Jump to content

Домулло Маъруфи Элокӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Домулло Маъруфҷони Элокӣ)
Домулло Маъруфҷони Элокӣ
Раҳимов Маъруф Зубайдуллоевич
Иттилооти инфиродӣ
Таърихи таваллуд: 1964(1964)
Зодгоҳ: Элок, Файзобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Падар: Эшони Зубайдуллоҳи Элокӣ[d]
Устодон: Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ ва Мавлавии Ҳиндустонӣ
Вироиши Викидода

Домулло Маъруфи Элокӣ (Раҳимов Маъруф Зубайдуллоевич; 1964, Элок, Файзобод Тоҷикистон) — рӯҳонӣ, олими дин ва воъизи шинохтаи тоҷик. Муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон (то соли 2010). Сархатиби масҷиди ҷомеи Сариосиёи шаҳри Душанбе (аз соли 2011).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Домулло Маъруф соли 1964 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод дар оилаи эшони Зубайдуллоҳ ба дунë омадааст. Дамулло Маъруф назди устодони барҷастаи ҷумҳурӣ Мавлавӣ Муҳаммадҷони Хуқандӣ, Домулло Ҳикматуллоҳ, Қорӣ Абдуссамиъи Исфарагӣ ва Домулло Сайраҳмон улуми мутадовили диниро аз сарфу наҳв, фиқҳу усули фиқҳ, балоғату фасоҳат, тафсиру ҳадис, мантиқу ҳикмат, тасаввуфу ирфон, арӯзу ҳисоб, адабиёти арабу форс ва ғайра фаро гирифта, пас он ба курсии тадрис такя зад ва солиёни мадид ба таълиму тарбияти шогирдон иштиғол варзида, садҳо нафар аз файзи эшон ба воя ва камоли илмӣ расидаанд.

Домулло Маъруф солҳо дар масоҷиди ҷумҳурӣ: масҷиди ҷомеъи ноҳияи Файзобод, масҷиди ҷомеъи марказии шаҳри Душанбе ба номи Хоҷӣ Яъқуб ва масҷиди ҷомеъи Сариосиёи пойтахт ба ҳайси имомхатиб ифои вазифа намудааст. Ҳамзамон дар Донишкадаи исломии ба номи Имом Тирмизӣ ба ҳайси мударриси улуми шаръӣ ба толибон дарс гуфтааст. Солҳои 2004—2010 ба ҳайси муовини аввали раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Ӯ ҳамеша аз ғояҳои эътиқодии равияи аҳли суннат ва мазҳаби Имоми Аъзам дифоъ менамояд.

Таснифоти домулло иборат аст аз: Муқаддима, такмили матни тоҷикӣ, шарҳу тавзеҳот ва тахриҷи аҳодиси «Ҳидояи шариф»-и Марғинонӣ (дар ду ҷилд), «ал-Муътамаду фи-л-муътақад»-и аллома Фазлуллоҳи Турпуштӣ, «Мақомоти Ҳазрати Бузургвор», «Зиндагӣ ва осори Ҳазрати Бузургвор», «Чароғи уммат» (маноқиби Имоми Аъзам), Рисолаҳои раддия бар фирқаҳои бидъатӣ:Симои воқеъии Салафия; Даъвии иҷтҳод дар хутути фикрии Ҳизбу-т-таҳрир; Кашфи ҳиҷоб дар мафхуми «Рад ба сӯи Суннату Китоб», «Тасрифу-л-амсила», машҳур ба Сарфи Мулло.

Ҳамчунин силсиламақолоти ӯ дар матбуоти даврӣ дар мавзӯъоти гуногуни динӣ ва адабӣ ба табъ расида, қалами ӯ дар паҳнои адабиёт ва фарҳанги динӣ мавзӯъоти гуногунро баррасӣ намудааст. М

Домулло Маъруф бо тахаллуси Мавло шеър шеър эҷод мекунад. Мавзӯъи ашъори ӯро ишқи илоҳӣ, маорифи тариқат, зебоиҳои ботин ва зиндагии рӯзмарраи инсонҳо ташкил медиҳад. Дафтари ашъори домулло Маъруф бо номҳои «Дафтари дил», «Маҳрами асрор», «Муҳокоти замир», «Ҷони огоҳ», «Таронаҳои озодӣ», «Тори вуҷуд», «Наъту дубайтщо» ва маснавии «Ҳафт сабақ аз таълими мардони Ҳақ» нашр шудаанд.

  • «Ал-Муътамаду фи-л-муътақад»-и аллома Фазлуллоҳи Турпуштӣ дар таҳия ва таҳқиқи Домулло Маъруфҷони Элокӣ[1]. — ҶДММ «Бебок». Душанбе, 2015
  • Суханварони водии Ҳисор. — Душанбе: «ЭР-граф», 2021. — С. 109. — 400 с. — ISBN 978-99985-59-15-8