти Суғд, вилояти Хатлон, водии Ҳисор фаъол аст. [1]

  1. Ҷумъаев Р. Ҷашни арўсии тоҷикон Душанбе., 2014.
  2. Зеҳниева Ф. Сурудҳои маросими тӯйи тоҷикон. Душанбе., 1978;
  3. Неменова Р.Л. Таджики Варзоба. Душанбе., 1998;
  4. (рус.) Как на севере Таджикистана играют свадьбу. Объясняем пошагово: От поиска невесты до домодталбона
  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 89