Jump to content

Доналд Артур Глазер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Доналд Артур Глазер
англ. Donald Arthur Glaser
Таърихи таваллуд 21 сентябр 1926(1926-09-21)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 28 феврал 2013(2013-02-28)[1][2][3][…] (86 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ физик
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Карл Дейвид Андерсон
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

До́налд А́ртур Гла́зер (Глейзер; англ. Donald Arthur Glaser; 21 сентябри 1926, Кливленд — 28 феврали 2013, Калифорния) — физикдон ва микробиологи амрикоӣ, узви АИ миллии Амрико (1962). Барандаи Ҷоизаи нобелӣ (1960).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди хатми Институти технологии Кейс (1946) дар донишгоҳҳои Мичиган (солҳои 1957-59 профессор) ва Калифорния (аз 1960 профессор) кор кардааст. Дар соҳаҳои физикаи зарраҳои бунёдӣ, нурҳои кайҳонӣ, биологияи молекулавӣ таҳқиқот анҷом додааст. Барои мушоҳидаи зарраҳои бунёдии барқаноки баландэнергия нахустин камераи ҳубобӣ (1952), сипас камераи ҳубобӣ бо ҳидрогени моеъ (1953) ва ксенонро (1956) сохтааст. Аз соли 1961 асарҳои илмиаш ба татбиқи дастовардҳои илми физика дар соҳаи биологияи молекулавӣ бахшида шудаанд, аз ҷумла Доналд Артур Глазер низоми муоина ва муқоисаи автоматии бактерияҳоро пешниҳод намудааст.

  1. 1.0 1.1 Sparks K. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  2. 2.0 2.1 Музей Соломона Гуггенхайма — 1937.
  3. 3.0 3.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)